пятница, 8 ноября 2013 г.

ОЙИНА


ОЙИНА

Ҳанӯз ойина ойинаст,

Чунон кушодадилу рӯйбозу бекинаст.
Агарчи дида басо чашм
ҳои хашмогин,
Агарчи дар дилаш уфтода бас гире
ҳи ҷабин,
Агарчи хурда бар
ӯ санги чашмҳои ҳарис,
Агарчи ях зада аз тоби че
ҳраи беҳис,
Касе шумурда ба
ҳасрат шумори ожангаш,
Касе ба тур
ғуза1 аз ӯ бихоста рангаш,
Касе нишонда ба хидмат чу лав
ҳи ҷодуяш,
Касе ба сурати худ туф фиканда бар р
ӯяш...
Ҳанӯз ойина ойинаст,
Чунон кушодадилу р
ӯйбозу бекинаст...

Фуру нишаста дар аъмо
қи тираи гили «ман!»,
Ту метавон
ӣ магар
ончунон будан
дили ман?!
______
1 Тур
ғуза – ба лаҳни шадид ва тунд сухан гуфтан, сарзаниш кардан.

среда, 16 октября 2013 г.


Иди Қурбону Меҳргон бо ҳам
Омада ҳарду меҳрбон бо ҳам.
Ҳарду рамзи ҷалоли Яздонанд,
Раҳмати Ҳақ ба халқ афшонанд.
***
عید قربان و مهرگان با هم
آمده هر دو مهربان با هم.
هر دو رمز جلال یزدانند
رحمت حق به خلق افشانند.

вторник, 1 октября 2013 г.

В А Т А Н

Шабе, ки рӯйи туро мекунад сиёҳ, Ватан,
Сиёҳ бод бар ӯ рӯйи Меҳру Моҳ, Ватан!

Куҷо паноҳ барад ҷон зи фитнаҳои ҷаҳон,
Сивои ту набувад ҳеч ҷонпаноҳ, Ватан.

Зи ҳар гуноҳ, ки мумкин бувад, мубарроям,
Ягона меҳри ту бошад маро гуноҳ, Ватан.

Саре, ки пойи ту бинҳодаам, набардорам,
В-агар ба дорам аз ин саҳву иштибоҳ, Ватан.

Замину обу ҳавову гулу гиёҳу дарахт
Ва дӯстону азизон, на ганҷу ҷоҳ, Ватан.

Саломати сари мо бе Ватан муяссар нест,
Ба сар иваз натавон кард чун кулоҳ Ватан.

Миёни ин ватану боқии тамоми ҷаҳон,
Гар интихоб бибояд, дило, бихоҳ Ватан.

Зи ахтарони фалак фоли ту ҳамегирам,
Агар чу Бежану Юсуф равам ба чоҳ, Ватан.

Хуш аст рӯзи туву рӯзгори ту бе ман,
Мабод бе ту шавад рӯзи ман табоҳ, Ватан.

Ба хун тапида дигар дар бисоти ман нафасест,
Ва охирин нафаси ман ту ҳастӣ, оҳ, Ватан.

понедельник, 16 сентября 2013 г.

ОДАМИЙЯТ



Буҳрон чу мор печад дар ҷони одамийят,
Ё Рабб, нигоҳ дор аз буҳрони одамийят.

Эй, бубули саҳархез, ровии хоҷа Ҳофиз,
Ҳар субҳдам фурӯ хон Қуръони одамийят.

Эй, нодиёни сарсахт, як лаҳза лаб набандед,
То як замон нахусбад виҷдони одамийят.

Ҳар субҳ дар хиёбон аз бордони худрез!
Резад замонаи дун хусрони одамийят.

То кай чунин биборад аз бому дар ҳақорат,
Эй кошифони рози кайҳони одамийят?!

Тайёра, тайр ин нест, ҷуз роҳи дайр ин нест,
Дар хатти сайр ин нест тайрони одамийят. 

Оли Имоми Аъзам! Соли Имоми Аъзам
Фурсат шумору нав кун имони одамийят.

Бағдод дод ҷӯяд дар хун тапад Фаластин,
Хезад зи хоки Афғон афғони одамийят.

Ҳарфе зи одамийят ифрот мешуморанд,
Гӯё ба сар расида даврони одамийят.

Аҳди азал ба ёд ор, байтулғазал ба ёд ор
Эй он ки баста будӣ паймони одамийят.

Оё ки хушк гашта дарёи одамийят,
Оё гуҳар намонда дар кони одамийят.

Ҳарчанд ҳадди ман нест, ин аҷз садди ман нест,
То хешро бисозам қурбони одамийят.

Ин тоҷикона сар, ки фармон намепазирад,
Тоҷаш бинеҳ ба торак фармони одамийят.
Апрели 2009
________
1 Самосвал.
2 Таярони мурғ дидӣ, ту зи пойбанди шаҳват
Бадар ой, то бубинӣ таярони одамият. (Саъдӣ)
3 Қуръаи фол ба номи мани девона заданд. (Хоҷа Ҳофиз)

среда, 11 сентября 2013 г.

Эй миллати фарзона, ҳакими ту куҷост?
Эй меҳани ман, лутфи қадими ту куҷост?
Афканда дилам ба пойи Албурзи ғам аст,
Симурғ! Куҷойӣ ту? Нишеми ту куҷост?

Як нима Душанбесту як нима Бухор,
Марзи ватанам аз дили ман мегузарад.
Ҳақи шиква ҳама доранд зи ҳам,
Бурд аз он аст, ки оғоз кунад.

воскресенье, 1 сентября 2013 г.

ИСТИОРА



Ҳар саре уқоби кӯҳсори мо
гарчи на каму на беш
Як паранда аст,
Ҳар паранда як уқоб нест.
Ончунон ки
офтоб гарчи як ситора аст,
Ҳар ситора офтоб нест.
Дӯстам,
бародарам,
Ман ба айни боварам,
ки ин қиёс
Аз вуҷуди мову туст:
То ки хуни гарми зиндагӣ
дар раги ману ту метапад,
Ин сабӯи сарбазери офтоб
холӣ аз шароб нест.
То ки шаҳпари умеди мо нарехтаст,
Ҳар кабӯтаре
Дар диёри мо
Камтар аз уқоб нест.

воскресенье, 11 августа 2013 г.

ҚАДР




ҚАДР


Дили бедор, пур аз савту салоӣ имшаб,
Ҳама тасбеҳу таровеҳу дуъоӣ имшаб.



Ҳарчи аз моҳ бикоҳад, ба ту меафзояд,
Ҳама нуриву суруриву зиёӣ имшаб.



Эй фалак, бо Зуҳалу Зуҳраву Хуршед маноз,
Бо ҳама дору мадорат ту зи моӣ имшаб.

Накунад, ки ба дилат ғусса биёбад роҳе,
Ки ба тазмини Ҳақ аз ғусса раҳоӣ имшаб.

Ба сарои ту фуруд омада мурғони ҷинон,
Ҳайф бошад, ту пари ҷон накушоӣ имшаб.

Чӣ шабе ҳаст, ки беҳтар зи ҳазорон моҳ аст,
Кӯш, то қисмати худро бирабоӣ имшаб.

Гар ту ҳам сӯхтаӣ, бо кафи хокистари шаб
Занг аз ойинаи дил бизудоӣ имшаб.

Банӣ Одам, банӣ Одам, банӣ Одам! Ба худ ой,
Ба Худо, ки ту на шоҳӣ, на гадоӣ имшаб.

Бар сари суфраи ифтор чу кафтор мабош,
Боадаб бош, ки меҳмони Худоӣ имшаб.

Қадри худ гар нашиносӣ, кӣ шиносад қадрат?
Ҳукм бар хеш бикун, ҳукмравоӣ имшаб.

Бо Худо бошу ба худ бош, ки ин ҷамъиятест
Баҳри ту кофӣ, гар аз ҷумла ҷудоӣ имшаб.

Бо Худо бошу ба худ бош, ки ин салтанатест,
Ки туаш бар сари авранг биёӣ имшаб.

Рамазоно, на агар хидмати мо лоиқ буд,
Лаб ба шиква бари Довар накушоӣ имшаб.

Рамазоно, ту маҳи мағфирату марҳаматӣ,
Кист донад ба чи авсоф фазоӣ имшаб.

Ба ҳилолат, ки ба мо соз ҳақи хеш ҳалол,
Ба ҳилолат, зи сари сидқ бароӣ имшаб…

Дили бедор, зиҳӣ давлату иқбол туро,
Ки саломиву дурудиву салоӣ имшаб.
28 августи 2011
_________________________
* Ишора ба ояи каримаи «Таназаллул малоикату варрӯҳу фиҳо би изни Раббиҳим мин кулли амр».
** Ишора ба мисраъе аз тасбеҳи Рамазон: «Ло таштакӣ минно ъинда РаббинарРаҳмон». (Дар назди Худои меҳрубон аз мо шикоят макун)
*** Ишора ба ояи каримаи «Саломун ҳия ҳатто матлаъил фаҷр»


قدر 

دل بیدار پر از صوت و صلای امشب
همه تسبیح و تراویح و دعای
هرچه از ماه بکاهد به تو می افزاید
همه نوری و سروری و ضیای امشب
ای فلک با زحل و زهره و خورشید مناز
با همه دار و مدارت تو ز مای امشب
نکند که به دلت غصه بیابد راهی
که به تضمین حق از غصه رهای
به سرای تو فرود آمده مرغان جنان1
حیف باشد تو پر جان نگشای امشب
چه شبی هست که بهتر ز هزاران ماه است
کوش تا قسمت خودرا بربای امشب
گر تو هم سوخته یی با کف خاکستر شب
زنگ از آیینه دل بزدای امشب
بنی آدم بنی آدم بنی آدم به خود آی
به خدا که تو نه شاهی نه گدای امشب
بر سر سفره افطار چو کفتار مباش
با ادب باش که مهمان خدای امشب
قدر خود گر نشناسی که شناسد قدرت
حکم بر خویش بکن حکم روای امشب
با خدا باش و به خود باش که این جمعیتی ست
بهر تو کافی گر از جمله جدای امشب
با خدا باش و به خود باش که این سلطنتی ست
که تو اش بر سر اورنگ بیای امشب
رمضانا نه اگر خدمت ما لایق بود
لب به شکوه بر داور نگشای امشب2
رمضانا تو مه مغفرت و مرحمتی
کیست داند به چه اوصاف فزای امشب
به هلالت که به ما ساز حق خویش حلال
به هلالت ز سر صدق برای امشب...
دل بیدار زهی دولت و اقبال تورا
که سلامی و درودی و صلای امشب.3
------
1. اشاره به آیه کریمه: تنزل الملایکه و الروح فیها باذن ربهم من کل امر
2. اشاره به مصرعی از تسبیع "الوداع" رمضان: لا تشتک منا عنده ربنا الرحمان. از ما در نزد پروردگار مهربانمان شکایت مکن.
اشاره به آیه کریمه: سلام هی حتی مطلع الفجر.3.

суббота, 6 июля 2013 г.

Худоро биҷӯед


Худоро маҷӯед аз осмонҳо, 
На аз ахтарону на аз каҳкашонҳо. 
Худоро биҷӯед аз тинати хеш, 
Зи дилҳо, равонҳову аз мағзи ҷонҳо. 
Худоро биҷӯед аз чашми пирон, 
Ки ҷӯянд аз одамият нишонҳо. 
Худоро биҷӯед аз лафзи тифлон, 
Ки афришташон мениҳад бар забонҳо. 
 Худоро биҷӯед аз меҳр, аз сидқ, 
На аз кинаварзиву не аз гумонҳо. 
Маҷӯедаш аз кохҳои забарҷад, 
Ки хуш оядаш хаймагоҳи шубонҳо. 
Куҷо ҳаст бемор, бемордор ӯст, 
Биҷӯедаш аз маҳзари нотавонҳо. 
Нишонӣ чи пурсед, ӯ бенишон аст, 
Агарчи ҳам аз ӯст ҷумла нишонҳо. 
Маконаш чи пурсед, ӯ ломакон аст, 
Ҳам аз ӯст гарчи макинҳо, маконҳо. 
Худо меҳрбон аст, агар меҳрбонед,
Худо бо шумояст, эй меҳрбонҳо.


ЛАВҲ


Лавҳи паймони мо дорад муҳри сабзи Худо, Меҳан, 
Санги кӯҳат ба сар бодам, гар бипӯям хато,Меҳан. 

Пок ойинаи ойин ҷавҳар аз хоки ту дорад, 
Меҳр бо хоки поки туст суннати Мустафо, Меҳан. 

Кони санги сабурӣ ту, махзани обу нурӣ ту, 
Осиё аз ту гардонаст дар ҳама Осиё, Меҳан. 

То ба номат кунад таҳрир қавми ту сарнавишташро 
Панҷа дар панҷа афканда борҳо бо қазо, Меҳан. 

Посдорони хони хеш, дар кафи даст ҷони хеш, 
Нест халқе чу халқи ту дар ҷаҳон порсо, Меҳан. 

Мешиносам ҷаҳонатро, ҳафт ранги камонатро, 
Шуълаи Ховаронатро нест ранги риё, Меҳан. 

То наболад зи ҳоли ту душмани бадсиголи ту, 
Санъати ошиқони туст гиряи бесадо, Меҳан. 

Чун тавонам адо кардан поси ин ошноиро 
Ман, ки будам тамоми умр бо ғамат ошно, Меҳан. 

Муҳра аз меҳри ту дорад қомати интизоронат, 
Чашми шабзиндадоронат гирад аз ту зиё, Меҳан. 

Шоҳрӯди забони мо то равад бар равони мо 
Аз ниҳоди ту меҷӯшад масдари бефано, Меҳан. 

Меҳваре ҷуз ливои Меҳр бар ситеғи ту поё нест, 
Парчамат офтоби туст, матлаъи Ориё, Меҳан.

БА ЧАШМ

БА ЧАШМ

Ёр гуфт аз кӯйи мо бо сар гузар, гуфтам: ба чашм.

Нақши худро ҳам бишӯ з-ин раҳгузар, гуфтам ба чашм.

Гуфт: ғамҳои маро дар дил нишон, гуфтам: ба ҷон.

Гуфт: ҳар нози маро бо зар бихар, гуфтам: ба чашм.

Гуфт: гардун гар ба коми мо намегардад даме,

Ҳарду оламро бикун зеру забар, гуфтам: ба чашм.

Гуфт: дар шаб гар намебинӣ маҳи рухсори ман,

«То саҳаргоҳон ситора мешумар, гуфтам: ба чашм».

Гуфт: нахли меҳри ман аз хуни дил сероб дор,

То нахушкад ногаҳоне ин шаҷар, гуфтам: ба чашм.


Гуфт: ҳар гоҳе, ки ҷон хоҳӣ супурдан аз дигар,

Як ишорат кун ба сӯям мухтасар, гуфтам: ба чашм.

четверг, 4 июля 2013 г.

ИН ИЛОҲАИ ҒАЗАЛ


ИН ИЛОҲАИ ҒАЗАЛ

Ин ғизолро нигар,
Ин ғизолро бубин,
ки яшми чашми ӯ
Шоирони чанд қарнро 
лол кардааст.
Аз худои меҳрубони хеш
Беш аз ин чи хоҳӣ,
эй башар!
Ӯ ки хуни ин илоҳаи ғазал - 
турфа шоҳкори хешро

Барои ту
Ҳалол кардааст