суббота, 9 ноября 2013 г.




ТАБАРРО



Алҳазар!

Носипос нестам,

Ҳар нигоҳи ман

бар гулу гиёҳи ин ватан

Панҷаи навозиш аст,

Орзуи рӯзгори хуррами варо

Ҳар нафас маро тоза як ниёиш аст.



Шаб ки мешавад, чароғҳои шаҳр

Дар фазои хотирам шиноваранд,

То дамидани сапедаи саҳар

Зиндадори боваранд.



Шукр мекунам

Чор барги солро,

Ки ҳавоӣ мешаванд аз фарози шаҳчанори рӯзгор,

Норасида то замин

Яке

Мешавад баҳор,

Бе ғубор.



Носипос нестам,

Ламс мекунам набзи шаҳррӯдро.

Мадду ҷазри ӯ аз дилам убур мекунад.

Рағзаҳои обҳо дар танаш чу танг мешавад,

Рӯй мезанад ба дидаам аз канори он

Санги тозае

Чун сари мусофири зи ёд рафтае,

мешавад аён.



Шукр мекунам

Маъдани тамомнопазири санги сабрро,

Санги қиматитар аз лаълу лоҷувардро,

Кимиёи ҷумла дардро.



Аз хати ҷабини симгардҳои1 пири шаҳр

Саргузашти ин ҷамоаи канори роҳро

Сатр-сатр мекунам мурур.

Заҷҷаҳои2 симгардҳои пири шаҳр бар ман ошност,

Симгардҳои босалобату сабур.



Шукр мекунам,

Ки теғи соати қадими шаҳр

То ҳанӯз

Бар гулуи умри ман наёмадаст,

Зери пойи хотироти шоиронаам,

Ҳар қадар ки меравам, меравам, меравам,

роҳ ҳаст.



Шукри ман оруғи давоми нушхор нест,

Шукри ман чу шикра3 аз фарози бурҷи бениёзиям

Бол боз мекунад,

Бо ҷамоъати дарахтҳо

истодаву намоз мекунад.

Субҳ бо навори нури офтоб нашр мешавад,

Медурахшад аз нигоҳи шабнами саҳар…



Бо салом, бо сипоси чун насим

Хушаҳои ғаллазорро мавҷ додаам.

Шукри ман наъра нест, ҷор нест,

Хуни ҷорияст дар сурудаҳои содаам.



Шукр мекунам

Сурфаҳои рамзии баҳорро

Аз варои қуллаҳои ҷовидона барфпӯш,

Дар фазои нилии умед

Эҳтизози шоди парчами баланди интизорро.

---------

1.Симгард – троллейбус.

2.Заҷҷа – садои баланд, фиғон.

3.Шикра – боз, шоҳин.

пятница, 8 ноября 2013 г.

СЕБИ ОХИРИН


СЕБИ ОХИРИН

Бод
Бо дарахтон сахт мекунад бедод,
К
ӯҳҳо мабҳут, сарду хомушанд.
Бо
ғи кӯҳистон
Барг мерезад
Сабзу сурху зард,
Хоки урёнро 
Хир
қа мепӯшанд.

Солике аз ра
ҳ
Мерасад хаста.
Дар миёни бо
ғ
Нарму о
ҳиста 
пой мемонад,
ӯ чӣ меҷӯяд, як Худо донад,
Худ намедонад…

Охирин як себ
Бар тани шохе
Мисли лаъли ноб
Медурахшад шод.
Инчунин себе
Ҳарчи меарзад.
Гав
ҳари нодир
Гав
ҳари ноёб.
Даст меёзад,
Даст меларзад,

Ёд 
Мекунад фарёд.
З-ин
ҳавас бигзар,
Аламон аз нафс.
Як дари бозе
ҳаст бар рӯят
Пас аз ин фирдавс?

Хуб мебинад:
Себ, себе нест,
Қалби хунинест.
Бо
ғбон он ҷо карда овезон,
Рамзи паймонаш
Бо дарахтонаш.
Ноябри 2009

ОЙИНА


ОЙИНА

Ҳанӯз ойина ойинаст,

Чунон кушодадилу рӯйбозу бекинаст.
Агарчи дида басо чашм
ҳои хашмогин,
Агарчи дар дилаш уфтода бас гире
ҳи ҷабин,
Агарчи хурда бар
ӯ санги чашмҳои ҳарис,
Агарчи ях зада аз тоби че
ҳраи беҳис,
Касе шумурда ба
ҳасрат шумори ожангаш,
Касе ба тур
ғуза1 аз ӯ бихоста рангаш,
Касе нишонда ба хидмат чу лав
ҳи ҷодуяш,
Касе ба сурати худ туф фиканда бар р
ӯяш...
Ҳанӯз ойина ойинаст,
Чунон кушодадилу р
ӯйбозу бекинаст...

Фуру нишаста дар аъмо
қи тираи гили «ман!»,
Ту метавон
ӣ магар
ончунон будан
дили ман?!
______
1 Тур
ғуза – ба лаҳни шадид ва тунд сухан гуфтан, сарзаниш кардан.