четверг, 5 октября 2023 г.

Рустам Ваҳҳобзода: “Забони мо забони давлатдорӣ, сиёсат, илм ва фарҳангу таърих аст”


 Рустам Ваҳҳобзода: “Забони мо забони давлатдорӣ, сиёсат, илм ва фарҳангу таърих аст”

Гиромидошти забони тоҷикӣ, рушду такомул ва ҳифзи тозагии он аз муҳимтарин вазифа ва масъулияти миллию иҷтимоии ҳар як соҳибзабон, хосса аҳли қалам маҳсуб мешавад. Дар арафаи Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбате оростем бо Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода атрофи бурду бохти забони тоҷикӣ дар давраҳои мухталифи таърихӣ, нақши он дар осори хаттӣ ва шифоҳии халқиятҳои дигар ва масоили дигари забоншиносии имрӯз, ки пешкаши хонанда мегардад. 

- Сарвари давлат зиёиёни кишварро нуру рӯшноии ҷомеа ҳисобида, таъкид менамоянд, ки онҳо бояд аҳли ҷомеаро ба сӯйи созандагӣ ва бунёдкорӣ ҳидоят созанд, дар фикри пешрафту такомули илму фарҳанг, рушди забон ва ҳифзи тозагии он ва гузашта аз ин, дар андешаи таҳкими суботу оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва дифоъ аз манфиатҳои миллат ва давлат бошанд... 

- Рисолати ҳифз ва рушди забон дар ҳар кишваре пеш аз ҳама бар дӯши зиёиён, аҳли қаламу савод ва донишу фарҳанг аст. Забони ҳар миллати мутамаддин ва аз ҷумла забони мо ду решаи аслӣ дорад: забони зиндаи мардум ва адабиёти гуфторӣ ва забони аҳли илму адаб, ки бо баҳра гирифтан аз забони зинда онро дар осори навиштаи худ суфтаву меъёр мекунанд ва ба ин восита ба навбати худ дар ҳифзу рушди забон саҳм мегузоранд. Кори умуми мардум дар забон ба сурати табиӣ ва ҳатто то ҷое нохудогоҳ анҷом мешавад, вале кори аҳли қалам иборат аз фарҳангиён, аҳли илму адаб ва дар маҷмуъ аҳли савод озмуда, барномавӣ ва ҳидоятпазир мебошад. Аз ин ҷост, ки Сарвари давлат огоҳона ба қишри зиёӣ ин рисолати миллӣ ва иҷтимоии онҳоро пайваста гӯшзад менамояд ва онҳоро ба анҷоми ин рисолати пурифтихор савқ медиҳад. Ба ёд оред хитоби равонбахши Ҳаким Фирдавсиро:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.

Яъне Фирдавсӣ Аҷами солҳо ба сукути гарон гароидаро ба воситаи таҷассуми зинда ва ҳунарии забони модарӣ зинда кард. Зеро сукут ва хомӯшӣ нишонаи марг ва нестист. Ҳамон тавр, ки Пайрав Сулаймонӣ хитоб карда:

Безабонӣ нишонаи марг аст,

Қаламам нест, балки ҷони ман аст.

Устод Садриддин Айнӣ ба муносибати интишори нахустин шумораи “Овози тоҷик”  шеъре интишор дод, ки дар байте аз он омадааст:

Пас аз чанде ба хомӯшӣ ғунудан,

Баромад оқибат овози тоҷик.

Манзур аз ин “овоз” ҳамон забони расои тоҷиконаи айниёна ва рӯдакиёнаву фирдавсиёна аст, ки агар ҳамаи корҳои миллатпарваронаи устод Айниро бихоҳем дар як нукта хулоса бикунем, ҳамин кори бузурги эҳёгарии ӯ дар пайкари забон аст. Ба ин восита устод Айнӣ нишон дод, ки забони ҳазоронсола зиндаи тоҷик дар асри навин ва дар сатҳи фарҳанги муосир ба тамому камол қобили забони адабиёт, забони илму фан, забони фарҳанг, забони қонун, забони сиёсат будан аст. Ҳатто дар сурате, ки бихоҳем он дар сатҳи фаҳми тамоми соҳибзабонон роиҷ бошад. Эъҷози аслии устод Айнӣ дар ҳамин хулоса мешавад.

- Забони тоҷикӣ дар муборизаҳои шадид бо забонҳои ғосиб ҳамеша ғолиб омадааст. Ба андешаи шумо сабабҳои асосии шикасти он забонҳо дар чӣ буд?

- Пуштвона ва собиқаи пурмоя ва пурдурахши забони мо. Сармояҳои маънавии забони мо он қадр бузург буд, ки зоҳиран ғосибон ҳам дар ин амр огоҳӣ ва иқрор доштанд. Дар шумори ғосибон аз юнониҳо ва муғулон шояд шоҳиду амсоле надорем, ки онҳо хоста бошанд, забони худро бар мардумони мо ҷорӣ созанд. Агар чунин коре шуда бошад ҳам дар марҳалае нисбатан кӯтоҳ ва ҳудуди маҳдуде будааст. Аммо то ҷое эҳтимоли табдили забон ба забони арабӣ баъди нашри фарҳанги исломӣ ба миён омада буд, ки бо муҷоҳидат ва дирояти аҳли қалам ин марҳала ҳам ба пирӯзии забони тоҷикӣ ва эҳёи дигарбораи пурравнақи он анҷомид. Ин ҳам ба баракати пешинаи бузурги таърихии ин қавм ва ин забон муяссар гардид. Дар “Баҳористон”-и Ҷомӣ дар зимни ҳикояте дар ин мавзуъ аз ҷумла омадааст:

“Дар таворих чунон мастур аст, ки панҷ ҳазор сол салтанати олам тааллуқ ба габрону муғон дошт ва давлат дар хонадони эшон буд, зеро бо раоё адл мекарданд ва зулм раво намедоштанд. Дар хабар аст, ки Худой таъоло ба Довуд алайҳиссалом ваҳй кард, ки қавми хешро бигӯй, ки подшоҳони Аҷамро бад нагӯянду дашном надиҳанд, ки эшон ҷаҳонро ба адл ободон карданд, то бандагони ман дар вай зиндагӣ кунанд”. Адл чист? Ҳосили сиёсати комил ва муваффақ, ки бе қонунмеҳварӣ ва фарҳангсолорӣ муяссар намегардад ва ин чизҳо ҳам бидуни рушди фарҳанг бар пояи забони тавоно муяссар намегардад. Аз ин ҷост, ки қариб то охири даврони хилофати Аббосиён забони коргузорӣ ва хусусан девони ҳисоби хилофат ба забони форсӣ ва девондорон тақрибан ҳамагӣ аз намояндагони Оли Бармак-тоҷикон буданд. 

Гузашта аз ин донишмандони тоҷик дар ҳамаи бахшҳои илму фарҳанги хилофат чандон мавқеъ пайдо карданд, ки ба ҷуз нахустин тарҷумаи фасеҳи Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳатто сарфу наҳви (гарамматикаи) забони арабиро таълиф намуданд. Забони тоҷикӣ-форсӣ дар қаламрави ислом баъди забони арабӣ дувумин забони илму адабу муоширати байни ақвоми мусулмон гардид, ки ин мавқеи худро то садаи 20 идома дод ва имрӯз ҳам ин имконро дорад, ки дубора ин ҷойгоҳро соҳиб гардад.

- Забони мо дар тӯли садсолаҳо аз баҳри Миёназамин то Ҳинду Чин ҳамчун забони муоширати байни халқҳои гуногун хизмат намуда, дар осори хаттии онҳо ҳам нақши зиёде гузоштааст. Ин ҳақиқати таърихиро бо кадом далелҳо метавон собит намуд?

- На танҳо забони муошират, балки забони илму фарҳангу таърих низ. Бисёре аз ин халқҳо ҳадди ақал барои омӯхтани таърихи гузаштаи худ ниёз ба забони тоҷикиро омухтан ё омӯзондани мутахассисони худ доранд. Манбаъҳои илмию адабию таърихӣ ва ҳатто асноди коргузорӣ ё мукотиботи расмии ҳамаи ин халқҳо на камтар аз забони арабӣ, ба забони форсӣ-тоҷикӣ мебошанд. Шумо огоҳед, ки решаҳои муштараки фарҳангии мо бо Ҳинд ба даврони қаблазисломӣ мерасад ва то даврони Фаридун фарҳанги таърихии муштарак дорем. Аммо баъди футуҳоти Ғазнавиён ва хусусан Темуриён, ки забони расмии давлатдорӣ ва илму фарҳангу адаби онҳо тоҷикӣ буд ва дар ин мақом то даҳаҳои аввали қарни 20 боқӣ монд, як мавҷи дигари неруманди забони форсӣ-тоҷикӣ дар ин паҳна густарда шуд, ки осори беҳадду шуморе аз он то кунун боқӣ мондааст. Ҳатто аз пайванди забони форсӣ ва забонҳои бумии Ҳинд забони тозае ба номи забони урду (забони расмии Покистони кунунӣ) ба миён омад, ки ҳар тоҷикидоне бо диққати бештар матнҳои ба ин забон навиштаро мефаҳмад. Ҳоло ба порае аз оғози матни суруди миллии Покистон таваҷҷуҳ кунед:

Пок сарзамин шод бод,

Кишвари ҳасин шод бод.

Ту нишони азми олишон

Арзи Покистон!

Маркази яқин шод бод.

Ҳавзаи адабии форсизабон дар Ҳинду Покистон то нимаи аввали қарни 20 зиндаву фаъолу пурравнақ будааст. Аз пешинаи он, ки шоирони бузурге чун Амир Хусрави Деҳлавӣ ва Бедили Деҳлавиро додааст, ҳоҷати сухан нест. Бузургтарин шоири порсизабони нимаи аввали қарни 20 Иқболи Лоҳурӣ аст. Иқбол, ки забони модариаш урду буд ва урду ҳам фарзанди забони порсӣ-тоҷикӣ буд, мегӯяд:

Ҳиндиям аз форсӣ бегонаам,

Ҳамчу моҳи нав тунукпаймонаам.

Завқи андози баён аз ман маҷӯ,

Хонсору Исфаҳон аз ман маҷӯ.

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,

Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст...

Форсӣ аз рифъати андешаам

Дархурад бо фитрати андешаам...

Тавозуъ ва эҳтиром дар баробари забони форсӣ-тоҷикиро бубинед, ки бо ин фасоҳат ва матонати каломи форсӣ-дарӣ-тоҷикӣ Иқбол худро ҳанӯз донандаи комили ин забон намешуморад. Аммо нуктаи муҳиммеро, ки иброз медорад, ин аст, ки форсиро зарфи муносиб барои андешаи баланд (рифъати андеша) медонад. Яъне ин забонест, ки беҳтар аз забонҳои дигар дар он андешаҳои олиро метавон баён кард.

Имрӯз ҳам бо як баррасии иҷмолӣ метавонем ошкор чеҳраи равшани ин ҳақиқатро бубинем, ки бисёре аз вожаҳо дар забонҳои мардуми Осиёи Миёна ва ҳатто Қафқозу фаротар аз он асолатан тоҷикӣ мебошанд ва ин аксар вожаҳое ҳастанд, ки марбут ба илму фарҳангу адабиёту маънавияту ҳунару иқтисодиёт ва эътиқодот мебошанд. Ҳатто ҳолати аҷибе мушоҳида мешавад, ки баъзе аз вожаҳои тоҷикӣ дар забони мо ҷойи худро ба вожаҳои хориҷӣ, аз ҷумла арабию русӣ, додаанд, аммо дар забони ҳамсоягонамон тоҷикӣ боқӣ мондаанд. Аз ҷумла бародарони қирғизи мо ба ҷойи “муштарӣ” ё “мизоҷ”, ки дар забони имрӯзи мо роиҷ гардидааст, “кордор”, ба ҷойи “амбулатория” “бетобхона”, ба ҷойи “қарабойӣ” “обдаста” ва... мегӯянд. Ҳатто рутбаи баланди илмию иҷтимоӣ бо нишони сарисинагии “Даанишман”, яъне “донишманд” доранд. Чунин калимаҳо дар забонҳои ӯзбекию қазоқию туркманӣ низ фаровон аст. Пажӯҳиш дар ин забонҳо барои пайдо ва роиҷ кардани вожаҳои фаромӯшшудаи тоҷикӣ як кори муҳим ва судманд мебошад.

- Аз саҳифаҳои таърих медонем, ки дар аҳди Сомониён Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ тарҷума гардида, мардум ибодатро бо забони модарӣ анҷом медод. Ин нишони эҳтироми бепоёни мардум ба забони модарӣ ва кӯшишҳои халқи тоҷик барои ҳифзи забон ва суннатҳои ниёгон буд…

- Бале. Сомониён барои ҳифзи забону фарҳанги миллии худ ҳама тадбири муяссарро ба кор бурданд. Яке аз муҳимтарин тадбирҳо ба забони модарии худ тарҷума кардани тамоми кутуб ва аҳкоми ислом, хусусан Қуръони маҷид ва дар айни ҳол ба ин восита собит сохтани ин амр буд, ки забони модарии мо зарфияти комили гунҷоиш, баён ва омӯзиши илму маорифи исломиро доро мебошад. Чун забонҳое, ки дар паҳнаи дунёи ислом ин зарфиятро надоштанд, ҷойи худро ба забони арабӣ доданд. Ҳамзамон фатвои фарзанди дигари фарзонаи ин миллат Имом Абуҳанифа дар хусуси он ки ба забонҳои дигар тарҷума кардани Қуръон ва аҳкоми исломӣ ҷоиз аст, дар ин ҷода роҳнамои муносибе буд. Майлу исрори худи  аҳли ин забон ҳам дар нахустин марҳалаи густариши ислом ҷиҳати ба забони модарии худ адо кардани фароизи исломӣ муассир буд. Аз 160 забони дунё, ки Қуръон тарҷума шудааст, ба забони тоҷикӣ нахустин, аввалин, гуногуннавътарин ва муфассалтарин тарҷумаҳо анҷом шудааст. Тибқи ахбор нахустин тарҷумаҳо ба забони тоҷикӣ-форсӣ ба таври ҷузъӣ ҳанӯз дар замони ҳаёти Паёмбари ислом анҷом шудааст. Муфассалтарин ва машҳуртарин ва машруҳтарин тарҷума ба тоҷикӣ-форсӣ тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” аз тарафи як гурӯҳ донишмандони Мовароуннаҳр ва сипас тарҷумаи “Тафсири Насафӣ” аст. Имом Насафии Ҳанафии бухороӣ аз ҳамзамонони Имом Ғаззолӣ мебошад ва ин тарҷумаро бо насри мусаҷҷаъ ва мавзун анҷом додааст, ки аз лиҳози фасоҳат беназир мебошад.

То кунун беш аз ҳазор тарҷумаи Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ-форсӣ анҷом шудааст, ки аз ҷумла тозатарини тарҷумаҳо дар Тоҷикистон дар замони истиқлол аз тарафи донишманди тоҷик Муҳаммадҷон Умаров бо дастури Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.

Тарҷумаҳои пуршумори Қуръон ва кутуби дигари исломӣ, чӣ таълифӣ ва чи тарҷума ба забони форсӣ-тоҷикӣ, ҷойгоҳи ин забонро дар радифи забони асливу асосии ҷаҳони ислом устувор сохтааст. Албатта, ин кор ҳам ба он далел муяссар гардида, ки сатҳу зарфияти маънавии ин забон аз ибтидои амр барои ин кор муносиб буд. Муҳимтарин ва калидитарин мафҳумҳои динӣ ба забони тоҷикӣ вуҷуд дошт ва ба ҳамин сурати тоҷикӣ на танҳо дар миёни тоҷикон ва дигар форсизабонон, балки халқҳои дигари мусулмон роиҷ гардид. Аз ҷумла халқҳои туркизабони ҳамсояи мо ин мафҳумҳои калидии маорифи исломиро на ба забони арабӣ, балки ба забони тоҷикӣ ба кор мебаранд. Аз ҷумла: Худо, Худованд, Парвардигор, Офаридгор, Пайғамбар, фаришта, намоз (бо вақтҳояш: бомдод, пешин, шом, хуфтан), ҷонамоз, биҳишт, дӯзах, пешнамоз...). 

Бо ин сармояи маънавӣ ва собиқаи дурахшон забони тоҷикӣ ҳанӯз ин имконро дорад, ки ҷойи асосии худро дар ҷаҳони ислом ҳифз намояд.

- Майдони набарди забонҳо майдони сиёсӣ аст. Дар ин набард, маъмулан забони гурӯҳҳо, табақаҳои ҷамъиятӣ, синфҳо ва ҳизбҳое, ки аз ҳокимияти сиёсӣ бархӯрдоранд, пирӯз мегарданд. Бисёр иттифоқ афтодааст, ки дар ҳолати адами қудрати сиёсӣ ҳатто забонҳои дорои собиқаи бузурги фарҳангӣ, захираи бойи луғавӣ, сохти пурқуввати грамматикию фонетикӣ аз байн рафтанд. Забони мо дар ин набардҳои беохири забонӣ чӣ бурду чӣ бохтҳо дорад?

- Барои посух ба ин суол муносибтар аст ҳамин давраи навтар, замони шуравиро дар муқоиса бо забонҳои халқҳои дигари Иттиҳоди Шуравӣ дар назар бигирем. Бо итминон метавон гуфт, ки забони тоҷикӣ дар ин давра дар доираи имкон беҳтар аз забони халқҳои дигар ҳифз шуд. Меҳру дилбастагии хосс ва ифтихоре, ки мардуми тоҷик нисбат ба забони худ дошт, боис шуд, ки адабиёт ва маорифи миллии мо ба забони модариамон бештар ҳифз шавад. Русзабон шудани мардум, хусусан аҳли саводу қалам дар миёни тоҷикон нисбат ба халқҳои дигар хеле камтар сурат гирифт. 

Дар ҳамин замон буд, ки бо талоши аҳли қалами мо осори арзишманди адабии мансуру манзум ба забони фасеҳи тоҷикӣ иншо шуд, муҳимтарин осори адабии классикии тоҷикӣ, ашъори Рӯдакӣ, Шоҳномаи Фирдавсӣ (дар 10 ҷилди комил), осори Носири Хусрав, Хайём, Низомӣ, Саноӣ, Аттор, Анварӣ, Ҳофиз, Саъдӣ, Камол, Ҷомӣ, Сайидо, Соиб, Бедил (куллиёт), Мушфиқӣ, Ҳилолӣ, Биноӣ, Шоҳин, Аҳмади Дониш ва даҳҳо тан адибони номвари дигар, муҳимтарин намунаҳои насри ривоӣ ба чоп расид, қисман  ба русӣ тарҷума ва чоп шуд; чандин фарҳанги луғот, бавижа “Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ”, ки дар навъи худ камназир аст, чандин тарихномаҳо, бавижа “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров мунташир шуд. Ҳоло мо эҳсос мекунем, ки дар ҳамон замон ба забони тоҷикӣ гузаронидани дарсҳои илмҳои табиӣ ва дақиқ, мисли физикаву, химияву риёзӣ ва ғ. ҳам дар мактабҳои миёна ва ҳам дар донишгоҳҳои Тоҷикистон чи ҳиммати бузурге буд. Дар ҳоле, ки имрӯз баъзеҳо фикр мекунанд, таълиму омӯзиши ин илмҳо  ва ё таълифи рисола дар ин мавзуъҳо ба забони тоҷикӣ имконпазир нест.

Гузашта аз ин дар ин давра адабиёти қадиму ҷадиди мо ба забони русӣ ва забонҳои халқҳои дигари шуравӣ ва ҷаҳон тарҷума мешуд ва хусусан шуҳрати адибони классики мо дар ҳудуди шуравӣ бисёр боло буд. Дар айни замон беҳтарин осори адабиёти шуравӣ ва ҷаҳон ба забони фасеҳи тоҷикӣ тарҷума ва нашр мешуд. Дар ин кор аз ҷумла устодоне чун Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим, Ҳабиб Аҳрорӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон саҳм доштанд, ки забони тарҷумаи онҳо ҳам бисёр равону фасеҳ буд. Аз назари баъзе муҳаққиқон тарҷумаҳои устод Улуғзода (хусусан романи “Дон Кихот”) ва тарҷумаҳои шеърии Лоиқ Шералӣ ва Бозор Собир (хусусан аз ашъори Сергей Есенин) аз матни русии онҳо бадеияти камтар надоштанд. 

Хулоса, бо вуҷуди нуфузи ҳамагири забони русӣ, забони тоҷикӣ ҳам дар ин даврон сокиту аз ривоҷ бозмонда набуд, балки пешопеш он барои адои рисолати бузурги худ, ки дар даврони истиқлоли сиёсӣ пеш омад, то ҷое омода гардида буд.

- Мусаллам аст, ки забон, фарҳанг ва тамаддуни миллӣ бидуни собиқа ва таҷрибаи давлатдорӣ, яъне пуштибонии сиёсӣ, имкони такомул надоранд. Имрӯз забон, фарҳанг ва тамаддуни мо то кадом андоза аз чунин пуштибонӣ бархӯрдор аст?

- Тавре ки ҳамагӣ шоҳиди ҳол ҳастем, забони модарии мо – забони тоҷикӣ, забони давлатӣ, аз ҳама имтиёзоти қонуние, ки барои рушду пешрафти забони расмӣ зарурӣ мебошад, бархурдор аст. Мақоми забони тоҷикӣ имрӯз ба таври бесобиқа баланд ва устувор мебошад. Ба таври амалӣ ин забон яке аз нахустунсурҳои истиқлол ва ҳувияти миллии мо шинохта шудааст. Барои рушду густариши забони модарӣ ва давлатии мо ҳеҷ монеъе, онгуна ки дар гузаштаҳо гоҳ камтару гоҳ бештар ба миён меомад, вуҷуд надорад. 

Беш аз ин дар ҳоле, ки забони мо аз ҳимояти амалӣ ва мустақими олитарин мақомоти давлатӣ бархурдор мебошад, мо барои ҳифзу рушди ин забон на танҳо дар баробари давлату миллати худ, балки дар баробари он ҳамзабононамон, ки дар шароите ғайри ин басар мебаранд ва ҳар лаҳза бар забони модарии онҳо аз ҳар тариқе фишор оварда мешавад, масъулият дорем. Ҳифзу густариши илму фарҳангу адабиёт ба ин забони қудсӣ амонатест, ки таърих бар дӯши мо ниҳодааст, ин кор вазифаи муқаддаси мост.

- Дар таълимоти Сарвари давлат манзалати сиёсӣ, яъне моҳияти забон муҳимтарин нишондиҳандаи мавқеи миллат дар низоми сиёсии ҷомеа дониста мешавад. Оё ин масъала дар забоншиносии тоҷик дар сатҳи барои ҷомеаи имрӯза зарур омӯхта шудааст?

- Ба назарам ба он сароҳате, ки дар суханрониҳои Сарвари давлат ин мавзуъ пайваста дар миён ниҳода мешавад, ҳар касе аз аҳли илму савод бояд ба моҳияти ин мавзуъ пай бурда бошад. Аммо аҳли қалам то куҷо заминаҳои амалӣ сохтани ин ормони олиро фароҳам сохтаем, боз мавзуи дигар аст. Дар ин росто талошҳои хастагинопазир ва муассир бояд пайваста, ба сурати барномавӣ идома дода шавад. 

- Дар замони соҳибистиқлолиии кишвар забони тоҷикӣ манзалати фарогиру устувореро соҳиб гардид, ки инро метавон набарди муваффақонаи соҳибзабонон дар давраи нави таърихӣ номид. Ин аст, ки коршиносону мутахассисон мафҳуми истиқлоли давлатиро бо истиқлоли забон тавъам медонанд. Бигӯед, ки мо то куҷо ба истиқлоли забонӣ шарафёб шудаем?

- Тавре пештар ишора шуд, муҳимтарин иқдом дар ин росто, ки эҷоди пойгоҳи ҳуқуқӣ ва қонунӣ барои рушд додан ва устувор сохтани забони давлатӣ – забони тоҷикӣ мебошад, ба амал омадааст. Асосҳои ҳуқуқӣ ва қонунӣ барои анҷоми ин кори муҳим фароҳам гардидааст. Акнун бо истифода аз ин имконот бояд ин падидаи ормонии билқувва (потенсиалӣ) ба марҳалаи билфеъл (амалӣ) расонда шавад. То ҷое ин амр иҷро шудааст. Имрӯз асноди коргузорӣ, мукотиботи расмии байниидорӣ, сабту судури аснод (ҳуҷҷатгузорӣ) ва ғ. ба забони тоҷикӣ амалӣ мегардад. Ин як дастоварди бузург аст. Акнун бояд ин корҳо то ҳадди зарурӣ такмил карда шавад, зеро ҳанӯз дар навиштаҷоте аз ин қабил ноҳамвориҳо, ноҳамоҳангиҳо, ноҳамгуниҳо, муғлақбаёнӣ ба мушоҳида мерасад. Фикр мекунам омили аслии ин камбудҳо он аст, ки мо ҳанӯз дар вуҷуди худ эҳсоси истиқлоли комили фикрӣ надорем. Ҳанӯз бисёриҳо асири чунин пиндори ғалате ҳастанд, ки барои ба сатҳи расмӣ расондани матнҳои тоҷикӣ онҳоро бояд дар қолаби ҷумлаҳои хориҷӣ рост бикунем. Ҳанӯз хеле аз мутахассисони мо ба қолабҳои бегона меандешанд ва чун забон худ сурати андеша аст, забони онҳо ночор сурату сохтори бегона пайдо мекунад. Бояд ба ин нукта аз таҳти дил бовар кард, ки забони мо забони ҳазоронсолаи давлатдорӣ, сиёсат, илм ва ҳунар аст. Имконот ва зарфиятҳои он аз ҳеҷ як забони ҷаҳонӣ камтар нест, балки ба маротиб бештар аст. Аз забонҳои хонаводаи ҳиндуэронӣ ё ҳиндуурупоӣ чаҳор забони классикии ҷаҳон шинохта шудааст, ки дутои онҳо (лотинӣ ва санскрит) имрӯз забонҳои хомӯш (мурда) ба ҳисоб меоянд. Дигарӣ забони юнонӣ аст, ки имрӯз наздик ба 15,3 миллион соҳиб (гӯянда) дорад. Чаҳорум забони форсӣ-тоҷикӣ аст, ки беш аз 200 миллион соҳиб (гӯянда) дорад ва аз фаъолтарину пуркорбурдтарин забонҳои ҷаҳон мебошад. Аз ҷумла дар фазои паҳновари маҷозӣ.

- Тағйири хат, тағйири имло ва баҳсҳову назарҳо перомуни он... Мо дар ин самт таҷрибаҳои зиёд доштем. Бигӯед, ки ин падидаҳо то куҷо метавонад ба ташаккули забон таконе бахшад? 

- Як рози аслии муваффақият пазируфтани воқеияти мавҷуд ва берун аз гирифторӣ ба чуну чарои зиёди он амал кардан аст. Мо бисёр вақт ба ҷойи амал кардан худро ба баҳсҳои бепоён ва бенатиҷа гирифтор мекунем. Гоҳо ҳатто эҳсос мекунад, ки муроди аслии мубоҳисон чизе ҷуз худи ҳамин баҳсҳо перомуни масоили забон нест.

Албатта, баҳсҳои назарӣ барои падидор кардани масъалаҳои нав бесуд нест, вале барои амал кардан дар нуқтае бояд қарор ва таваққуфу иттифоқ кард. Бигзор баҳсҳои назарӣ дар ҳалқаи хосси донишмандон ҳамеша идома дошта бошад, вале дар фазои умумӣ барои вуҷуди дастуре, ки забони моро ба танзим дароварад, қароре ва тавофуқе ногузир аст. Чунин қарору тавофуқ ҳам ҳаргиз тамому комил ва барӣ аз ҳар навъ эроде нахоҳад буд, дар ҳеҷ ҷойи ҷаҳон ҳам чунин нест. Вале дастурро бояд риоя кард, то назму низоме барқарор гардад. Иқбол мефармояд:

Ҳумои илм то афтад ба домат,

Яқин кам кун, гирифтори шаке бош.

Амал хоҳӣ, яқинро пухтатар кун,

Яке гиру яке гӯйу яке бош!

Замоне, ки бисёре аз мардум бо баҳсҳои бесарубуни сиёсиву эътиқодӣ ва ҳамзамон мушоҷараҳову муфохараҳои нисбат ба якдигар таҳқиромез, таънаву писханду таассуф ҳама сармояи умри худро ба боди беҳосилӣ медоданд, хирадманде чун Фирдавсӣ ба дур аз ин ҳама дар як нуқтаи яқин ва имон устувор истод ва бо ранҷи пайвастаи сисола “Шоҳнома”-ро навишт ва Аҷамро зинда кард.

Мо ҳар кадом аз давраҳои таърихи миллатамон ва осори онро бояд гиромӣ бидорем ва арҷ бигузорем, аз он оқилона баҳра бибарем ва ба суйи оянда ҳаракат бикунем. Дар фарҳанги мо ба хатҳои гуногун, хоҳ таҳмилӣ бошад, хоҳ эҷодгарона ва худӣ осоре арзишманд ва қобили эътиное ба чоп расидааст, симои таърихи зиндаи мо таҷассум ёфтааст. Онро бояд дида (хонда) битавонем. Алифбои кирилӣ ва тоҷикӣ (форсӣ) ҳардуро баҳам донистан душвортар масалан аз донистани ироглифҳои чинӣ нест, балки хеле осонтар аз он аст. Ба ҷойи шикоят аз надонистани алифбои ниёгон бояд онро биомӯзем ва биомӯзонем. Танҳо шавқи хондани дастнавиштаи худи Ҳофиз, Бедил ё устод Айнӣ бояд ангезае кофӣ барои батамому камол омӯхтани ин алифбо бошад. Имрӯз мушоҳида мешавад, ки ҳамзабонони форсинависи мо дар ёд гирифтани алифбои кирилӣ аз он ки мо дар ёд гирифтани алифбои тоҷикӣ (форсӣ) пешрафти бештар доранд, дар ҳоле, ки дар мактабҳои онҳо кирилӣ омӯзиш дода намешавад ва ҳеҷ муқаддасоте ҳам  ба ин хат надоранд.

- Шумо масъули гуруҳи “Дуруст бинависем” дар шабакаи иҷтимоии “Фейсбук” ҳастед. Мақсад аз таъсиси ин гуруҳ дар чӣ буд ва он то куҷо метавонад ҷиҳати густариши забони давлатӣ, баланд бардоштани ҳисси миллӣ ва дараҷаи забондонии мардум мусоидат намояд?

- Бо иҷозаи шумо порае аз пешгуфтореро, ки ба нашри нави китоби “Дуруст бинависем” навиштаам, ин ҷо мегузорам.

Имрӯз, ки маҳфили “Дуруст бинависем” беш аз пеш гарм ва шумори кордорону корбаронаш басуръат рӯ ба афзоиш аст, зарурати шарҳу тафсири ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ин сафҳа ва натиҷаҳои ин иқдом бештар эҳсос мешавад. Ончи дар зеҳн аст, хеле муфассал аст, аммо иқболу истиқболи бештари корбарон аз шарҳу маъниёбӣ ва ҳувиятшиносии калимаҳои нодири забони гуфторӣ эҷоб мекунад, ки дар навбати аввал ба ин мавзуъ пардохта ва судҳои амалии ин маҳфил дар ҳамин замина баршумурда шавад:

1. Дар ин маҳфили пурҷамъият аз оғоз то кунун хонандагон ба шумори зиёди калимаҳое ошно шуданд, ки дар тасаввури мо (аз ҷумла банда) онҳо воҳидҳои гуфтории як доираи маҳдуд буданд. Аммо зимни табодули афкору иттилоъ маълум гардид, ки аксари ин калимаҳо (бо андаке тафовут ва ҳатто бидуни он) дар сартосари кишвар роиҷ буда, гузашта аз он дар кишварҳои ҳамзабон ҳам корбурд доранд ва теъдоди муҳимме аз онҳо дар кутуби луғоту фарҳангҳои қадиму ҷадид низ ҷой доранд. Ин иттилоъи бисёр судмандест, ки солҳои пешоинтернетӣ барои анҷоми чунин як кори муҳим бояд сафарҳои зиёди коршиносии пурҳазина ва вақтгир ташкил мешуд.

2. Аксаран яке аз маншаъҳои ихтилофоти гурӯҳиву маҳаллии мо-тоҷикҳо ана ҳамин тафовути гуфторист, ки баъзеҳо ба ғараз (ё эҳсоси лаззати кӯрдилона) онро бузург ҷилва дода, бар якдигар метозанд ва аз ин раҳгузар барои худ имтиёз сохтан мехоҳанд. Ин табодули озоди иттилоъот борҳову борҳо нишон дод, ки забони зиндаи мардуми тоҷик, на танҳо дар Тоҷикистону умуман Осиёи Марказӣ, балки дар тамоми қаламрави ин забон ошно ва ягона аст. Тафовутҳо хеле ночиз ҳастанд.

3. Бисёре аз таъбирҳои сартосарии гуфтории тоҷикӣ падидаҳо ва ҳолатҳоеро ифода мекунанд, ки дар забони имрӯзи адабии мо ва ҳатто ҳамзабононамон воситаи дигари забонии баёни он падида ё ҳолат аслан вуҷуд надорад. Дар баробари он дар забони навишторӣ гунгем. Баъзан як калима як қомус аст ва, масалан, барои нависандаву шоир ва ҳатто равоншинос чи неъмати бузургест ва дар айни ҳол чи ғаниматест, ки онро ҳамаи тоҷикҳо ба ҳамон маъно мефаҳманд. Чунин калимаҳоро дар ин ҷо мо бисёр мушоҳида кардем.

Ин дурдонаҳоро дона-дона бояд чид ва ғубори фаромуширо аз чеҳраи дурахшони онҳо зидуд ва дар тоқи баланди хазинаи забон ниҳоду ба кор бурд.

4. Бисёре аз корбарони сафҳа дар тули муддати ширкаташон дар ин ҷамъияти маҷозӣ бо фарҳангҳои муътабари форсӣ-тоҷикӣ ва шеваи корбурди онҳо шинос гардиданд ва гунаи электронии онҳоро ба даст оварданд.

5. Ба воситаи ин саҳифа корбарон ва хонандагон зимни мутолиаи маводи фаровоне, ки аз тарафи шахсони боиттилоъ пешниҳод мегардид, бо таърихчаи таҳаввули забони адабии тоҷикӣ-форсӣ, баҳсҳое, ки перомуни он ба миён омада, маводи марбут ба шохисҳои миллӣ ва гузиниши роҳкорҳои рушду тавсеаи забони тоҷикӣ, хусусан, фаъолиятҳои густардаи устод Садриддин Айнӣ ва пайравони эшон дар устувор сохтани мавқеи забони модарӣ ошно гардиданд. Агар ҳамаи ин маводро ба сурати китоб биёранд, чандин ҷилд мешавад.

6. Дар ин саҳифа пайваста кордорон тарҷумаи саҳеҳи тоҷикии калимаҳои русӣ ва дигар забонҳоро дархост менамоянд ва ҳатман посухи матлубро дарёфт мекунанд.

7. Зимни ширкати корбарони ҳамешагӣ аз хориҷи ҷумҳурӣ, чи ҳудуди шуравии собиқ ва чи кишварҳои хориҷ аз ин доира, хусусан кишварҳои ҳамзабон аксаран табодули афкори судманд сурат гирифта ва суитафоҳумҳо (нофаҳмиҳо) бар сари маънои калимаву ибораҳо ва ё таркибҳову шеваҳои дастурии забони тоҷикӣ аз байн бурда шудааст.

8. Тадбирҳо ва маросими ҳимоят ва бузургдошти забони модарӣ ба таври густарда инъикос ва ҳимоят шуда, ба ин восита моҳияти ин тадбирҳо ба зеҳни кордорони саҳифа расонда шудааст.

9. Сарфи назар аз он ки дар хеле аз мавридҳо баъзе аз корбарони камиттилоъ ва ё муғриз бо лаҳни тунд ва пархошҷӯёна нисбат ба назарҳои тарҳшуда ва ё дар маҷмуъ фаъолияти ин сафҳа бархурд намудаанд, мудирон ва аъзои фаъолу доимии сафҳа бар асли қарордодии аввалии худ, яъне бо ҳусни муошират ва беғаразию бидуни арбадаҷӯйӣ амал намуда, то ҳадди имкон фазои солиму созандаро ҳифз кардаанд. Ба ин васила то кунун нафаре аз саҳифа ихроҷ карда нашудааст.

10. Борҳо дар посух ба мункирони зарурати тарҷумаи муътадил ва ҳамапазири мафҳумҳо ва истилоҳоти тозавориди хориҷӣ дар забони тоҷикӣ бо далелҳои қотеъи илмӣ ба субут расонда шудааст. Як силсилаи тарҷумаи чунин калимаҳо пешниҳод ҳам гардидааст, ки бархе аз онҳо имрӯз дар матбуот мавриди истифода ҳастанд.

- Мутахассисон мегӯянд, дур нест рӯзе, ки забони миллии мо дар қатори забонҳои байналмилалӣ қарор бигирад. Шумо чӣ мегӯед?

- Ба назар мерасад, ки дар рафти ин мусоҳиба чанд мавриди муҳимме ёдоварӣ гардид, ки ба амалан байналмилалӣ будани забони тоҷикӣ-форсӣ қотеона далолат мекунад. Ин забонро дар сартосари ҷаҳон меомӯзанд, дар тамоми ҷаҳон гӯянда дорад. 

Устод Мирзо Турсунзода дар ҳамоишҳои бузург дар Ҳиндустон ашъори худро ба тоҷикӣ қироат мекард ва борҳо дар миёни шеърхониҳои эшон кафкӯбӣ мешуд; ҳамин замон дар интернет нишон медиҳад, ки як гурӯҳ бачаҳои яҳудӣ дар Ню-Йорк ба лаҳни хеле расову зебое ғазали Мирзо Бедил бо матлаи “Ҷоме магар аз базми ҳаё дарзадаӣ боз, К-оташ ба дили шишаву соғар задаӣ боз”-ро ба оҳанги Шашмақом замзама доранд; хатҳои радиоӣ ва телевизионӣ ба забони мо камтар аз ҳеҷ забони ҷаҳонӣ нест; забони мо яке аз се забони пуркорбурдтарин дар фазои ҷаҳонии интернетӣ мебошад ва дар ниҳоят, забони мо дар радифи аввал ва мумтози забонҳои классикии ҷаҳон аст. Танҳо як тадбири ҳамоҳангшуда бо ҳамзабонон дар саросари ҷаҳон лозим аст, то расман забони мо дар дафтари забонҳои байналмилалӣ сабт гардад.


 Мусоҳиб Шаҳло ЭШОНОВА, “ҶТ”

четверг, 4 мая 2023 г.


 Устоди гиромиқадр шодрӯз бароятон шоду нуш бод ва ҳар рӯзатон пур аз шоҳбайту ғазалҳои тоза! Пайраву ҷойгузини бузургони адабу фарҳанги мардумамон бошед! Худованд нигаҳдоратон бод.



суббота, 25 февраля 2023 г.

Поёни ин ҷаҳон аст


 "Поёни ҷаҳон"

Рӯзе ҳаё намонад, поёни ин ҷаҳон аст,

Шарм аз Худо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки дасти сабзе боло бар осмонҳо,

Баҳри дуъо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки халқи олам душман шаванд бо ҳам,

Ду ошно намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Кӯдак ба сар битозад бозору сӯйи мактаб,

Як бор по намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки ағниёнро касбе барои рӯзӣ,

Ғайр аз рибо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки бевафойӣ қонунӣ ом гардад,

Қадри вафо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

Рӯзе, ки одамият боқӣ намонд...

-Олам-

Монад ва ё намонад, поёни ин ҷаҳон аст.

✍️ Рустами Ваҳҳоб

четверг, 5 мая 2022 г.

Мавлуд хуҷаста бод

 Устоди гиромӣ мавлуди хуҷаста бароятон шоду нӯш бод ва ҳар рӯзатон пур аз шоҳбайту ғазалҳои тоза! Пайраву ҷойгузини бузургони адабу фарҳанги мардумамон бошед! Худованд нигаҳдоратон бод.


Шоире, ки розу созӣ  зиндагӣ ифшо кунад

Бо сухан аз қатраи ноби сухан дарё кунад.

Он қадар лабрез аз шаҳди маъонӣ гуфтааш

Набзро набз бахшаду як набзи нав эҳё кунад.

Мисраҳояш мисра-мисра дарки маргу зиндагист,

Мисраҳои ҷонфизоӣ хеш ба ҷонҳо ҷо кунад.

Гуфтаҳояш бемуҳовот мерасанд аз дил ба дил,

Бар дилу бар дидаҳо ҳарфи лабаш маъво кунад. 

ЗОДРӮЗИ ШОИРИ САРШИНОСИ ТОҶИК ФАРХУНДАВУ НАКӮ БОШАД!  

Наргис.

понедельник, 20 сентября 2021 г.

Рӯҳу равонашон шоду хонаи охираташ обод бошад 🤲

 

"Падар дарвозаи васати Ҷаннат аст". 
Ба устоди гиромӣ Рустами Ваҳҳоб бародаронам Сӯҳробшоҳ ва Мустаъони Ваҳҳоб аз номи худам ва кулли хонандаҳои торнигори "Шаҳри Хуршед" нисбати марги падари бузургворашон сахт андўҳгин буда, ба пайвандон, хешу ақрабо ва наздикони марҳум изҳори тассалият ва ҳамдардии самимӣ баён намуда, аз даргоҳи Яздони пок барои онҳо сабри ҷамилро хоҳонам.
Худованд раҳмату мағфират кунад 🤲 ҷояшон ҷаннатул Фирдавс бошад 🤲🙏


среда, 5 мая 2021 г.

Мавлуд муборак бошад устоди гиромӣ

 





Устоди азиз,  Шуморо бо ҷашни  зодрӯзатон аз номи кулли хонандагони торномаи  ШАХРИ ХУРШЕД табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам , Хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.

Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.

четверг, 17 сентября 2020 г.

Тӯҳфаи нав


 КИТОБИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН РУСТАМ ВАҲҲОБЗОДА БО НОМИ "ҲАЗОР БАЙТ" БО САРСУХАНИ РАИСИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН, ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН УСТОД НИЗОМ ҚОСИМ АЗ ТАРАФИ НАШРИЁТИ ДАВЛАТИИ "АДИБ" БА ЧОП РАСИД.


Кафтарони сапедболи ман,

Байтҳои ҳақу ҳалоли ман,

Чун ба боми диле фуруд оед,

Нома бинҳеду бол бикшоед.


     کفتران سپیدبال من

بیت های حق و حلال من

چون به بام دلی فرود آیید

نامه بنهید و بال بکشایید.

 

"Шеър аслан мухтасаргўист. Яъне, дар ҳаҷме хурд гуфтаниҳои бузургро гунҷондан ва ё бо сухане андак хонандаро ба андешидану дарёфтани маъниҳое густурда таҳрик бахшидан. Лекин вақте ки шоир худро дар ҳудуди ду сатр маҳдуд мекунад, ин рисолат бамаротиб меафзояд ва ў бояд дар ин ду сатр маъние бигўяд ё тасвире бинамояд, ки ҳам комилу тамом бошанд ва ҳам ҷиҳати тавсиаву такмилашон барои хаёлу андешаи хонанда фазое мусоид муҳайё бикунанд.

Масалан, фазое, ки шоир дар байти зерин муҳайё кардааст, фикри хонандаро аз майдон ба осмон мебарад ва зимнан оид ба лашкаркашиву лашкаркашон, ҳадафҳои теғгириву камонкашӣ, маҳдудиву номаҳдудии сафи сарбозон ва дигар ҷиҳатҳои мавзўъ ба андешаву тафаккури фаровоне водор мекунад:


Лашкар нахоҳад он ки ба каф теғи ҷон гирифт,

Хуршед як тан аст, вале осмон гирифт..."


(Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосим)

пятница, 28 августа 2020 г.

Муборак бошад

 


Устод Рустам Ваҳҳобзода, сардабири нашрияи миллии адабии "Садои Шарқ" барои хидматҳои арзанда дар рушди адабиёти миллӣ аз ҷониби сарвари адабпарвари кишвар ба унвони баланди ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН сазовор гардиданд. Муборак бод ба устод ва ҳаводорони сухани баланди эшон!


вторник, 28 апреля 2020 г.

БА ШАСТСОЛАГИИ КАМОЛОТИ ПУРАРЗИШИ УСТОДИ КАЛОМӢ БАДЕЪ РУСТАМИ ВАҲОБ
.
Расиди бар муборк зинаи шаст,
Зи пушти шаст,шасти тозае ҳаст.
Ба лутфи Ҳақ ,туи кони ғановат,
Калиди ганҷи куҳистонӣ дар даст .
Туи як таҳмтан дар тинати давр,
Ки афкорат бассе аз бандҳо раст.
Равонаст шеъри нобат бо зулоли,
Хумори ташнагони хеш бишкаст.
Муборак модареро,ки туро зод ,
Ба тахти модарони беҳ биншаст .
Бихоҳад Нуридин иқболу бахтат,
Мудом моҳии тилот бод бар шаст.
.
Нуриддини Садриддин

вторник, 3 марта 2020 г.

Баҳор

АНГОРАҲОИ БАҲОР

Мебарояд зи қалби хок бухор,
Мерасад бар димоғ атри баҳор,
Қаҳқаҳи кабки маст дар куҳсор
 Хуштар аст аз садои мусиқор,
 Ҳолиё даст аз шикор бидор,
 Хуни лола бас аст баҳри нигор.

Суғр биншаста рӯйи лонаи хеш,
Даст пеши бару ба чонаи хеш,
Гӯиё хонадат ба хонаи хеш,
Чӣ бувад баъд аз ин баҳонаи хеш,
Наравад то ба кулбаи торик,
Ҳечаи тангу раҳрави борик?

Хирс аз хоби сакта мехезад,
Паҳлавонона қад ҳамеёзад,
Мезанад панҷа, барф мебезад,
Тарма аз рӯйи ғор мерезад,
Мениҳад по ба олами равшан,
Маст аз бӯйи тунди овешан,
Сараш аз раъша чарх мегардад,
Чашмаш аз нашъа сурх мегардад.

Чархаресак ду бол карда чу шоф,
Мекунад даври ҷурзи пир тавоф,
Бо садои булурии шаффоф
Бо ту гӯяд магард гирди газоф,
Ман садо ресаму ту қисса бибоф,
Ман садо ресаму ту қисса бибоф...

Чашма дорад чу кафтарон қум-қум,
Пок созад гулӯи худ аз қум,
Соф гашта чу нийяти мардум,
Дар зулолаш нишоти софии хум,
Лаззати шаҳди шираи гандум,
Қатра-қатра чу хушаи анҷум
Мекашад раҳ ба хонаи дарё
Побараҳна зи бистари гулҳо.

Турнаҳо корвони болафшон,
Оби дарёву мавҷи ёлафшон,
Хонатакконии шамолафшон,
Гулфишонист дар ниҳолафшон,
Чархи гардуну рақси солафшон,
Бӯйи ҷонҳо зи хок меояд,
Боз Наврӯзи пок меояд.

(Рустами Ваҳҳоб)

воскресенье, 21 октября 2018 г.

Ҳар шабам ғамҳои ту дар хуни дил тар мекунад,
Орзуи нолае дорам, ки маҳшар мекунад.

Ғайри ман дар арсаи ишқи ту даъвогар намонд,
Зиндагонӣ ҷои ҳар касро муқаррар мекунад.

Ҳар гаҳе аз ноумедӣ тан ба мурдан медиҳем,
Ишқ ногаҳ мерасад, моро музаффар мекунад.

Ҷисми худро мекунад сангар сари роҳи адӯ,
Ҳар касе андешае аз хоки модар мекунад.

Кист он устози мумтозе, ки бо зӯри ҳунар,
Аз парешон хоки мо таъмири пайкар мекунад?

Сад шуҷоат мешавад дар пушти сангар бенишон,
Гар хиёнат он яке аз пушти минбар мекунад.

Эй басо кас, ки чу ҷон андар бараш мепарварӣ,
Чун ба садрат менишинад, кори барбар мекунад.

Шоиро, андар дуроҳи интихоб уфтодаӣ,
Мекунад теғи забон коре, ки ханҷар мекунад?

Ҳар киро дар дил бувад дардеву дар хотир ғаме,
Шеъри моро, в-ар на за бар кард, бовар мекунад.

Устод Рустами Ваҳҳоб.

четверг, 28 декабря 2017 г.

СУХАНОНИ ҲАКИМОНА


Самимият модари ҳақиқат ва чеҳраи инсони босадоқат аст.
Д. Дидро

***
Ҳунар агар нон набошад ҳам, шароби зиндагист.
Жан Пол (Рихтер)

*** 
Таърих румонест, ки бовараш мекунанд,
Румон таърихест, ки бовараш намекунанд.
М. Сафир
*** 
Зебоӣ гули мирандаест, ки танҳо лаҳзае фурсати шукуфтан ёфтааст.
В. Шекспир

*** 
Танбалӣ духтари сарват ва модари фақр аст.
П.Декурсел

*** 
Танбалӣ зангори хирад ва тан аст: калиде ки ҳамеша ба кораш мебаранд, ҳамеша наву дурахшон аст.
Б.Франклин

*** 
Модар ягона олиҳаест дар рӯйи замин, ки дар баробари худ мункирон (атеистҳо) надорад.
Г.Лессинг

*** 
Дунё оинаест ки аз он акси ту ба ту менигарад. Нигоҳи хашмине бар он биандоз ва онгоҳ чеҳраи тирае аз он ба ту менигарад: аммо касе ки бо ӯ ва ё бар ӯ механдад, онро дӯсти шодмон ва самимӣ меёбад.
В.Теккерей

*** 
Ақидаи ҷамъӣ (иҷтимоӣ) ҷараёнест, ки ҳатто агар битавонем онро худ ҷорӣ созем, (ҳаройина) бояд аз пайи он биравем.
П.Буаст

*** 
Ҷавонӣ гумроҳист, миёнсолӣ-мубориза, пирӣ-таассуф.
Б.Дизраэл

*** 
Мусиқӣ забони ҳақиқии умумибашарист.
К. Вабер

*** 
Андешаҳо болҳои рӯҳанд.
Я. Бови

*** 
Андешаҳо шохаҳоянд, суханон - гулҳо ва ҳосил танҳо дар амали оқилона аст.
И.В. Гёте

*** 
Ном чист? Мо ба садбарг ҳар номи дигаре ҳам медодем, ҳамчунон накҳаташ дилрабо мебуд.
В. Шекспир

*** 
Миллат ҳамдилии азимест, ки бар эҳсоси қурбонӣ асос ёфтааст. Қурбоние ки шуда ва хоҳад шуд.
Ж.Э.Ренан

*** 
Оғоз беш аз нисфи ҳама чиз аст.
Арасту

*** 
Ҷаҳолат шаби хирад аст, шаби бемоҳу беситора.
Сисерон

*** 
Нафрат - эҳсоси фаъол, ҳасад - ғайрифаъоли норизоист.
Ҳеч ҷои тааҷҷуб нест, вақте ки ҳасад табдил ба нафрат мешавад.
И.В. Гёте

*** 
Нобаробарӣ ҳам яке аз қонунҳои хуби табиат аст, мисли дигар қонунҳояш.
И. Шерр

*** 
Фақр заҳмати танбалист.
П.Декурсел

*** 
Асоси ахлоқ моҳияти ҳақиқатҳои бетағйир аст, монанди бадеҳиёти (аксиомаҳои) ҳандаса.
П. Декурсел

*** 
Танҳо як хушахлоқӣ ҳаст-ростӣ ва танҳо як бадахлоқӣ ҳаст-дурӯғ.
Э.Фейхтерслебен

*** 
Эҳтиёҷ шашумин ҳосаи мост, ки аксаран дигар ҳосаҳоро хомуш мекунад.
М.Сафир

*** 
Уҳдадорӣ бидуни ҳуқуқ бардагист ва ҳуқуқ бидуни уҳдадорӣ беназмӣ (анархия).
Ж. Ликордер

*** 
Таҷриба кулбаи ҳақирест, сохташуда аз пораҳои мармари қасри зарандуде, ки онро тахайюли мо номанд.
Ж.Ру

*** 
Таҷриба фарзанди андеша аст ва андеша фарзанди амал. Мо наметавонем мардумро бо китоб биомӯзонем.
Б.Дизраэли

Тарҷума аз русӣ
Дах газал аз устод РУСТАМИ ВАХХОБ;
1
Ассало, эй шабнишинон, нурро бовар кунед,
Сайхаи бепардаи Мансурро бовар кунед.
Хок аз чону дили ток ашафшори кунад,
Нашъаи хуни дили ангурро бовар кунед.
Нест бе хуни чигар нохуни мутриб лолагун,
Гох-нохе нолаи танбурро бовар кунед.
Ёд доред аз хазоне, ки бахор аз пай надошт,
Суг поён мепазирад, сурро бовар кунед.
То нафас бокист, бар бурчи умед аст ин каманд,
То ситора медурахшад дурро бовар кунед.
Куллаи точикро то такя бар пои худ аст,
Покбозихои ин магрурри бовар кунед.
Нашри фардо дар навори офтоб омода аст,
Субх наздик аст он маншурро бовар кунед.
2
Дигар он намеписандам, ки кашам камони худро,
Ба Худои худ супурдам ҳама душманони худро.
Ба ҳавои боли Симурғ расидаам ба авҷе,
Ки дигар зи ёд бурдам раҳи ошёни худро.
Ба фиғон зи дидагонат бибарам ҳаловати хоб
Ки ба рӯи ман набандӣ дари осмони худро.
На, куҷо ману куҷо ту, ба ҷалоли кибриё ту
Ба ҳумо ту соя бахшиву ман устухони худро.
Чамали шикастаноям, ба кавири ғам раҳоям,
Бари хорҳо сароям ғами сорбони худро. 
Ҳама ҷо ки нақши пойест ба сӯйи Каъбаи Меҳр,
Биниҳам чу муҳр бар он лаби хунфишони худро.
Ту чунон ки, боғбоно, дили нор мефишорӣ,
Зи дили ҳазин фишурдам ғазали равони худро.
3
Дар ин замони ҷунунҷилваи ҳаливудӣ
Куҷо диле тапад аз нағмаҳои довудӣ?
Чи айб дида ки бар рӯйи даҳр менигаранд
Зи пушти шишаи дудиву айнаки дудӣ.
Бисоти худ ба чӣ сайёрае фиристоданд?
Ки мекашанд ҷаҳонро ба сӯйи нобудӣ.
Хиёли оташи дигар ҳамепазад дар сар
Чамидапо магасе бо димоғи намрудӣ.
Баҳона- ҳаста, ҳадаф - ҳастӣ, гуӣ бистонанд,
Зи ҳастайе ки набудаст кини нобудӣ.
Мисоли кори ҷаҳондору қисмати фарҳанг-
Ҳадиси Пири Аҷам дону пили маҳмудӣ.
Шукуфаро насазад к-аз фарози шохи баланд
Ба реша таъна занад ки «чаро гилолудӣ?!».
Умеди ман ба дуъои масеҳанфосест
Бихон ки даст ба омин кашад Варорудӣ.

4
На сар гуфтам, на по гуфтам, на ҷон гуфтам, на тан гуфтам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҳазорон бор “мо” гуфтам касе ҳамдил нашуд, аммо
Ҷаҳоне зидди ман шӯрид, агар як бор “ман” гуфтам.
Ба оён дил ниҳодам, дидаву дил бар аён бастам,
Ба ғурбат аз Ватан гуфтам, ба хилват анҷуман гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ҷунунамро чу Маҷнун нозиши саҳро надонистам,
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Ба пойи Бесутун истодаму аз Кӯҳкан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
Забони шамъи табъам гоҳ-гаҳ домони дил гирад,
Мабодо, ки пушаймон гардам аз он ки сухан гуфтам.-
Пушаймон нестам ҳаргиз, сухан чун аз Ватан гуфтам.
Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам, Ватан гуфтам.
5
Зи ҳама баҳо фузунтар, чӣ ба ройгон расидӣ!
Ту магар фаришта будиву зи осмон расидӣ?
Чу насими беғуборе, ки ба раҳ кунад навозиш
Тану ҷони хастаеро, ту ба ман чунон расидӣ.
На зи қисматам умеду на зи бахтам ин ҳавас буд,
Ту зи чашми ин ду раҳзан ба чӣ раҳ ниҳон расидӣ.
Дили ман баҳор дорад, сари ман хумор дорад,
Лаби ман шарор дорад, ки ба ҷои ҷон расидӣ.
Чу ҳанои гесувонат шафақи тулӯъи ман шуд,
Зи фано хатар надорам, ки зи ҷовидон расидӣ.
Нафасе дигар нахоҳам, ки зи худ кунам раҳоят,
Ба канори ман биёсо, ки ба ошён расидӣ.
6
Рӯй аз ман бармагардон, эй фурӯғи коинотӣ,
Эй суботи ҳастиям дар ин ҷаҳони бесуботӣ.
Зишт ё хуш, нек ё бад, ман ҳамин як рӯй дорам,
Нест дар анбони рӯҳам рӯйҳои эҳтиётӣ.
Созумонам аз Киромулкотибин асту надонам,
Фитнаҳои созмонӣ, ҳиллаҳои котиботӣ.
Ояти хуршед бар лаб менадонам аз чи бошанд,
Хокиён бо ман қавоқӣ , осмониҳо ҷиготӣ.
Асли одам аз ду ҷо омад зи дил ё ки зи ишкам,
Ту бипурсӣ “Аз куҷоӣ?” ман бипурсам“Аз куҷотӣ?”
То куҷо ҷӯям наҷобат, аз куҷо ёбам шаҳомат,
Хастаам , Санчо аз ин пиндорҳои Дон Кихотӣ.
Нест андар ёдбудам, лаҳзае, ки шод будам,
Лаҳзае, ки шод будам нест бар ёдам чиғотӣ.
Шукр, ки аз ҳашри шабнам субҳ дилро метавон шуст,
Аз ғубори девбоди шеърҳои “нашриётӣ”
Шукр, ки дар ин биёбон, аз варои шӯразорон,
Сабз мебинам ҳанӯзат, эй ки чун шохи наботӣ.
7
Рӯзе ҳаё намонад, поёни ин ҷаҳон аст,
Шарм аз Худо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки дасти сабзе боло бар осмонҳо
Баҳри дуъо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки халқи олам душман шаванд бо ҳам,
Ду ошно намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Кӯдак ба сар битозад бозору сӯи мактаб
Як бор по намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рӯзе ки ағниёро касбе барои рӯзӣ
Ғайр аз рибо намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
Рузе, ки бевафоӣ қонуни ом гардад,
Қадри вафо намонад, поёни ин ҷаҳон аст. 
Рӯзе, ки одамият боқӣ намонд -Олам-
Монад ва ё намонад, поёни ин ҷаҳон аст.
8
Чи мехони ту эй булбул? Хама такрор мехони,
Хамон як достонро хар сахар сад бор мехони.
Агар ман як сухан такрор гуям, хурда мегиранд,
Касе бар ту намегуяд, ки аз перор мехони.
Найистонро майистон мекуни бо мавчи овозат,
Расули "Мантиикутайр"--ию аз Аттор мехони.
Навои Борбадро хеч кас чун ту намедонад,
Хазорон сол танхо ту хамон адвор мехони.
Хама дору дарахт аз нашъаи ту ранг мебандад,
Ту чун Мансур хар гах бар фарози дор мехони.
Паре аз качкулах часта, сафи мижгон ба хам баста,
Саре бар осмон боло каландарвор мехони.
Ки медонад, ки оёти Сулаймон аст ё Довуд,
Ки мегуяд, ки аз Ясно ё ки Гоханбор мехони.
Ту як мушти пари охир наметарси ки дар гири,
Забони шуъла дар минкори оташбор мехони.
Хамон донад, ки мушти хоки ту бо хуни ишк омехт,
Кадомин роз мегуи, кадом асрор мехони.
9
Хамон осори Мансур аст ин дафтар, намесузад,
Мазан оташ ба хокистар, ки хокистар намесузад.
Бубинам гарк дар нори шафак фавчи кабутарро,
Ситеги кух месузад, пари кафтар намесузад.
Шаби ялдои инсон аз фуругаш субхи давлат шуд,
Чароге дар чахон мисли дили модар намесузад.
Агарчи як Бухоро дафтару девон бар оташ рафт,
Якин омад гумон месузаду бовар намесузад.
Мабар, эй мурги мину чои дигар ошён з-ин бог,
Гули боге, ки шабнам дорад аз Кавсар намесузад.
Пайи хар мури шабтобе дар оташ мезадам худро,
Дилам, то зиндаам бар холи худ дигар намесузад.
Аз ин оташ, ки дарди механам дар чони ман афрухт,
Ачаб бошад агар бар хоки ман мармар намесузад.
10
Аз адам моро фаро хонданд, то Одам шавем,
Аз биҳишти адн ҳам ронданд, то Одам шавем.
Базри ин нӯҳ осмон биншонда дар як мушт хок,
Боз рӯйи хок биншонданд, то Одам шавем.
Хокро дар гардиш оварданд даври офтоб,
Гоҳ ин гаҳвора ҷунбонданд, то Одам шавем.
Баҳри парвози тахайюл гунбаде оростанд,
Бар сари мо ахтар афшонданд, то Одам шавем.
Сад расулу сад валиюллоҳ барангехтанд.
Сад суҳуф аз осмон хонданд, то Одам шавем.
Модарон бар хоки хомуш хуни дил бигристанд,
Бо тавалло зинда гардонданд, то Одам шавем.

четверг, 9 ноября 2017 г.

ГУЛИ СУРХИ СИТОРА
Нуҳуфтан чун тавон ҳарфе, ки аз илҳом мерӯяд,
Баҳор ояд, гули номи ту бар ҳар бом мерӯяд.

Чу абри дард мепечад ба самти қиблаи чашмат,
Ба дашти дил ҳазорон лола дар каф ҷом мерӯяд.

Лаб аз изҳор барбастам, ба сад зинҳор биншастам,
Чи созам, ки зи хокам сабзаи пайғом мерӯяд.

Дилам даъвои шерӣ дошт, бо чашмат далерӣ дошт,
Чи ғофил аз найистоне, ки даври дом мерӯяд.

Фазои тираи ғамро ба фоли нек мегирам,
Гули сурхи ситора дар замини шом мерӯяд.

Диле, ки куштаи теғи баҳори зудрас гардад,
Баякбор аз мазораш ғарқи гул бодом мерӯяд.
ЯКОРО
Қалъаи амнияти тоҷик мудоро будааст,
Ин мудоро сахттар аз санги хоро будааст.

Тӯдае аз оташи сӯзанда доро будаанд,
Тоҷвар бо фитрати созанда доро будааст.

Ганҷков аз хоки кӯҳистон китоб орад бурун,
Дарраҳояш ҳам гузарҳои Бухоро будааст.

Сӯйи рӯйи дигарон ойина бар каф дошта,
Бо ҷаҳоноройии худ нохудоро будааст.

Шарбати ғамро асал кардаст бо шаҳди ғазал,
Шавкаронаш чун майи боқӣ гуворо будааст.

Асли ёриро бино бинҳода дар урфи башар,
Маънии қудрат ба тоҷикӣ чу “ёро” будааст.

Бо ҷаҳони садзабон ин миллати яктопараст
Якзабону якдилу якрӯ, якоро* будааст.

----------
*Якоро – ҳамрой, ҳамраъй

пятница, 3 ноября 2017 г.

НИШОНИ ОШТӢ
Нест бартар ошён аз ошёни оштӣ,
Ин замин дорад шино бар осмони оштӣ.

Ҳар камоне дар ҷаҳон як ранг дорад – ранги марг,
Ҳафт ранги зиндагӣ – рангинкамони оштӣ.

Ҳамзабонон садзабон гарданд аз як ҳарфи ҷанг,
Гуфтугӯ дорад ҷаҳон бо як забони оштӣ.

Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст,
Ормони халқ бошад қаҳрамони оштӣ.

Халқи тоҷикро фуру мебурд аждарҳои ҷанг,
Дар гулуяш гар намемонд устухони оштӣ.

Чун Сиёвуш биспарад дар қалби оташ имтиҳон,
Он ки охир мешавад соҳибқирони оштӣ.

Хандаи гул, тобиши хуршед, ҷавлони насим,
Зиндагӣ сад ранг бинмояд нишони оштӣ.

Бо тани хокӣ чу шуд ҷони самовӣ ошно,
Одамиро зинда медорад равони оштӣ.

30-10-2017

четверг, 26 октября 2017 г.

 
ЭҲДО БА УСТОД САЙЙИДРАҲМОН СУЛАЙМОНӢ
(Ба ифтихори 70-солагии он бузургвор)

Тавон дарёфт аз тафсири осори Сулаймонӣ:
Шукӯҳи илми тоҷик нест кам аз илми юнонӣ.

Чу андар муҳтавову ҳаҷми осораш биандешӣ,
Яқин донӣ, ки ҳаст аз дудаи рахшони Сомонӣ.

Гаҳе бо мантиқи Сино ба умқи илм раҳ ҷӯяд,
Гаҳе бо “Ибни Яқзон” аст дар ҳолоти ирфонӣ.

Ҳамеша дар хати пеши сухан буда ба чандин хат:
Хати бишкаставу кӯфиву настаълиқу райҳонӣ.

Аҷамро хатми даъвӣ шуд ба майдони сухансанҷӣ,
Арабро зеби дафтар шуд чу “Фарҳанги Сулаймонӣ”.1

Ба тавфиқи илоҳӣ шуд бурун аз чоҳи мушкилҳо,
Ба илми худ Азизи Миср шуд ин Юсуфи сонӣ.2

Чи гавҳарҳо бароварда зи баҳри “Ҳикмати Машриқ”,
“Ҳидоятҳо” фароз оварда бас аз илми раббонӣ.

“Махориҷ-ал-ҳуруф”-и Пури Синоро ба тоҷикӣ
Чунон орост, ки гӯйӣ чунин будаст бунёнӣ.

Забони ҷумла мурғонрову мӯронро ҳамедонад,
Ба аҳди худ Сулаймонест бо таҳзиби қуръонӣ.

Ало шоир, ба як умр он чи ӯ оварда дар дафтар,
Ду умрат гар диҳад Яздон, ту онро хонд натвонӣ.

Намонда дар замони худ зи лутфи ҳодиён берун,
Расида ҳамчу Хизри раҳ ба нуристони раҳмонӣ.

Арабдон асту тоҷикзода дар илми ҷаҳон машҳур,
Ба мавлид Тоҷикободӣ, ба мавтин Тоҷикистонӣ.
-----------
1 Ин ҷо ва мавридҳои дигар ишора ба бархе аз осори таълиф ва тарҷумаву тафсири мавсуф.
2 Ишора ба он, ки профессор Сулаймонӣ узви Фарҳангистони Миср интихоб шудааст.

вторник, 17 октября 2017 г.

ШЕЪР
Қаламам нест, балки ҷони ман аст.
Пайрав
Қаламам килки устухони ман аст,
Дафтарам парниёни ҷони ман аст.
Ному нонам мабод аз дари шеър,
Шеър худ резахори хони ман аст.
Пираҳан бар танаш зи хоби шабам,
Кафш дар пояш аз равони ман аст.
Зевараш қатраҳои хуни дилам,
Шуҳраташ аз ғами ниҳони ман аст.
Чист ин шеър, то бинозам аз ӯ,
Дарди ман, доғи ман, зиёни ман аст.
Ҳар кӣ аз он иборате машкук
Баста бар хешу бадгумони ман аст.
Баркашида ба бурҷи руъёҳо,
Бар дари бурҷ посбони ман аст.
Офаринаш ба ҷойи нафрин аст,
Хотамаш муҳр бар даҳони ман аст…

Лек бо ин ҳама ҳамин шеър аст,
Ки бари дӯст тарҷумони ман аст.
Баркашад то маро зи чоҳи адам,
Расани нури осмони ман аст.
Дар дами беамони туфонҳо
Яккафарёди ал-амони ман аст.
Ҳамраҳи ғурбатам, рафиқи раҳам,
Меҳани ҷовидона они ман аст.
Бар фарози ситеғи бовари ман,
Парчами умри ҷовидони ман аст.

Феврали 2010. Китоби "Салом".