среда, 11 мая 2016 г.

АЗ ҲАР ДАРЕ

АЗ ҲАР ДАРЕ
Дар андаруни мани хастадил надонам кист,
Ки ман хамушаму ӯ дар фиғону дар ғавғост.
(Ҳофиз)
Даргоҳест майлам нест чизе бинависам, балки майл ҳаст, аммо танаффуре, баде дастамро аз қалам боз медорад: зеро мебинам ҷаҳон пур шуда аз навиштаҳову гуфтаҳо, аммо бисёр кам асарашро дар кирду кори мардум мебинам ва аз худ агар қиёс бикунам, ҳатто дар кирдори онон, ки худ менависанду дигаронро андарз медиҳанд ва ба дигарон «рози ҷаҳон»-ро мекушоянд. Ҳануз, ки ин андеша нав зуҳур мекарду лабамро аз гуфтан набаста буд, рубоие сохта будам:
Мардум ба фиреби хештан ночор аст,
Хӯ карда ба ботилу зи ҳақ безор аст.
Сад бор бигуфтанду касе огоҳ нест,
Пас хурда магир, агар сухан такрор аст.
Ва дертар дарёфтам, ки ин узрест, ки пургӯии худро мехоҳам ҳақ бинамоям. Истодам, истодам, охир таҳаммул наёвардам. Гаронтарин бори дунё хомушист ва албатта барои касе, ки чизаке гуфта метавонад. Боре Ҳофиз мехондам. Он соати шаб буд, ки даре ба дунёи Ҳофиз кушода дошт ва ногаҳ дарёфтам, ки Хоҷа бо вуҷуди ҳама тавони суханварӣ ва ҳама нозишҳояш аз ҳунари хеш чи қадр мехост замоне дар фароғатхонаи хомушӣ биёсояд, аммо ба зиндагӣ, на баъди марг. Хомуш бошаду бузургии худро эҳсос бикунад, чун Замин, чун Осмон чун Абадийят.
Аммо намеёристанд. Бедил ҳам. Бедил бузургтарин сайди сайёди олами вуҷуд буд. Дар доми Ҷаҳон аз Адам кам меуфтад чунин сайде тапанда, ки мехоҳад домро дарҳам бишканаду берун биравад, на аз сӯрохи дом. Аммо медид, ки дигар раҳоӣ нест. Риштае ба дарозои Ҷовидон дар пой дорад – НОМ!
Ҳамчу Анқо куҷо равам Бедил?
Гум шудан ҳам суроғ мегардад.
Дар тадбири озодӣ дер кард. Дер фаҳмид. То донист, ки садо берун дода буд ва аз гирифтории хеш оламро огоҳ карда буд:
Бедил чи мушкил аст зи дунё гузаштанам,
Як нола доштам, ки зи ҳафт осмон гузашт.
Он қадар монда буд, ки номро ба баландои осмони озодандешии худ бубардорад. Вуҷудро ба андозаи Адам вусъат бубахшад ва ба худ нидо дардод:

Эй Адам, номе ба даст овардаӣ, мавҷуд бош!

Бо ин ҳама то охир узри сухан гуфтан дар лаби ишон боқӣ монда:

Суханҳо доштам аз дастгоҳи илму фан, Бедил,
Ба хомӯшӣ яқинам шуд, ки пур беҳуда мегуфтам.

Пас кутаҳназарист агар мо гумон дошта бошем, ки инсонҳои бузург Ҷовидонагиро беҳин саодат медонистанд ва талошашон бар он буд. Ҳамчунин онҳо ба маҳзи касеро башорат додану андарз хондан сухан нагуфтаанд.
Бо худ гуфтугӯ доштанд. Гуфтанд, ки ногуфта наметавонистанд. Хомуширо таҳаммул накарданд. Зеро вуҷуди ҷовидон гирифтории ҷовидон аст. Чи номҳои ҷовидоне, ки парчами дасти касоне шуданд, ки худ ҳаргиз чунин касонро намеписандиданд.
Сухан ин ҷо гусастамаҳор аст вагарна гӯяндаро чи нисбатест ба ин бузургон. Аммо ният ин буд, ки аз қолабу меъёр наандешам бубинам, то чи ғаммозиҳое дар нутфаи қалами мо нуҳуфтааст.
Мо то дигареро дар муқобил нагузорему сухан нагӯем, намедонем чи андеша дорем ва чи мехоҳем, балки намедонем чи касем. Ҳофиз:

Ҳоли дил бо ту гуфтанам ҳавас аст,
Хабари дил шунуфтанам ҳавас аст.

Бигӯеду худ низ гӯш кунед, то чи мехоҳеду чи медонед ва чиро намедонед.
***
Бар хилофи ҳар ҳикмате ҳикмате метавон ёфт. Зеро ниёзи мардум ба сухан вобастаи ҳол аст, ки агар ҳол бигардад, ниёз дигар шавад.
***
Сухан гуфтани одам лабрез шудани ҷомро монад. Ҳар қадр ҷом гунҷоии зиёдтар дошта бошад, дертар лабрез мешавад ва ҳар қадр камтар зудтар.
***
Агар маъниро иёр бишносем, дар дунё ҳикмати нав нест, ҳама ҳикмат гуфта шудааст. Аммо паҳнои майдони суханварӣ аз он аст, ки табъи мардумӣ ишваписанд аст ва ҳар маънии куҳан ӯро дар либоси нав пазиро мерасад.
***
Сухан тирест, ки бояд охир аз ҳар тири дигар андохта шавад, аммо чун даст ба камон барӣ, аввал он меҷаҳад ва ту ҳанӯз нишонро нашинохтаӣ.
***
Худкушӣ охирин чораи дарди худпарастист.
***
Нақде, ки ҳич кас онро рабуда натавонад, худшиносӣ аст.
***
Хатои маҳз аст, ки барои кирдори касе ба каси дигар айб бигиранд ва ҳамчунин касеро аз пушти ҳунари каси дигар биситоянд.
Агар падар асту агар писар аст,
Каси дигарӣ каси дигар аст.
***
Гоҳе, ки падареро таън мегирем аз он ки пандаш дар фарзанд дар намегирад, боре ба худ бояд тааммул бикунем, ки ҳар рӯз мо чӣ қадар пандеро, ки бар худ додаем ботил мекунем.
***
Камтарин кори нек аз беҳтарин сухани нек беҳтар аст.
***
Мо он қадар ба дурӯғ одат кардаем, ки дастикам бояд ҷомаи ростиро аз дурӯғ шероза бидузем ва баъд бипӯшем.
***
Дурӯғ фарзанди тарс аст, ки чун бузург шавад хиҷолат мезояд.
***
Агар бихоҳем, ки аз ҳама андарзҳо фориғ бошем, бояд пайваста кор бикунем.
***
Ман ҳайронам аз кирдори ононе, ки ҳасади худро урён медоранд вале авраташонро мепӯшанд.
***
Ҳасад дарди оҷизонест, ки умеди даво надоранд.
***
Одамон он тадбир ва қудратеро, ки дар бадбахт кардани якдигар харҷ мекунанд, агар ҳар кадом барои хушбахт кардани худ сарф мекард дар дунё ягон бадбахт боқӣ намемонд.
***
Бадтарин нафс нафси шӯҳрат аст, ки ҳаргиз ором намегирад.
***
Гуфтам: Ҳар кӣ бар хештан ҳукмраво гардад, бар ҳарчи хоҳад тавоно бошад. Гуфт: Вуҷуди нодонеро чун мум нарм кунеду дар дасти худи ӯ бидиҳед, шояд гӯсолае бисозад.
***
Мо ҳамеша аз дигарон зиёда аз он мехоҳем, ки аз худ хоста бошем. Ин аст, ки ҳамеша аз дигарон шикоят бар лаб дорем.
***
Дурӯғи маслиҳатомез фитнаи мавқуф дорад.
***
Бештари маврид арзи одоб узри тарсуист.
***
Худситоӣ нӯшхор кардани гови серро монад.
***
Дуне ба василаи некӯкоре ба ҷоҳу ҷалол расид, пасон бад-ӯ носипосӣ карду дилашро шикаст. Касе гуфт: Ин ҷоҳил бар бом баромаду нардбонро шикаст. Ва ӯро, ки фуромадан дар пеш буд, акнун ҷастан дар пеш аст.
***
Ҳақиқат урён аст ва дурӯғ пирояҳои рангин дорад.
***
Вақте ки ман дидам, замини урён чи қадар зебост, чи қадар шаҳомат дорад ва чи қадар накҳати хуш мепароканад, ҳама рӯйидаҳо: гулҳои хушрангу хушбӯ, дарахтони тановару бузург дар назарам хор шуданд.
Кош мабдаъу манбаъи ҳастиро чунин урён дармеёфтам.
***
Некии боминат луқмаи заҳролуд аст.
***
Озодии мутлақ дар танҳоии мутлақ аст. Он ҷо ҳам агар нафс набошад.
***
Агар хоҳед, ки якумр накӯкор бимонед, ҳаргиз чашмдори сипосгузорӣ набошед.
***
Истеъдод якаву ягона корфармоест, ки ҳич кас аз ҳукми он сар печида наметавонад.
***
Биозмой. Агар тавонӣ, ки бандааш бошӣ, пас бидон, ки дӯсташ медорӣ.
***
Дар он дунё аз ин дунё мепурсанд ва дар ин дунё ҳам аз ҳамин дунё.
***
Решаи ҳамаи ранҷҳо дар коҳилист ва решаи коҳилӣ дар ноумедӣ.
***
Устод ду шогирдро, ки дар табъ бо ҳам хилоф доштанд, ба деҳе фиристод барои тафтиши аҳвол. Чун бозгаштанд, яке лаб пур аз ситоиш дошт ва дигаре пур аз накӯҳиш. Устод гуфт:
Агар зи мулки Ҳабаш мерасад ҷавонмарде,
Ҳама сапедиву покӣ бувад раҳовардаш.
В-агар зи Каъба биёяд касе фурӯмоя
Набинӣ ҳеч ба ҷуз чеҳраи пур аз гардаш.
***
На ҳар бигзашта аз ҷон қаҳрамон аст, чу ҷон аз ибтидо худ ройгон аст.
***
Шӯҳрати ҷовидон хатари азим дорад – бадномии ҷовидон.
***
Вақтро дидам, ки дар болои шаҳр парвоз мекард ва ба соатҳои хурду бузург менигаристу табассум дар лаб дошт.
***
Ҳич кас бар ман он қадар ҷабр накарда, ки ман бар худ кардам.
Зеро ҳич вуҷуде бароям дастрастар аз вуҷуди худам набуд.
***
То дар олам як инсони бадбахт ҳаст, ҳич инсоне наметавонад комилан хушбахт бошад.
***
Худкушӣ қиёми оҷизонаест барои тасдиқи хештан, ки бо ҳич чизаш тасдиқ карда натавонистем.
***
Агар мо худро худ ба дунё меовардем, он гоҳ шояд ба худкушӣ ҳақ медоштем.
***
Марде писарашро шино меомӯхт. Моҳии пире кӯдаконашро мегуфт: Ин мардро падараш аз ҳамин дарё бароварда буд, то хушкравӣ биёмӯзадаш.
***
Бисёр вақт мо корҳои ҳақиқиро дар танаффуси корҳои беҳуда мекунем.
***
Битарсед аз касоне, ки аз шумо метарсанд.
***
Сухани ҳақ ҳамеша мухтасар аст.
***
Агар касе туро меситояд, бидон, ки порае аз хештанро дар ту дарёфтааст.
***
Ҳар чизеро, ки гум кардаму дигар наёфтам, донистам, ки аз ман набудааст.
***
Дурӯғ силоҳи заъифон аст.
***
Мояи шеърӣ дар сухан овардан, зораву илтиҷоест, ки сухани моро бипазиранд.
***
Агар табъи башар ибратпазир мебуд, як китоб бас буд.
***
Эй басо сухане, ки ҳакимона намояду моро ба ваҷд биёрад ва чун таҳқиқ бикунем, фақат он қадар буда, ки донистаи моро тасдиқ карда.
***
Дар дунё бад бешумор аст ва бархӯрд бо бад ногузир. Ягона роҳи наҷот ин аст, ки дар муқобили ҳар баде, ки мерасад, чанд сифати нек бар худ биафзоем.
***
Агар ҷуръати шамшер задан надоред, онро бароҳехтан нашояд, ки вопас дар наём карданаш сахт хиҷолате дорад.
***
Шамшери рост ҷо нашавад дар наёми каҷ.
***
Мардум! Бар якдигар заҳр назанед, ки исрофи беҳуда аст. Ҳамаи мо аз заҳри зиндагӣ саршорем.
***
Бузургтарин мӯъҷизаи ҳастӣ он аст, ки тасаввуроти мо дар хусуси зиндагӣ бо ҳам мувофиқат бикунад. Иқтидори мо низ дар ҳамин аст.
***
Ман ҳайронам, ки қатлро ҷазои олӣ мешуморанд. Қатл ҷазои мақтул нест. Ҷазои қотилон ва наздикону судбарони мақтул аст.
***
Мо ҳама аз зиндагӣ менолем, вале агар аз рӯи инсоф доварӣ бикунем, хеле кам бад-он сазоворем.
***
Вақте ки мо бар нуқси касе ниҳонӣ механдем, ӯро ҳақ додаем, ки бо он нуқс дар миёни мо бошад.
***
Бар айби касе тавон нукта гирифт, ки худ тавонед, он айбро аз ӯ дур кунед.
***
Диламро бо заҳмати зиёд шикастанд ва бо таъну хашм гуфтандам:
Аҷаб сангдиле будаӣ!
***
Кӯдаке маро аз рӯи сурат мешинохт. Боре дучор омадаму аз ӯ пурсидам: Ман киам? Гуфт: Сурат. Ин посухе буд, ки дергоҳ меҷустамаш.
***
Бахшиш мехоҳам аз ононе, ки некандешам буданду боварашон накардам. Ва низ пузиш мехоҳам аз ононе, ки бовари ман имконашон дод то бадӣ кунанд.
***
Мо ба суроғи диёри тифлии худ меравем, аммо онро ҳич гоҳ чуноне ки буд, намеёбем. На барои он, ки шаҳру деҳи мо дигар мешавад, балки барои он, ки тасаввуроти мо аз муҳиту одамон ва пазириши мо аз ангезаҳои берунӣ тағйир меёбад.
***
Ҳар ки инсонеро мекушад, инсониятро дар худ маҳв мекунад.
***
Калиди хонаамро гум кардам. Чизе ҷустам ба ҷои калид, ҷуз қалами ҷайбам наёфтам. Дарро ба қалам кушодам. Гуфтам дар биёбоне танҳо ҷон бар лабам омада ва бо нӯги қалам гӯри худро мекобам, оё ҳамеша чунин нест!?
***
Ишқ бо он устувор аст, ки бесухан гуфтугӯ карда битвонед. Зеро чун сухан ба миён омад, риёро ҳамроҳ дорад.
***
Одамиро чашми дигар аз пушти сар мебоист, то гузаштаи худро фаромӯш насозад.
***
Дар андаруни шумо ба ҳар чизе пок ниёз биҷӯшад, бидонед, ки бар он ҳақ доред.
***
Камтарин зарраи олами вуҷуд аз бузургтарин офаридаҳои маънавии мо пояндатару ғанитар аст.
***
Мо дуру дароз машқи мурдан мекунем, ними умрро мехобем.
***
Қадри ҳақиқии инсонро танҳо модарон медонанд, ки дар офариданаш ранҷи азим кашидаанд.
***
Зиндагӣ дар пои модарон ҳалқа задаст – модаронро модарон мезоянд.
***
Ҳар суханеро, ки гуфтаам, бигӯянд: сухани ту нест, наранҷам. Сухан то он гоҳ аз мост, ки нагуфта бошемаш.
***
Лаҳзае, ки чеҳраи солдидагон аз нури ҳаё фурӯғ мегирад, симои тифлии ишон падид меояд.
***
Сухани баландро ҳоҷат нест, ки баланд бигӯянд.
***
Сафедӣ танҳост. Ҳама рангҳои дигар ёрони сиёҳианд.
***
Василаҳои одии зиндагӣ бояд ба одам ройгон бахшида шаванд.
Зеро ин василаҳо аз ибтидо ройгон вуҷуд доштанд. Ва агар пардохте аз одам талабида мешавад, бояд фақат дар муқобили он чизе бошад, ки беш аз васоили зиндагии одиву маъмулист.
***
Мо ҳама чизро ба андозаи ҳиммати худ сазоворем.
***
Инсон танҳо як лаҳза пеш аз марг мефаҳмад, ки зиндагӣ чист.
***
Ҳама гуна инсон дар лаҳзаи мурдан пок ва бузургвор аст.
***
Гуфтугӯ дасту по задан аст барои мутакко ёфтан.
***
Забони мардон шамшер аст.
***
Марг яке аз ҳодисаҳои зиндагист.
***
-Эй сангпушт. Чаро ин қадар оҳистаӣ?
-Ту, ки мешитобӣ, суроғи манзил дорӣ. Ман чи шитобам, ки манзили худро бо худ дорам.
***
Зиндагӣ монанди мошини пурборест ва дар ин роҳи дарози ноҳамвор моро он қадар медаконаду, метаконад, ки ҳар касу ҳар чизро дар ҷои худаш менишонад.
***
Аз Қазоқистон баргаштам. Дар деҳ пурсиданд: чӣ ҷоест? Гуфтам: Саросар биёбонест, ки ҳич кӯҳу тепа надорад. Пирон сукут карданд: яъне инро бе ту ҳам медонистем. Аммо бачаҳо хандиданду гуфтанд:
Пас офтобашон аз куҷо мебарояд.
***
Рӯбоҳро бачагонаш пурсиданд: Фил чи гуна аст? Гуфт: Як ваҷаб дум дорад.
***
Хомушии шумо он гаҳ арзиш дорад, ки шумо сухан гуфтан ва беш аз ин фасеҳ гуфтан битавонад.
***
Қонун мадҳияест, ки бар ифтихори зӯроварон эҷод мекунанд.
***
Бузургӣ он аст, ки вуҷуди худро дар ҷовидон эҳсос кунед, хирадмандӣ – дар таърих ва хушбахтӣ – дар ҳамон лаҳзае, ки ҳастед.
***
Одамӣ то манзили охират ҷои худро дар ҷаҳон ҷустуҷӯ мекунад.
***
Орзуҳо ба дӯстони хасакӣ бисёр шабеҳанд: То иқтидори кӯшишу коре дорем, дар муҳити вуҷуди мо яке ҷои дигарро танг мекунад. Ва ҳамин, ки дар мо асари заъфу нотавонӣ падид омад, аз мо фирор мекунанд.
***
Зодан ва мурдан – ин ду ҷоми софи яқин аст ва боқӣ ҳама олудаи дурди шубҳа.
***
Аз андеша то сухан ва боз аз сухан то кирдор роҳи дарозест, аммо гоҳо аз андеша то кирдор роҳи чапғалатест, ки суханро дар ҷаҳони мо хати масдуд мешавад. Вой бар ҳоли сухан.
***
Моро куштан осон аст, ки худ бад-он майл дорем. Куҷост зӯрманде, ки моро ба дари марг раҳ надиҳад?!
***
Тавонгаре бо басе исрор як даста китоб бар ман тақдим кард. Маълум шуд, ки дар хонааш ҷое барои ин китобҳо намондааст. Бо худ гуфтам: Чи андарзҳоем додаанд, ки бад-ин тақдим монанд аст.
***
Ҳич кас ҳаққи моро комилан адо намекунад. Ҳатто кӯҳ бо он бузургӣ ними садои моро пас медиҳад.
***
Ҳангоми андӯҳ сурудан наметавон, магар он, ки андӯҳ зебо бувад ва эҳсоси зебоиро дар мо барангезад.
***
Дунёро бисёр ба чашми соҳиб мабин: Нафасҳое, ки андаруни ту шуданд, куҷо шуданд?
***
Зиндагӣ сарфи кашокашу пас додан аст: Аз нафас то ҷон.
***
Он гоҳ сарнавиштро дар ихтиёр медоштем, ки агар чун Худованд ҳама оламро дар ихтиёр дошта бошем.
***
Бадкирдороне, ки дар сиришташон заррае некӣ ҳаст, дар баробари сухани нек ва кирдори нек монанди сармохӯрдагоне мешаванд, ки якбора ба гармӣ расидаанд.
***
Аз маъонии муҷаррад оне, ки беш аз ҳама ташбеҳи муҷассаму номуҷассам ёфтааст «зиндагист», зеро ҳама чизу ҳама ҳол аз симои зиндагӣ нишоне дорад.
***
Тарки одат аз он душвор аст, ки ошноеро аз даст додан ва ошнои дигар ёфтан душвор аст: Мо дар худ барои худ бо маҷмуаи хислатҳо ошное дорем ва агар яке аз ин хислатҳоро тарк бикунем, мебинем, ки комилан каси бегона дар баробарамон истодааст.
***
Хислат чи хубу чи зишт симои мушаххасест, ки муҳит онро ба мо мебахшад ва бо он моро мепазирад.
***
Агар чашми дил ва чашми хиради мо кушода шавад, атрофамонро пури чизҳое мебинем, ки дар олами рӯъёву орзу мепарастидем.
***
Дил мисли тифли худрою дилҷӯест, ки нозашро мехарем ва ақл мисли падари ботадбирест, ки аксар аз ҳукмаш сар мепечем.
***
Вақте, ки дил аз умедҳо тиҳист, ҷаҳон ба вусъати биёбонест, ки дасти ману пои ман ба ҷое намерасад ва агар бирасад низ сари бардоштанаш нест.
***
Бархезу қад алам кунун қадам бардор. Наметавонам гуфт, ки ба ҷое хоҳӣ расид, аммо узри ту фардо маънӣ хоҳад дошт.
***
Решаи ҳама гуна истеъдоди поянда дар эҳсоси баланди ҳақталабист.
***
Қасам сақичи дурӯғгӯён аст.
***
Хамӯшӣ ҳунар аст ва ҳунари волотар он аст, ки матлаби худро мухтасар арз бикунӣ.
***
Беҳтарин неъмати ҳастӣ эҳсоси зебоист.
***
Касеро ба надоштани чизе, ки аз ту нахостааст, хурда гирифтан нашояд.
***
Барои Худованд дар дили ҷоҳилтарин мардумон ҳам гӯшае ҳаст.
***
Агар дар сиришти мардум лаззати ғайбат намебуд шӯҳрати мардон ба баъди марг мавқуф намемонд.
***
Вақте ки мо хобидаем шабу рӯз чи тафовуте дорад.
***
Бо орзуҳо мо аз он сӯйи марги худ зиндаем.
***
Мастӣ аз май ё аз чизи дигар нест, балки аз нерӯҳои андарунии худи мост, ки онҳоро бармеангезем ва дар лаҳзаи кӯтоҳ ба миқдори бузург бераҳмона исроф мекунем.
***
Дидам, ки гуна-гуна ва тӯда-тӯда воизон бутҳоро дасту по баста дар миёни мардум меронданд ва ҳар кадом бонг мезаданд, ки: Худои ростин худои мост! То ки онро бифурӯшанду машғули айшу нӯш шаванд ва пас ӯро фаромӯш кунанд.
***
Мардум худ кам баҳра мегиранд аз он чизе, ки ба дигарон мефурӯшанд.
***
Бештари хоксорону тавозӯъкорон худпарастонеанд, ки бар худ аз мардум шафқату навозиш металабанд.
***
Сахттарин эҳтиёҷ он аст, ки барои шинохтани худ ба чашму забони дигарон ниёзманд бошем.
***
Шӯҳрат чун пӯфаки сӯрох аст ва онро беистод бояд пӯф кунанд, то дам бошад.
***
Дар зиндагӣ фақат якчанд лаҳза (агар Худо диҳад) пеши чашми мо рушан асту халос.
***
Вақте ки сухан кироист, эҳтиёҷ ба хушгӯӣ нест.
***
Вақте ки ҳайвон мегиряд аз инсон ҳич фарқ надорад.
***
Бисёр аз носеҳон дигаронро мегӯянд то худро бишнавонанд.
***
Дар дунё ҳама чиз омада аст. Фақат онро ёфтан даркор.
***
Замоне эҳсос мекунед, ки ҳич гуфтание надоред, бидонед, ки инсоф бар шумо пирӯз аст.
***
Хамӯшӣ забони муштараки мову Табиат аст.
***
Ҳастӣ моро гирифтори худ месозаду пас аз мо фирор мекунанд.
***
Бонги хурӯси субҳгаҳӣ хуштарин навост, дар шом агар баланд шавад, наъраи балост.
***
Хари мошинсуворро дидам, таъна бар харсуворҳо мезад.
***
Агар мо ҳастии худро танҳо вобастаи замони ҷонварӣ бидонем, мегӯем, ки пеш аз ин набудем ва баъд аз ин нестем, ва агар аз ин бигзарем, метавонем гуфт, ки пеш аз ин будем ва баъд аз ин низ ҳастем.
***
Мо сайди тапандаем дар дом. Ва осори мо парҳои рехтаи мост.
***
Кӣ медонад, ки қатраи ашки ӯ то кадом уқёнус расидааст.
***
Душманони шумо беш аз худи шумо корномаҳотонро чашмдоранд.
Зеро ҳарос ҳама чизро аз будаш бузургтар мегардонад:
Гар бар муроди худ нарасам ҷои таън нест, то интизори душмани худро бароварам.
***
Гоҳе, ки корҳо бароямон бозианд, моро намегузорад. Ва гоҳе, ки бозиҳо кор мешаванд, моро мегуморанд.
***
Ононе, ки ҳич чиз намехоҳанд, ҳама чизро мехоҳанд.
***
Мо бар басо чиз нози бениёзӣ дорем, ки худ сазовораш наем.
***
Вақте ки муҳит маро аз ҳама ҷо танг мекунаду меронаду то сари нуқтаи коғазу қалам меораду қаламро мегираму аз фишори муҳит хуни ман аз нӯги қалам қатра, қатра, қатра мечакад, эҷод аст.
***
Ман агар сарнавишти калимаҳоро бидонам, бо эътимоди комил метавонам гуфт, ки таърихи зиндаи инсониятро медонам.
***
Хоксорӣ ва тавозӯъе, ки аз нотавонист, миннати ройгонест бар гардани дигарон.
***
Рӯйи инсон чеҳраи афкору эҳсоси ӯст ва зебоиву зиштиаш аз ин эҳсосу афкор бармеояд.
***
Бояд бими маргро аз худ биронем, то ба ростӣ зиндагон бошем.
Вагарна ҳама куштаҳои бими маргем.
***
Дар одоб аз ҳама эҳсоси инсонӣ бештар хавф саҳм дорад.
***
Зебоист, ки моро аз инкори Парвардигор бозмедорад.
***
Волотарин нуктае, ки зебо нест ҳич паёмади хуше надорад.
***
Қаҳрамонӣ шуҷоатест, ки зебоиро ҳамроҳ дорад.
***
Роҳ, суруд, табиати зебо ва рафтан… Чаро май?
***
Дафтари ман – Ҷазирачаи Озодии ман, ки бо як пои қалам дар ин ҷо рост истодаам.
***
Эй дӯст, ғаматро куҷо мебарӣ? Ки ҳама бозорҳои ҷаҳон аз ин матои касод пур аст.
***
Арҷи ҳама гуфтугӯҳо дар фосилаест аз гуфтаҳои пайғамбар то пайғамбари дигар.
***
Муддаои бузургтарин китоб дар як ҷумлаи сода мегунҷад.
***
Хушбахтарин ва низ бадбахтарин вожаҳо номҳоянд.
***
Офаридгории инсон дар он аст, ки дар пайкари чизҳо равони вожаҳоро дамидааст.
***
Бартарии шоирон бар дигарон он аст, ки аз вожаҳо бархурдоранд ба ҷуз аз роҳи ҳӯшу гӯш бо ҳама нерӯи неруи андарёфти худ.
***
Ало ҳушёрон! Бидонед, ки ҳич фоҷиаеро бар сари инсоният девонагон наовардаанд.
***
Ман аз афкори бардавом гоҳе осудаам, ки дар ҳузури мутафаккире қарор дошта ва эътимоди худро билкулл ба афкори ӯ пайваста бошам.
***
То он гаҳ, ки ғараз аз сухан чизи дигарест, худи сухан чизи дигарест.
***
Агар шуҷоат кофӣ бошад, ҳама чиз кофист.
***
Ба додгустарӣ одилонро бихоҳед. Агар олим нест, боке нест.
***
Ҳаққи гила аз ҳамдигар вобаста бар он аст, ки пештар кӣ оғоз мекунад.
***
Агар тааммул кунем, дармеёбем, ки беш аз ҳар каси дигар худро фирефтаем.
***
Шахсони бадгумон бештар аз маънии аслии калимаҳо ба маънии маҷозии онҳо эътимод доранд.
***
Замоне ки ҷисми шумо ва андешаву эҳсоси шумо покизаву зебост, камтар аз обиде нестед, ки дар намоз истодааст.
***
Моро ба такрор субҳ мезояду шаб мекушад. Аммо ҳич не, ки қимати зиндагиро бишносем.
***
Субҳу шом монои ду даст аст, ки аз силии яке мадҳуш мешавему аз силии дигаре ба ҳуш меоем.
***
Бовар ба тақдир касонеро судманд аст, ки ҳич гуна эътиқоде ононро аз талошу кӯшиш боз намедорад.
***
Яке аз баҳраҳои нақди намоз дарёфти доимии замон аст.
***
Агар чорае надоред, вомондаро аҳвол мепурсед. Ва агар давое надоред ангушт бар ҷароҳат назанед, ки ҳар ду боиси озори бефоида хоҳад шуд.
***
Агар умедҳо дар дил бимиранд, инсон якумр маҳкуми он аст, ки ҷанозаи худро бар дӯши худ бубарад, то он, ки бар дӯши дигаронаш биниҳад.
***
Ҳангоме, ки оҳанги рӯҳнавозеро мешунавам, эҳсос мекунам, ки дар вуҷуди инсон ҳаст чизе волотар аз имконоту арзиши муқаррари ӯ ва аммо ин нуктаро дарнаёфтаам, ки ин эҳсос дар асли вуҷуди инсон аст ва ё таманнои ӯст, ки ҳаргиз бад-он нахоҳад расид.
***
Баҳси судманд оташест, ки бар он чизеро пазанд ва баҳсе, ки ба маҳзи худнамоиву ҷаҳолат аст бад-ин монад, ки зери деги холӣ оташ афрӯхта бо кафгир табл мезанад.
***
Ҳич кадоме аз паямбарон ба ихтиёри хеш паямбарӣ накардааст.
***
Аблаҳтарини касон метавонанд айби хирадмандонро бубинанд. Аммо барои фазилаташонро дарёфтан ба ҳамон андоза хирадманд бояд буд.
***
Инсон гоҳи мастӣ аз корҳое менозад, ки дар ҳушёрӣ карда. Яъне аз кардаи дигаре менозад.
***
Лофу худситоӣ аз кори худ исрофи бехирадонаи сарватест, ки бо заҳмату машаққат андӯхтаем.
***
Агар мо бар якдигар миннат наниҳем, ҳамагӣ сипосе аз якдигар дорем.
***
Миннати мо қарзи сипосро аз гардани дигарон мебардорад.
***
Ҳар кӣ бар худ ошиқ аст бар дигаре ошиқ натавонад шуд .
***
Агар ба дасти яке аз мо ҷоме оби ҳаёт биниҳанд, яқин ӯро чунон ҳаросу андешае фаро мегирад, ки гӯё ҷоме заҳр дар даст дошта бошад.
***
Вақте ки мо аз дигаре мӯҳлати адои кореро мепурсем, пайваста дар он фикрем, ки то чи ҳад таъхир метавон кард.
***
-Гандум, гандум, туро ки медаравад?
-Он, ки корид.
-Кӣ мехӯрад?
Он, ки коштан фармуд.
***
Агар замин таҳаммул мекард, хуршед гирдаш мечархид.
***
Хоб диданҳои мо чист? Фирори равони пӯёву ҷӯё, аз пайкари осоишпарасти мо.
***
Агар чароғи шабзиндадорон бимирад, хуршед роҳи ин хокдонро гум мекунад.
***
Дил марғест, ки ғаллаи ғамонаш мечаранд. Ва он қадар амонаш медиҳанд, то гиёҳе тоза сар барзанад.
***
Чун мо худакон якдигарро ношумордорӣ мекунем, чи менолем аз беқадримон пеши Чархи Фалак?!
***
Ҳар рӯз порае бо худ гуфтугӯ бояд кард, то забони дарунро фаромӯш накунем.
***
Чи растохезест дар ин овардгоҳ! Мурдагон якдигарро мекушанд.
***
Ҳангоме ки мо бар якдигар вонамуд мекунем, ки ҳақиқатро дар бағал дорем, ҳақиқат аз арши худ бо лабханде бар мо менигарад.
***
Мо ҳама аз Замон менолем. Оҳ, агар Замон забон медошт, чи фарёдҳое аз дасти мо мекард!
***
Зебоӣ аз роҳи чашм ба дил меояд ва дил онро бо хун меомезад.
***
Ногуворӣ, ногуворӣ, эй он, ки бар шираи буди худ паёпай об мерезӣ то ҷомат дар чашмҳо пур намояд.
***
Ҳақиқат озодист. Чи талош мекунед, ки озодиро дар банди сусти пиндори худ дароред?!
***
Видоъ кардан ба сарзамине, ки яқин дорӣ дигар ҳаргиз он ҷо нахоҳӣ расид монанди видоъ бо як пора зиндагӣ аст.
***
Ҳар саҳар дидори ёрон бад-он монад, ки баъди бехудӣ вуҷуди худро даст-даст мекунему буди худро дармеёбем.
***
Эй дил, ту бад-ин шукӯҳи хунафшонат, хуршеди фурӯравандаро мемонӣ.
***
Инсон бо сад ҳазор асбоби парвоз ба парвози мурғон ҳасад хоҳад бурд.
***
Ҳама завқи фармонравоӣ доранд. Ҳатто кӯдаконе, ки қудрати гиряи худро шинохтаанд.
***
Шинохтани чизе ибтидои ғолибият бар он аст.
***
Чун дар зодан ва мурдан ихтиёр ба мо нест, дар ин миёна ихтиёроти мо чи арзише дорад?
***
Басо касон, ки «сар ба ҷайби тафаккур фуру» мебаранду аз остини таассуб бадар меоранд.
***
Агар мо метавонистем худро ҳамвора дар муҳити бекарони кайҳон, ки воқеан чунин ҳаст, эҳсос намоем, аз басе беҳудагиҳо озод мегаштем.
***
Агар мардум дар иқрор хасисӣ намекарданд, маълум мешуд хеле зиёдтар аз он, ки пиндоранд, дӯстон ва ҳам душманон доранд.
***
Инсон ба воситаи вожа нестиро ба қайди ҳастӣ овардааст, ки яке аз ин вожаҳо ҳамин “Нест” мебошад.
***
Чи Данкоҳое, ки мо дар ними раҳ куштему андаруни ҷангали тираи таассубу ваҳми худ вомондем.
***
Агар шаби Худо намебуд мардум шабе тӯлонитар аз он меофариданд.
***
Инсон будан қаҳрамонист.
***
Худро аз даст надиҳед, ки дигар чизе нест.
***
Чаро ононе, ки ба ноҳақ моро ситоиш карданд, пӯзиш намехоҳанд?
***
Сад яқинро ба гумоне мебахшам, то зинда бошем.
***
Фарёд макун, ки касе намешунавад. Чандон хомӯш бибош, ки фарёд зананд: Чизе бигӯй!
***
Воҷиб аст, ки аз ҳарза мурдан битарсем.
***
Мунтаҳои санъат он аст, ки нишони сунъро аз офаридаи худ бизудоем.
***
Гиря боронест, ки бар худ меборем.
***
Ҳар амри хайреро метавон аз номи Худованд фармуд.
***
Чи рангомезӣ мекунед бо оне, ки рангҳоро худ муҳайё кардааст.
***
Касоне ҳастанд, ки ғизои рӯҳашон аз озори мардум аст.
***
Агар дар даруни худ ҳамсӯҳбате дошта бошед, ҳаргиз танҳо намемонед.
***
Хушбахт касест, ки нишоту фаррухиро аз вуҷуди худ биёбад.
***
То чизеро бишносем, маҷмӯае аз он чиз мебояд.
***
Чашме, ки аз тарс боз шудааст, кӯр аст.
***
Ҳар нукта ҳазор тобиш дорад ва як ҳақиқат.
***
Ғайбатҳо ва шикоятҳо дигар аз мо гарду ғубори зарбаҳои кории мо мебошанд.
***
Андӯҳ беш аз нишот мардумро ба ҳам мепайвандад: Одамон даст ба гардани ҳамдигар меандозанду мегирянд сар ба китфи ҳамдигар мениҳанду мегирянд.
Оё боре дидаӣ, ки дар ҳоли хандидан чунин бикунанд.

Соли 1991

ХАТАНГА

ХАТАНГА
Хатгард* истод
Дар истгоҳу бас ки дилаш беҳузур буд
Аз фарти пурхӯрӣ,
Қай кард ду нафар.
Лабро баҳам набаста, ки аз ҷӯъи сарнишин
Се фард дар кашид.
Як пора домани он як зан,
Як пора остини дигар мард
Монд аз буруни дар.

Хатгард - маршрутка.
Зимни ташаккур аз муҳаббатҳои бекарони дӯстону азизон барои узри кӯтоҳӣ дар посухҳо бояд гуфт имрӯз дар хидмати сивушашумин маҳфили нуронии Турсунзодахонӣ будем. Субҳи барвақт тибқи суннати ҳарсола ба зиёрати оромгоҳи шоири шаҳири миллат рафтем ва баъди зиёрату дуъо ва нисори гул бар мазори шоир дар толори Ҳусайнзодаи донишкадаи адабиёти Донишгоҳи миллӣ ҷаласаи илмию адабии Турсунзодахонӣ баргузор гардид. Гузориши банда ба унвони "Таҳлили матншиносии достони "Ҷони ширин"-и устод Турсунзода" буд.
Маҳфил бо ҳузури устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Абдулҳамид Самад, Низом Қосим пурбору рангин буд.
Шоиро, дар синаи хоки Ватан осуда бош,
Гашта ҳамтан бо Ватан, ай таҳмтан, осуда бош.
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ту,
Бо забони шеъри ту гӯяд сухан, осуда бош.( Рустами Ваххоб)

ХОКИ ТУ ШОҲКОРҲО ДОРАД


Нигаҳи ту нигорҳо дорад,
Гиряат обшорҳо дорад.
То наболӣ гуле намерӯяд,
Хандаат навбаҳорҳо дорад.
Нест тасхири қалби ту осон,
Нози ту кӯҳсорҳо дорад.
Нарасад қадди умр бар дидор,
Баъди марг интизорҳо дорад.
Дашт хунину осмону камон,
Шоҳи Кайҳон шикорҳо дорад.
Чун тавон лоф зад, ки хоки туам?
Хоки ту шоҳкорҳо дорад.
Марти 2014

خاک تو شاهکارها دارد

نگه تو نگارها دارد
گریه ات آبشارها دارد

تا نبالی گلی نمی روید
خنده ات نوبهارها دارد

نیست تسخیر قلب تو آسان
ناز تو کوهسارها دارد

نرسد قد عمر بر دیدار
بعد مرگ انتظارها دارد

دشت خونین و آسمان و کمان
شاه کیهان شکارها دارد

چون توان لاف زد که خاک توام؟
خاک تو شاهکارها دارد

ХОКИ ТУ ШОҲКОРҲО ДОРАД

Нигаҳи ту нигорҳо дорад,
Гиряат обшорҳо дорад.
То наболӣ гуле намерӯяд,
Хандаат навбаҳорҳо дорад.
Нест тасхири қалби ту осон,
Нози ту кӯҳсорҳо дорад.
Нарасад қадди умр бар дидор,
Баъди марг интизорҳо дорад.
Дашт хунину осмону камон,
Шоҳи Кайҳон шикорҳо дорад.
Чун тавон лоф зад, ки хоки туам?
Хоки ту шоҳкорҳо дорад.
Марти 2014

خاک تو شاهکارها دارد

نگه تو نگارها دارد
گریه ات آبشارها دارد

تا نبالی گلی نمی روید
خنده ات نوبهارها دارد

نیست تسخیر قلب تو آسان
ناز تو کوهسارها دارد

نرسد قد عمر بر دیدار
بعد مرگ انتظارها دارد

دشت خونین و آسمان و کمان
شاه کیهان شکارها دارد

چون توان لاف زد که خاک توام؟
خاک تو شاهکارها دارد

ТУРИ ТАҚДИР

ТУРИ ТАҚДИР
Тур густурдаст андар зери об,
Сатҳи дарё ҳамчу ин сайёди ботаҷриба ором.
Моҳие бо лаззату шаҳват
Мекашад моҳии кӯчакро ба ком,
(Фориғ аз талхии фарҷом).
Ногаҳон дасте,
магар ки дасти қисмат,
Мекашад сахт аз таноби тур.
Оқибат ҳам сайд, ҳам сайёд
Метапад дар синаи дом.
Чист ин чини ҷабини марди моҳигир?
Тури тақдир?

Барои ҷовидона



Агар ба шеъри дилкаше,
Ки мезанад дари дилам,
Нишоти як тарона ҳаст,
Барои тард карданаш
Маро дигар баҳона нест:
Тамоми шеърҳои мо
Барои ҷовидона нест.

Зодруз Муборак Устод

Устоди азиз,  Шуморо бо ҷашни  зодрӯзатон аз номи кулли хонандагони торномаи  ШАХРИ ХУРШЕД табрику таҳният гуфта, аз даргоҳи Яздони пок бароятон тансиҳатӣ, умри бардавом, сари баланд, тани нерӯманд ва дар кору фаъолиятатон комёбиҳои беназирро таманно дорам , Хоҳони бахту саодат ва хушрӯзиву саломатиятон ҳастам. Бигзор, хуршеди толеатон партавафшон ва баҳори умратон бехазон боқӣ монад.
Хушо, хуршеди умрат ҷовидон бошад,
Сари болои ту то Каҳкашон бошад.
Табрикоти дустон.
Шахсияти мунҳасир ба фард, шоири нотакрор устод РУСТАМИ ВАҲҲОБро ба шарафи милодашон аз номи мухлисони бешумор ва ихлосмандону эҳтиромгузорон табрик арз мекунам. Барояшон саломативу бегазандӣ, хушбахтии беинтиҳо, зиндагии тӯлониву ширину комгор, ба эҷодиёташон мондагорӣ, раҳнамоӣ ва иршод орзумандам.Ба бахти шоирони ҷавон ба бахти адабиёт ҳамеша бошанд. Бигузор шахсияти зебояшон намунаи ибрат пайрави барои мо бошад.( Адибаи Мирзо)

Зодрӯз муборак, устоди арҷманд ва гиромии ман. Хеле хушбахам, ки ба милоди навбатии Шумо ба саломат расидем. Умед дорам, ки дар 100-солагиятон низ ҳарфҳои пур аз меҳру вафо ва сидқу сафои алоқамандони шеъри волоятонро ин ҷо- дар девораи саҳфаи фейсбукиятон хонда, бо эшон дар ҳамовозӣ бигӯем: Милоди хуҷастаи 100 муборак бодо! Зодрӯз муборак! ( Фарангис Давлатова)
Муборак устод рузи таваллуд,
Чунин рузи саиду рузи хушуд.
Каломи нурборат шодии дил,
Хама олам зи ту пурнуру хушгил.
( Инъоми Темуриён)
Зодрузатон хуҷаста бод Устоди азиз!
Солҳои донишҷуйии мо устод Рустам Ваҳҳоб "муаллими ҷавон" буданд. Он вақтҳо устодони варзидаю шуҳратдор Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Мукаррама Қосимова, Худойӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторов ва даҳҳои дигар дар ДДТ кор мекарданд. Табиист, ки дар чунин муҳит донишҷуҳо мехоҳанд ба устодони ҷавон беэътинойи кунанд. Аз ин сабаб дар ДДТ обру гирифтани устоди ҷавон сахт душвор буд. Аммо устод Рустам Ваҳҳоб як магнити донишу фаросат дошт, ки мо ҳама бузургонро як су гузошта, даври у пайвастем. Давлати Раҳмониён, Аброри Зоҳир, Шарифҷон Исрофилниё, Рустами Хомарахш, Мубашшир Акбарзод... ва хуллас гули адабиётшиносии имрузи мо маҳз аз мактаби устод Рустам Ваҳҳоб баҳра бурдаанд. Хато намекунам, агар гуям, ки дар адабиётшиносӣ, нақди адабии муосир як услуби наве ворид шуд, ки баробари субути адабию торихӣ аз субути мантиқӣ низ кор гирифта мешавад. Ва ин услуби Рустами Ваҳҳоб аст.
Ҳамеша шодмону ҷавон бимонед, Устоди рушанг. (Сафват Бурхонов)
Мавлудат хучаста бод, Устоди азиз!
Имзӯз яке аз аз шоирони маъруфи Тоҷикистон Рустам Ваҳҳоб ҷашни мавлуд дорад ин марди накуро бо зодрӯзаш табрик мегуям ва орзумандам, ки ҳамеша мисли бузургони тоҷик ифтихори миллати мо бошад.
Хамеша сихатманду комгору саодатёр боши!( Умед Мирзоев)
Марде, ки гуфтааст: "Точи шараф андешаи ИСТИКЛОЛ аст" хамеша шарафманд мемонад. Зиндагии чунин шахсиятхо ба шамъе, шабохат дорад, ки месузаду махфилро равшан месозад. У бошад пайваста дилу рохи хамватанонро равшан месозад. Хучаста бод рузе, ки чунин точики бофазилат ба олами хастй омадааст..(.Ахмаджон Ализода)


вторник, 12 апреля 2016 г.

БА ЁДИ ГУШАЕ

Дар ин ҷаҳон зи вуҷуде нишон намебинам,
Ки аз даре ба манаш бадгумон намебинам.
Ту хоҳ дӯстӣ кун хоҳ душманӣ бо ман,
Аз ин муомала суду зиён намебинам.
Нишондаанд бад-он рӯз ибни Одамро,
Ки дар хиёли касе ғайри нон намебинам.
Намондааст нишоне зи ҳиммати воло,
Ба рӯйи боми касе осмон намебинам.
Куҷо шудаст, азизон, ватан, куҷо шудааст?
Ки гӯшае ба ҷаҳон ончунон намебинам.
Аҷаб мадор, агар ман зи ҳаҷр кӯр шавам,
Ту ҷони ҷониву ман ҷони ҷон намебинам.
Рустами Ваҳҳоб.

понедельник, 11 апреля 2016 г.

Чароғи абадӣ (چراغ ابدی)

Бо ташаббуси аъзои маҳфили адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - "Чароғи абадӣ (چراغ ابدی)" саҳифаи муаррифӣ ва нақди шеъри ҷавонон боз шудааст. Ширкат озод аст ва ба ҳамаи дӯстони соҳибназар тавсия мешавад, ки ширкат намоянд.
Чароғи абадӣ (چراغ ابدی)

пятница, 1 апреля 2016 г.

رونمایی از دو کتاب با حضور رستم وهاب شاعر برجسته تاجیک، هیئت مدیره و برخی اعضای انجمن دوستی ایران و تاجیکستان

رونمایی از دو کتاب با حضور رستم وهاب شاعر برجسته تاجیک، هیئت مدیره و برخی اعضای انجمن دوستی ایران و تاجیکستان


مراسم رونمايي از دو کتاب «بوي جوي موليان» و «شکار لحظه ها» با حضور جمعي از صاحبنظران ايراني و تاجیک برگزار شد.
به گزارش ایرتاج به نقل از روابط عمومي انجمن شاعران ايران، مراسم رونمايي از دو کتاب «بوي جوي موليان» و «شکار لحظه‌ها» در کنار نمايشگاه‌هاي عکس «سخنوران تاجيک» و «گوشه کتاب‌هاي تاجيکي» همراه با موسيقي سنتي تاجيکي و با حضور پروفسور افتخار حسين عارف رئيس موسسه فرهنگي اکو،دکتر جواد رسولی دبیر انجمن دوستی ایران و تاجیکستان و برخی دیگراز اعضای این انجمن ، نعمت الله امامزاده سفیر تاجیکستان در جمهوری اسلامی ایران ، دکتر فاطمه راکعي مديرعامل انجمن شاعران ايران، ساعد باقري، سهيل محمودي، مصطفي رحماندوست و جمعي از صاحبنظران وعلاقمندان ايراني و تاجيک دوشنبه 5 بهمن در موسسه فرهنگي اکو برگزار شد.
دکتر عارف در اين مراسم ضمن اشاره به هدف اجراي برنامه که رونمايي از دوکتاب بوي جوليان و شکارلحظه ها بوده است، تهيه هر کتاب را پلي در جهت پيوند اقوام و ملل دانست و گفت:
" يکي از نکات ارزشمند درمجموعه‌ي بوي جوي موليان، مقدمه آن است که به قلم استاد رستم وهاب نگاشته شده و با دلايل محکم ثابت مي کند که شعر تاجيک دربرگيرنده ي آلام و مشکلات اين ملت است".وي افزود:« بديهي است که شعر در ميان ساير هنرها يکي از ابزارهاي شاخص هر ملت براي بيان تحولات آن ملت است.» رئيس موسسه اکو شعر تاجيک رابه رغم تحولات سياسي و اجتماعي، داراي رشد و پيشرفت قابل توجهي دانست.
عارف درباره کتاب «شکار لحظه ها» گفت:« اشعار دکتر فاطمه راکعي به زبان فارسي و حروف سیریليک خواننده را با دنياي افکار و انديشه‌هاي دروني شاعر آشنا مي کند و بيانگر همگامي زنان با مردان در مانايي شعر و ادب پارسي است".
بعد از صحبت هاي رئيس موسسه اکو، برنامه با سخنراني نعمت الله امام زاده سفير تاجيکستان در ايران ادامه يافت.
امام زاده در صحبت هاي خود ضمن ابراز خوشنودي از مشارکت موسسه اکو در برپايي اين مراسم رونمايي، نسبت به ترغيب، تشويق و نشر کتاب از سوي سازمان اکو اعلام اميدواري کرد.
پخش فيلم شعرخواني فرزانه خجندي شاعر نامدار تاجيکستان بخش ديگري از اين برنامه بود
بعد از پخش فيلم شعرخواني، مراسم با سخنراني مديرعامل انجمن شاعران ايران ادامه يافت. 
بعد از شعرخواني خانم دکتر فاطمه راکعي، مراسم با سخنراني دکتر رستم وهاب پژوهشگر و شاعر نامدار تاجيک ادامه يافت.
دکتر وهاب صحبت هاي خود را با توضيحاتي درباره کتاب بوي جوي موليان آغاز کرد وگفت:« اين کتاب دربرگيرنده ي اشعار 53 نفر از شاعران معاصر تاجيک در 100 سال اخير و با تاکيد بر 50سال اخير است که با همکاري من و دکتر فاطمه راکعي و مکاتبات بسيار ما دراين باره، نکته به نکته بررسي و تصحيح و تکميل شده است.» وي همچنين درباره کتاب شکار لحظه ها افزود: « من اين دو مجموعه شعر را در ادامه يکديگر مي بينم چرا که روح و رنگ واحد و مشخص شاعرانگي آنها را نمي توان انکار کرد.»سخنراني سرور رجايي شاعر افغان پيرامون ويژگي هاي شعر و لزوم شناخت ويژگي ها وفرهنگ کشور تاجيکستان توسط مردم فارسي زبان و ايجاد وحدت فرهنگي کشورهاي فارسي زبان بخش ديگري از اين برنامه بود. بعد از صحبت هاي اين شاعر افغان، برنامه با پخش شعري از زنده ياد لايق شيرعلي، شاعر معاصر تاجيک با نام « از دور آشيان تو را ياد مي‌کنم» همراه بود.
سخنراني دکتر قهرمان سليماني، معاون آموزش و پژوهشي سازمان فرهنگ و ارتباطات اسلامي بخش ديگري از اين مراسم بود. سليماني صحبت هاي خود را با اشاره به نقش آفريني شعر در تاريخ ملت تاجيکستان آغاز کرد و ضمن انتقاد به ديوارکشي هاي دروغين در حوزه ي ادب کشورهاي فارسي زبان، درباره تکه تکه شدن هويت فرهنگي اين کشورها در حصار جغرافيا سخن گفت.

سرچشمه خبر : 
روابط عمومی انجمن شاعران ایران و روزنامه اطلاعات