суббота, 9 ноября 2013 г.




ТАБАРРО



Алҳазар!

Носипос нестам,

Ҳар нигоҳи ман

бар гулу гиёҳи ин ватан

Панҷаи навозиш аст,

Орзуи рӯзгори хуррами варо

Ҳар нафас маро тоза як ниёиш аст.



Шаб ки мешавад, чароғҳои шаҳр

Дар фазои хотирам шиноваранд,

То дамидани сапедаи саҳар

Зиндадори боваранд.



Шукр мекунам

Чор барги солро,

Ки ҳавоӣ мешаванд аз фарози шаҳчанори рӯзгор,

Норасида то замин

Яке

Мешавад баҳор,

Бе ғубор.



Носипос нестам,

Ламс мекунам набзи шаҳррӯдро.

Мадду ҷазри ӯ аз дилам убур мекунад.

Рағзаҳои обҳо дар танаш чу танг мешавад,

Рӯй мезанад ба дидаам аз канори он

Санги тозае

Чун сари мусофири зи ёд рафтае,

мешавад аён.



Шукр мекунам

Маъдани тамомнопазири санги сабрро,

Санги қиматитар аз лаълу лоҷувардро,

Кимиёи ҷумла дардро.



Аз хати ҷабини симгардҳои1 пири шаҳр

Саргузашти ин ҷамоаи канори роҳро

Сатр-сатр мекунам мурур.

Заҷҷаҳои2 симгардҳои пири шаҳр бар ман ошност,

Симгардҳои босалобату сабур.



Шукр мекунам,

Ки теғи соати қадими шаҳр

То ҳанӯз

Бар гулуи умри ман наёмадаст,

Зери пойи хотироти шоиронаам,

Ҳар қадар ки меравам, меравам, меравам,

роҳ ҳаст.



Шукри ман оруғи давоми нушхор нест,

Шукри ман чу шикра3 аз фарози бурҷи бениёзиям

Бол боз мекунад,

Бо ҷамоъати дарахтҳо

истодаву намоз мекунад.

Субҳ бо навори нури офтоб нашр мешавад,

Медурахшад аз нигоҳи шабнами саҳар…



Бо салом, бо сипоси чун насим

Хушаҳои ғаллазорро мавҷ додаам.

Шукри ман наъра нест, ҷор нест,

Хуни ҷорияст дар сурудаҳои содаам.



Шукр мекунам

Сурфаҳои рамзии баҳорро

Аз варои қуллаҳои ҷовидона барфпӯш,

Дар фазои нилии умед

Эҳтизози шоди парчами баланди интизорро.

---------

1.Симгард – троллейбус.

2.Заҷҷа – садои баланд, фиғон.

3.Шикра – боз, шоҳин.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!