четверг, 13 июня 2013 г.

Барои устод Мирзо Турсунзода






ДОВАРИ ШАРҚ
Барои устод Мирзо Турсунзода

Шод бодо равони марди бузург,
Ки дар ӯ даргирифт дарди бузург.
Кард парвоз сӯи Шарқи ғулом,
То диҳад даври офтоб давом.
То ба ҳинду намуда ҳиндуро,
Вонамояд ба ӯ худи ӯро.
То зи ҳоли вай иқтибос кунад,
Ҳоли моро аз ӯ қиёс кунад.
Гар набудаш ба дил ғами меҳан,
Шеъри шевош кай шудӣ шеван?
Ҳинд меҷусту хештан меёфт,
Дардҳои дили ватан меёфт.
Он ки бар дигарон ҳамегиряд
Баҳри худ дар ниҳон ҳамегиряд.
Он ки озодии ҷаҳон хоҳад хоҳад
На ки аз худ дар ин миён хоҳад?
Он ки бар Зиндарӯду Нилу ба Ганг
Ҳамчу бар об гуфт хоби Фаранг.
Дӯстонро зи душманон бишнохт,
Дӯст бинвохту душманон бигдохт.
Рафт берун зи чордевораш,
То биҷӯяд зи даҳр осораш.
Вусъати хоки худ таманно кард,
Ҳамгинонро ба ҳамгинон овард:
Чист дар худ хазидан ин миқдор,
Ҳалқа дар худ задан ба суннати мор?
То кай аз теғи зӯрҳо нимӣ?
На як иқлим, ки сад иқлимӣ?
 Гангу Варзобу Зиндарӯд астӣ,
«Ҳиссаи баҳри беҳудуд астӣ»,
Чоки захми қурун баҳам овар,
То
ҳамоварди мард бошӣ чу мард.
Он ки з-ӯ Осиё сухангӯ шуд,
Хоки афсурдааш тагорӯ шуд.
Наъра шуд нолаҳову савти ҳазин,
Зираҳи дасти банда чини ҷабин.
Он ки шеъраш кунад ба ҷон кора,
Байт-ш бар санги хок-ш ангора.
Чист ин санг, санги ҳиммати мост,
Арзаи сарнавишти миллати мост.

Гарчи дорад сурудаҳои латиф,
Сода ҳамчун равони марди шариф,
Нарм чун пахтаҳои Вахши накӯ,
Гарм чун иқлими Ҳисори ӯ,
Чун Душанбеи тифлпарвари ӯ
Бӯи модар шамӣ зи дафтари ӯ,
Шеъри размандааш дигаргун аст,
Он агар шир бошад, ин хун аст.
Ному номусу ору нанг дар ӯст,
Даъвии Шарқ бар Фаранг дар ӯст.

Шеър бояд, ки шӯр ангезад,
Мурдагонро зи гӯр ангезад,
Ки раҳи бахти халқ бинмояд,
Гираҳи бахти халқ бикшояд…
Сода – носода шеъри ӯ ин аст,
Зиндагонист – тахлу ширин аст.
Гашта аз содагии мо маъдум,
Шеъри ӯ сода нест,
эй мардум!

                                                 Соли 1987

среда, 12 июня 2013 г.


ТОҶИКОБОД 
Не Самарқанду не Бухоро аст, 
Не ба таърих нозише дорад, 
Не варо қасру кохи мӯҳташамест, 
Лек номи пурарзише дорад. 

Ончунон ном, ки зи ҳар қасре 
Бошукӯҳ асту шӯҳраманду баланд. 
Мисли кохе, ки сохт Фирдавсӣ, 
Н-орадаш барфу боди даҳр газанд. 

Гар ба таърих аз даричаи ҳақ 
Бингарӣ, Шарқ Тоҷикобод аст, 
Лек тоҷики ногирифтасабақ 
Номи худро ба деҳе нанҳодаст. 

Некӣ карду дар обҳо андохт, 
Ҳосилаш – шаҳри ӯ биёбон шуд. 
Бо «гуноҳи» фарохдастиҳо 
Дар кӯҳистони танг зиндон шуд. 

Лек чун дид баҳри номи ӯ 
Номталбон кашокаше доранд, 
Чун бидид ӯ -зи номбезорӣ 
Номдорон-ш худкушӣ доранд, 

Мехи заррини номи худро куфт 
Дар гираҳбанди хоки аҷдодон, 
Хишти заррини номи худ биниҳод- 
Пойдевори кохи ҷовидон. 

Гар бузурге бирӯяд аз хокаш 
Баъд аз ин, миллаташ яқин бошад: 
Гоҳвораш зи Тоҷикобод аст, 
Бок не турбаташ ба Чин бошад. 

Лек бо ин ҳама намедонам 
Тоҷикободро кӣ ном ниҳод? 
Ҳар ки бошад шариф инсон аст, 
Раҳмати Ҳақ ба ҳафт пушташ бод! 
Соли 1990


вторник, 11 июня 2013 г.


Ба рӯзи ҷонгудоз, он рӯзи маҳшар 
Ки нашносӣ ту пойи хеш аз сар 
   Нидо созад Худо бар бандаи хеш 
        Чаро чун ман шудам бемор аз ин пеш 

Ту як раҳ н-омадӣ баҳри аёдат 
Магар, ки бурдаӣ манро зи ёдат 
Бипурсад бо тааҷҷуб бандаи зор 
Худовандо чи сон гардӣ ту бемор 

Чу дард аз ту, давоҳо низ аз туст 
Ҳама рафъи балоҳо низ аз туст 
Худо гӯяд: фалон аз бандагонам 
Бишуд бемор, медонӣ, бидонам 

Нарафтӣ бар аёдат ҳеч боре 
Чу муъминон наҷустӣ роҳи ёрӣ 
Агар ӯро ҳамекардӣ аёдат 
Будам он ҷо, маро буд он ибодат 

Худо гӯяд, аё фарзанди Одам 
Ғизо чун хостам ман аз ту он дам 
Наёвардӣ ғизое аз бароям 
Бигӯяд банда бо ҳайрат: Худоям 

Ту худ раззоқиву парвардгорӣ 
Ғизоят чун тавонам дод, боре 
Худо гӯяд: фалон аз бандагонам 
Ки фақри ӯ туро буд имтиҳонам 

Ғизое хост аз ту, ту надодӣ 
Маро буд, суфраат гар мекушодӣ 
Худо бори дигар созад хитобе 
Чаро чун хостам ман аз ту обе 

Надодӣ обам, эй фарзанди Одам 
Бигӯяд бандааш: эй, зоти акрам 
Чи сон обат тавонам дод, боре 
Ту баҳри раҳмативу ман ғуборе 

Худо гӯяд: фалон аз бандагонам 
Фалон аз бандагони ташнаҷонам 
Надодӣ, чун зи ту мехост обе 
Маро буд он, зи ман будат савобе 
Дар ин рӯзе, ки дар оташ чу мӯйӣ 
Туро ҳам об буд, ҳам обрӯйе 
 

Худо хоҳад агар хайри касеро 
         Рафиқе бахшадаш бо фазлу тақво 
         Ки гар шуд аз худои хеш ғофил 
         Кунад ёди худояш тоза дар дил 
         В-агар дорад худои хеш дар ёд 
         Кунад ӯро ба кори хайр имдод