среда, 11 мая 2016 г.

Зимни ташаккур аз муҳаббатҳои бекарони дӯстону азизон барои узри кӯтоҳӣ дар посухҳо бояд гуфт имрӯз дар хидмати сивушашумин маҳфили нуронии Турсунзодахонӣ будем. Субҳи барвақт тибқи суннати ҳарсола ба зиёрати оромгоҳи шоири шаҳири миллат рафтем ва баъди зиёрату дуъо ва нисори гул бар мазори шоир дар толори Ҳусайнзодаи донишкадаи адабиёти Донишгоҳи миллӣ ҷаласаи илмию адабии Турсунзодахонӣ баргузор гардид. Гузориши банда ба унвони "Таҳлили матншиносии достони "Ҷони ширин"-и устод Турсунзода" буд.
Маҳфил бо ҳузури устодон Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Гулрухсор, Абдулҳамид Самад, Низом Қосим пурбору рангин буд.
Шоиро, дар синаи хоки Ватан осуда бош,
Гашта ҳамтан бо Ватан, ай таҳмтан, осуда бош.
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ту,
Бо забони шеъри ту гӯяд сухан, осуда бош.( Рустами Ваххоб)

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!