среда, 11 мая 2016 г.

ТУРИ ТАҚДИР

ТУРИ ТАҚДИР
Тур густурдаст андар зери об,
Сатҳи дарё ҳамчу ин сайёди ботаҷриба ором.
Моҳие бо лаззату шаҳват
Мекашад моҳии кӯчакро ба ком,
(Фориғ аз талхии фарҷом).
Ногаҳон дасте,
магар ки дасти қисмат,
Мекашад сахт аз таноби тур.
Оқибат ҳам сайд, ҳам сайёд
Метапад дар синаи дом.
Чист ин чини ҷабини марди моҳигир?
Тури тақдир?

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!