пятница, 7 марта 2014 г.

НАВРӮЗ




НАВРӮЗ
(дар ҳошияи тақвим)

Наврӯз рӯзи хилқати Инсон аст,
Рӯзи кушудани дари кайҳон аст.
Рӯзи шукуфтани гули Хуршед аст,
Рӯзи таваллуди маҳи Обон аст.
Наврӯз рӯзи тантанаи уммед,
Наврӯз рӯзи рӯйиши имон аст.
Рӯзи фуруд омадани фарвар,
Рӯзи фароз омадани Ҷон аст.
Наврӯз рӯзу соати мисоқ аст,
Ёдовари нахустин паймон аст.
Наврӯз рӯзи шустани лавҳи дил
Аз нақшҳои ботили шайтон аст.
Донӣ, чаро ба суфраи наврӯзӣ
Ойина дар баробари Қуръон аст?
То ки ба рӯйи хеш назар созӣ,
Рӯйи ту низ Мусҳафи Яздон аст.
Рӯзи фурӯғи ҷоми ҷаҳонбин аст,
Пайдоии нигини Сулаймон аст.
Шерозбанди маърифати Тӯрон,
Ойинаи тамаддуни Эрон аст.
Наврӯз рӯзи бастани Заҳҳок аст,
Рӯзи фирори галлаи девон аст.
Рӯзе, ки бод роиҳаи минуст,
Ҳар шоха хушку тар ҳама райҳон
аст.
Рӯзе, ки бо сухан натавон нозид,
Рӯзе, ки обу хок ғазалхон аст.
Рӯзе, ки баршумурдани авродаш
Дилсӯзтар зи чомаи Ҳассон аст.
Гар кор бандӣ, ин ҳама тадбир аст
В-ар ноз ҷӯйӣ, он ҳама афсонаст.
Наврӯз рӯзи адлу сахову ҷуд,
Наврӯз ҳамсиришти мусулмон аст.
Ҳар чиз ки Худо написандад, нест,
Маҷмӯаи худойписандон аст.
Наврӯз рамзи давлати Сомонист,
Кори ҷаҳон аз он чу ба сомон аст.
Рӯзе, ки ҳар куҳан бишавад тоза,
Дар бостон таровати бустон аст.
Боғи Нишоти хуррами Кашмир аст
Ҳар ҷой, ки шикаста биёбон аст…
***
Бозой, эй фариштаи фаррухпай,
Бозой, эй ки дар қадамат ҷон аст.
Бозой, ки ситода ба сад уммед
Дар остонаи ту кӯҳистон аст.
Минои субҳу он шафақ и рангин
Дар обгина лаъли Бадахшон аст.
Бозо ба даштҳои ҳазороняшт
Аз сабза сад саҳифаву девон аст. 
Бозову хуш хиром ба лоластон,
Ҳар лола як пиёлаи паймонаст.
Ранги дигар маҷӯй аз ин лола,
Якранг чун шаҳодати Нӯъмон аст.
Ҷони ҷаҳон ба домани ту бастаст,
Имрӯз, ки ҷаҳонт ба фармон аст.
Милоди ту валодати фарҳанг аст,
Оғози ту муқаддами Зарвон аст. 
Рӯзи заволи салтанати зулмат,
Рӯзи ҷалоли Оли Хуросон аст.

воскресенье, 2 марта 2014 г.

Худойназар Асосзода

Худойназар Асозода, профессор, доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии ДМТ беш аз панҷ ҳазор нусха китоби шахсии худро, ки дар тӯли панҷоҳ соли фаъолияти омӯзгорӣ гирд овардааст, ба китобхонаи ДМТ тақдим намуд.

"Ӯ оламеро бо худ бурд, ки аломате аз ин олам дар ҳар муддаӣ дида намешавад".

Рӯҳаш  шоду  хонаи охираташ обод бошад ин марди бузургро.
Дарсе устоди мо Асозода гузашт:
Озода ҳамезисту озода гузашт.
Бунёди Адабсарой(1) бинҳод ба пой,
Дар роҳи адаб зи по науфтода гузашт.
________
Адабсарой – Махзани адаб, ки устод Асозода аз ҳисоби китобхонаи шахсии худ дар Донишгоҳ ташкил намуд.

понедельник, 13 января 2014 г.

АСМО


То гули рухсори ту дар боғи чашми мо шукуфт
Сад биҳишти нақд дар домони ин руъё шукуфт.

Ғунчаи дил, то куҷо барбастаӣ чашм аз ҷаҳон,
Ё ба пои зиндагӣ уфтод бояд, ё шукуфт.

Қатраи беҳосиле буд ин дили бемуддао,
Акси чашмат то дар ў уфтод, сад дарё шукуфт.

Шодхорони ту ҷомеро ба санги мо заданд,
Аз вуҷуди хораи мо оламе мино шукуфт.

То ба авҷи рози иллаллоҳ роҳе шуд падид,
Ҳар қадам то арши аъло лолаҳои ло шукуфт.

Аз биёбони ғамат бигзашт оҳуи хаёл,
Чашмаҳои оби ҳайвонаш зи нақши по шукуфт.

Дар Китоби Сурхи дил кардам гули номат ниҳон
Оҳ базрашро парешон кард, то Асмо шукуфт.
Марти 2011

воскресенье, 12 января 2014 г.

БО МО



Фалакро хашми пинҳонест бо мо,
Ҷаҳонро кини сӯзонест бо мо.

Гаҳе дар об дорад, гаҳ дар оташ,
Замонро давру давронест бо мо.

Бирав эй дев, девонат фурӯ шӯй,
Ба лавҳи сина Қуръонест бо мо.

Мазан моро ба санги камбаҳоӣ,
Кӯҳистоне, Бадахшонест бо мо.

Магар бо зулфи худ паймон бубастӣ,
Туро аҳди парешонест бо мо.

Зи ҳамчашмӣ ҳама тарфе, ки бастем
Ҳамин як чашми ҳайронест бо мо.

Бирезад то ба домони Бухоро,
Ҳамон дасти Зарафшонест бо мо,

Ҷавоби он атоҳо Рӯдакиро
Ба поси Оли Сомонест бо мо.

Агарчи доманат аз даст додем,
Ба ҷубронаш гиребонест бо мо.

четверг, 2 января 2014 г.

ДАР ОСТОНИ ЗИМИСТОН




Намонд гул ба гулистон дар остони зимистон,
На як ҳазору на дастон дар остони зимистон.
Ба зери пориса гунҷишкҳо чу аҳли дабистон 
Кушода маҳфили чистон дар остони зимистон.
Фиканда ҷома зи тан чун набарда муштзанон аст
Чанори бонии бустон дар остони зимистон.
Ба поси мӯйи сафедаш, сапеду пок навидаш
Зада ба зону куҳистон дар остони зимистон.
Ба паҳлу афтаду хезад, ба бол барф бибезад
Ба боғ зоғ чу мастон дар остони зимистон.
Нишаста об зи фаввора ё ки Гови Заминро
Намонда шир ба пистон дар остони зимистон.
Сапед ранги шакар бин шакарнами саҳариро
Чаман шуда сари Дастон дар остони зимистон.
Фитода ҷоми булурӣ магар миёнаи сангоб
Зи дасти бодапарастон дар остони зимистон.
Хазон бибурд ба ғорат ҳазор рангу аз он беш
Кунун зи оташ бистон дар остони зимистон.
2010

суббота, 21 декабря 2013 г.

Зимистон

Дар ҷӯй обҳо,
Дар чашм хобҳо,
Дар раҳ шитобҳо,
Дар дил суолҳо
Дар лаб ҷавобҳо
Ях баст
Истод.
Аммо, дареғ, 
Умр
Чун нур
Аз булур
Аз шишаҳои ях
Озод, бедаранг,
Ҳай мекунад убур,
Ҳай мекунад убур.