понедельник, 30 мая 2016 г.

СУХАНОНИ ҲАКИМОНА



 
 Инсонҳои шарофатмандро накукорӣ муттаҳид мекунад, инсонҳои оддиро саргармӣ, табаҳкоронро ҷиноят.
Жулета Ланбер
* * *
Инсонҳое ҳастанд, ки бо онҳо ба осонӣ метавон зист: онҳо аз ҷомеа чизе ҷуз гӯш додан ба ҳарфашон намехоҳанд.
П.Буаст
* * *
Иштиёқҳои мо мисли қақнусанд. Чун як иштиёқ сӯхт, аз хокистараш иштиёқи дигар зода мешавад.
И.В.Гёте
* * *
Мо аксаран аз ҷавонмардонатарин кирдори худ шарм медоштем, агар ҷаҳониён медонистанд, ки он ҳосили чи ангезаҳоест.
Фр. Ларошфуко
* * *
Халалнопазирӣ ва саодати зиндагии мо ба мизони зиёд бастагӣ ба интихоби оқилонаи дӯстону рафиқон дорад. Агар интихоб бад аст, онҳо моро ба суқут мекашанд ва агар дуруст аст, моро боло мебаранд.
Ҷ. Лебон
* * *
Хислат инсонҳоро ба маротиб бештар аз ақл ба ҳам наздик мекунад.
Ж.Э.Ренан
* * *
Касе, ки дар замири худ салтанат меронад ва иштиёқу хоҳишҳову бими худро идора мекунад, бештар аз шоҳ аст.
Ҷ.Милтон

* * *
Аз фотеҳ метарсанд, хирадмандро эҳтиром мекунанд, аммо накукор мафтун мекунад ва танҳо ӯро дӯст медоранд. Танҳо ӯ султони воқеист. Шуҳрати ӯ ҳамеша пок, номаш бедоғ то наслҳои оянда мерасад. Оё барои касе, ки вомедорад то дӯсташ бидоранд, корномаи дигаре лозим аст?
Волтер
* * *
Ту дарвешеро мебинӣ ва ӯро мепӯшонӣ ва пас аз ин агар ба ӯ миннат мегузорӣ, чунон аст ки гӯё либосро аз танаш баргирифтӣ ва бараҳнааш кардӣ.
Филемон
* * *
Ҳатто илтифот таҳқиркунанда аст, агар бар он таъкид мешавад.
Б.Гарсиан
* * *
Талош барои пирӯзӣ аз тариқи ҷавонмардӣ на ки аз тариқи шуҷоат – шеваи шарофатмандона дар муҳориба аст.
П.Калдерон
* * *
Наметавон ба ҳама накуӣ кард, вале метавон ба ҳама хайрхоҳ буд.
Ж.Гюго
* * *
Ҳаргиз дар бораи худ бад нагӯед: дӯстонатон онро ба қадри кофӣ хоҳанд гуфт.
Ш.Талейран
* * *
Он ки дурӯғ мегӯяд, оқибати кирдори худро тасаввур намекунад: ӯро лозим меояд боз бист бори дигар дурӯғ бигӯяд, то дурӯғи аввалиро ҳифз кунад.
А.Поп
* * *
Ба касе хушомад задан, аҳмақ шумурдан аст - ё худро дар баробари ӯ ё ӯро дар баробари худ.
Ш.Пермон
* * *
Рафтори зарифонаи баъзе мардум мисли шеърест бо ҳиҷоҳои шумурда.
Фр.Бэкон

* * *
Аё эҳсоси олии модар! Шабаҳи шумо, ҳатто дурахши заифи шумо дилҳоро пок месозад ва инсонҳоро шабеҳи фариштагон мекунад.
Ч.Диккенс
* * *
Қасоси аз ҳама ҷавонмардона ва ширин – бахшоиш аст.
П.Буаст
* * *
Инсони хирадманд бадро пешгирӣ мекунад, ҷавонмард бетаассуф онро таҳаммул менамояд.
Питтак
* * *
Мардонагии ҳақиқӣ на он аст, ки маргро бихонанд, балки он аст, ки бар алайҳи офатҳо мубориза кунанд.
Сенека
* * *
Сахттарин қасос сарфи назар кардан аз имкони қасос аст.
О.Балзак
* * *
Тақрибан ҳама мекӯшанд баҳои хадамоти хурдро бипардозанд, хелеҳо барои хадамоти миёна сипосгузорӣ мекунанд, вале посухи хадамоти бузургро қариб ҳама ба носипосӣ медиҳанд.
Фр.Ларошфуко

Аз русӣ тарҷумаи Р.Ваҳҳоб

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!