Бар он мардуми дидаи рушноӣ.
Дуруде чу нури дили порсоён,
Бар он шамъи хилватгаҳи порсоӣ.
(Ҳофиз)
Касе, ки дафтари шеъри маро ба даст гирифт,
Суоли аввалаш ин буд: “Салом – яъне чӣ?”
Чаро на “Ҳаҷми сукут”-у на “Ашки бутемор”?
Чаро на “Нози фалак”, на “Ситораи думдор”?
Чаро на “Шаршараи ашки дард”, на “Фарёд”?
Чаро на “Водии Маҷнун”, на “Тешаи Фарҳод”?
На “Каҳкашони хаёл”-у на “Ҷомадони ғам”?
На “Бурҷи соат”-у на “Изтироби сонияҳо”?
На “Гиряи алам”-у на “Сукут”, на “Наҷво”?
Аз ин суол дилам мисли бед меларзад,
Магар “Салом” ғариб аст дар диёри мо?
Салом – рамзи саломат,
Салом – рамзи сулҳ,
Салом – мазҳари ваҳдат,
Садоқату ҳурмат,
Санои дӯстиву покиву ҷавонмардӣ,
Нишони ҳамнафасӣ, ҳамдиливу ҳамдардӣ,
Салом – маънии лабханди кӯдакон дар хоб,
Салом – нуктаи ҷамъияти дили аҳбоб.
Салом – баҳри ман ин вожаи тасодуф нест,
Дар интихоб, Худо шоҳидам, таъоруф нест.
Зи шеърҳои нахустам салом бо ман буд:
“Чакомаҳои шабонгаҳ – сурудаҳои ман,
Шумо намози банда ба хуршед,
Шумо саломи ман ба сапеда,
Шумо қиёми ҳастии ман дар баробари саҳаред...”
Ва рӯзҳои ғарибӣ, ки ман ба ёди Ватан
Ҳар он чи гуфта будам бар Салом биспурдам,
Чу бар кабӯтари пайғомбар,
Чу бар насими саҳар:
“Ассалом, эй хоки гулафшони ман,
Ассалом, эй Тоҷикистон, ҷони ман”...
Ба рӯзҳои сиёҳи Ватан, замони фироқ,
Агарчи ҷони ҳама бар салом буд муштоқ,
Зи бими он, ки мабодо салом асир шавад,
Ва ё зи кинавариҳо нишони тир шавад,
Гуфтам:
“Ба мо салом макун, то саломро накушанд,
Кабӯтари ҳарами эҳтиромро накушанд”.
Гузашт он ҳама кобӯси ваҳшату Наврӯз
Дубора дар Ватани мо қадам бизад пирӯз,
Ба пешвоз расидам, дуруди ӯ гуфтам:
“Салом, эй пок марзи ранҷбар,
Эй Меҳани Наврӯз...
Зи пушти Ҳафтхонат Ҳафтсин овардаӣ имрӯз,
Нахустин син саломи мо ба ёрон бод... ”
Салом баҳри тавалло,
Салом баҳри тасалло:
“Ба ҳеч ҳол тиҳӣ нест дасти марди карим,
Агар, ки ҳеч надорад, пур аз салом бувад”.
Салом – мазҳари бовар, салом – рамзи нур,
Салом – асли таҷаллӣ, салом – рамзи зуҳур.
Муқаддам аст салом аз ҳама каломи башар,
Муқаддам аст дуруд аз ҳама суруди зафар.
Салом, эй ватанам – қалби захмгини ман,
Дуруди ҳамватанӣ нақш бар ҷабини ман,
Чу хатти пешонӣ,
Чу муҳри инсонӣ.
Ба ҷойи лаънату нафрин,
Ба ҷойи туҳмату дашном,
Ба ҷойи ҳарзаву ҳазён,
Бимон салом биборад аз осмони Ватан,
Гули дуруд бирӯяд бар остони Ватан.
Чи нуктаест шигарф, аз Китоб дорам ёд:
“Агар ба хона дароӣ, салом гӯй нахуст
В-агар ба хона ба ҷуз ту касе дигар набувад,
Бигӯ “салом!” ту бар нафси хеш ҳамчун дӯст,
Ки баҳри фитнаи шайтон раҳи гузар набувад.”
Ва:
“Каломи беҳуда набвад ба лафзи аҳли биҳишт,
(Ки тоҷикӣ шумаранд)
Ҳар он чи ҳаст дар он ҷо салом ҳасту дуруд”.
Баҳор, чун расад аз раҳ, ба панҷаи гули зард
Салом бинвисад...
Хати сипор, бимон, ки ба аввалин огард
Салом бинвисад,
Ман аз ҳилоли сари маҳ “салом” мехонам,
Ва мавҷи рӯди равонро салом медонам.
Чанорҳои Душанбе, бародарони ман,
Чу бигзарам зи канори шумо, дилам хоҳад
Ҳазор даст барорам чу шохаҳои шумо,
Ба барг-барги шумо панҷаи салом ниҳам,
Ба сочҳои сари шохатон салом диҳам.
Дар ин диёри азизон, дар ин қаламрави меҳр
“Зи ҳар канор шамими салом мешунавӣ,
Замон замони дуруду сипосу эҳсон аст.”
Салом – ҳарфи шаҳодат барои инсон аст.
Ба ин калом ба ман ошност нисфи ҷаҳон,
Ва нисфи дигари он низ ҳамзабони ман аст.
Чу бигзарам зи ҳузури ҳаким Фирдавсӣ,
Ки ҳамчу тӯси тановар ситодааст ба боғ,
Салом мегӯям
Зи Рӯдакӣ натавон бе дуруд бигзаштан,
Ки рӯди шеъри дарӣ ҷорӣ аз дуруди ӯст,
Забони миллати ман матлаъи суруди ӯст.
Ба Бӯалӣ зи таҳи дил салом мегӯям,
Ки рӯйи сина фишурда китоби “Қонун”-ро,
Баланд бар сари мо карда сақфи гардунро.
Салом, Айнӣ, аё пайки субҳи озодӣ,
Ки ҳарфи рӯз бувад ҷовидона осорат,
Ҳанӯз сангари ту гарму доғ пайкорат,
Шикастаи ҳарбаи душман ба санги деворат.
Салом, Исмоил,
Шукӯҳи Сомонгирд,*
Ки яктана ба ҷаҳон сарбасар ситода ҳанӯз,
Ба як мадор кашӣ миллати парешонро,
Шуоъ мефиканӣ бар қаламрави Хуршед,
Намедиҳӣ ба қазо қисмати Хуросонро.
Салом силсилаи барфпӯши кӯҳи Ҳисор,
Сари сафеди ту сарсабзии диёри мост,
Ҳазор силсила пайваста бо ту ёри мост,
Зи шонаи ту кашад пар ҳумои зарринбол,
Салом, мавҳибати осмонӣ –
Истиқлол!
******
*Қитъаҳое, ки дар нохуна оварда шудаанд, аз ашъори мунташираи муаллиф ҳастанд. Ва ду қитъа бо ишораи “аз Китоб”, ки мазмуни оёти Қуръони кариманд.
*Сомонгирд - Душанбе.