вторник, 26 ноября 2013 г.

ДАСТИ ПАДАР




АЗ СИЛСИЛАИ "ТАСБЕҲИ РӯЗГОР"

ДАСТИ ПАДАР
(Нақли падарам)

Бача будем, ки падарамон гузаштанд. 8-сола ё 9-сола будем. Аммаам бисёр вақтҳо бо мо буд. Ӯ одат дошт, ки тамоми рӯз зарфҳоро бо рег дар лаби ҷӯйи калони ҳавлӣ мешусту ба гуфти худаш «қатрон» мекард. Яъне об мегардонд.
Ман бемор будам. Таби баланд доштам. Аз фарти таб шабҳо то субҳ хобҳои ваҳшатнок медидам. Ҳатто рӯзона аз хоб метарсидам. Дар рӯи суфаи пеши хона хобида будам. Тобистон буд ва дар лаби ҷӯйи калони пеши хона аммаам мисли ҳамеша зарфҳоро мешусту қатрон мекард. Ман бо исрор аз ӯ мехостам, ки обам бидиҳад. Вале аммаам ба ман об намедод. Мегуфт таб дорӣ, зиёнат мекунад. Ман аз исрори зиёди бенатиҷа навмед шудам ва дар ҳоли яъс оҳиста-оҳиста садои баҳам хӯрдани зарфҳои чиниву мисӣ бо садои об омехта аз ман дуртару дуртар мерафт. Хобам бурд.
Дар хоб дидам, ки падарам бо ҳамон ҳайате, ки дар ёдам барои ҳамеша нақш бастааст: болобаланд, қавиҳайкал, бо риши баланди аз ду сӯ сафед ва миёна сиёҳ, домани ҷомааш бод гирифта ва ба ду сӯ баргашта, ба шаст аз дарвозаи ҳавлӣ ворид шуд. Фарёд кардам:
- Аво, об!
Падарам рост ба сӯйи ман омад, бо диққат ба рӯям нигоҳ кард ва сатилеро, ки дар канори суфа, дар танаи тут овезон буд гирифт ва ба сӯйи ҷӯйи калони канори ҳавлӣ равон шуд, то бароям об биёрад. Ин лаҳза аммаам, ки ҳамоно дар лаби ҷӯй буд аз ҷой хест ва гуфт:
- Абдулваҳҳоб! Сатилро чӣ кор мекунӣ? Ана ин косаро бигир, – ва ба сӯяш косаи дуғовиро дароз кард. Падарам бо ҳамон шаст баргашту сатилро дар мехи танаи тут овезон кард ва косаро аз дасти аммаам гирифту ба оби ҷӯй зад ва лабрез ба сӯйи ман овардаш.
Ман аз ҷогаҳ нимхез шуда, дастҳоямро аз ду сӯйи коса рӯйи дастҳои падарам гузошта, ҳарисона оби сарди гувороро дам мекашидам. На об тамом мешуд на ташнагии ман. Дар ҳамин ҳол бедор шудам. Нимхез будам ва дастҳоям ба пеш дароз. Ангор, ки ҳанӯз рӯйи косаи об ва дастҳои падарам. Якбора баргаштаму ба танаи тут нигоҳ кардам. Сатил дар ҷояш овезон буд ва гӯё меларзид.
Аз бемории ман ҳеч нишоне намонда буд.
Аммаам ҳанӯз дар лаби ҷӯй зарфҳоро қатрон мекард.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!