вторник, 12 ноября 2013 г.

БЕ МАН





БЕ МАН

Бо
ғро дар зар гирифта зарнигорон боз бе ман,
К
ӯч баста мурғҳо бар гармсорон боз бе ман.
Дар диёри шедшоне, шохсори гулфишоне
Мерасад бар ав
ҷ гулбонги ҳазорон боз бе ман.
Р
ӯй сӯйи кӯчаҳои холии деҳи муҳоҷир
Гиря дорад
ҷурзи1 пире зери борон боз бе ман.
Чанд барги зарду себи бодрези сурх бар д
ӯш,
Хонаи дарё раванд он
ҷӯйборон боз бе ман.
То сари мардум нагардад аз ни
ҳеби тирмаҳ хам,
Осмонро шона дода к
ӯҳсорон боз бе ман.
Боз бе ман, боз бе ман, боз бе ман, боз бе ман,
Ин
ҷаҳон будаст гӯё аз ҳамон оғоз бе ман.
_____
1.
ҷурз-- дарахти кӯҳистонӣ шабеҳи сада.


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!