пятница, 21 июня 2013 г.

АНГОРАЕ БАР ДЕВОРИ ҲИСОРИ НОЙ


АНГОРАЕ БАР ДЕВОРИ
ҲИСОРИ НОЙ

ки Масъуди Саъди Салмон он ҷо маҳбус буд
 Чакомаҳои шабонгаҳ
Сурудаҳои ман,
Ки ман сиёҳӣ зи шабҳо рабуда бинвиштам
Ба рӯи лавҳае, к-аз субҳдам рабуда будам,
Шумо – намози банда ба Хуршед,
Шумо – саломи ман ба сапеда,
Шумо – қиёми ҳастии ман дар баробари саҳаред!
Зи марзи тираву мармузи инҳисори ман гузаред,
Маро ба ҷовидон бубаред.
 Дар ин ҳисор, ки санги дил аст девораш,
Кашида ҷаҳли мураккаб ба даври паргораш,
Зи санг ахтари наҳсе нигоҳбони ӯст,
Ҳамора гоҳ ба нохун,
Гаҳе ба нӯги мижа рахна кардаам эҷод,
Суроғи дашти ҷунун доштам ба санъати Фарҳод.
 Дареғ, ин ҳама санъат маҷоз будаву бас:
Раҳе бурида нашуд, рахнае падид наёмад,
Ҳазор субҳ дамиду маро навид наёмад.
Ва он замон ки яқин доштам, к-аз ин маҳбас
Ба ҷуз забаррави фарьёд раҳкушое нест,
Ва он замон ки бидидам, ба чашми ахтари санг
Фурӯғи хиратарине бар ошноӣ нест,
Он гаҳ
малоики қудсӣ -
Чакомаҳоро
Дар он тангно фурӯ хондам
Ва пора-пораи рӯҳу равону қалбамро
Ба санъате ба пари ҳар чакома барбастам,
Ба ҷисми зор нигоҳе видоъӣ афкандам,
Ба умқи хеш фурӯ рафтаму ба фарёде
Зи тангнои маҳбаси сангӣ яке бурун ҷастам.
Сафири «оҳ» шудам, то ба арш пайвастам.
 Ҳанӯз ахтари сангӣ ба чоҳ менигарад,
Ҳанӯз ҷисми тиҳӣ дар нигоҳ-ш Масъуд аст.
Қирони саъди ман аз диди ӯ баландтар аст,
Надид Саъд чигуна суъуд фармудаст!

Ҳамон гумоштаи чарх,
ахтари сангӣ
Асири ҷоҳи худ асту асири чоҳи худ аст.
В-агар ҷаҳон ҳама зиндон шавад, ман озодам:
Ҷаҳон ба роҳи худу шоирӣ ба роҳи худ аст.

Чакомаҳои шабонгаҳ
Атои яздонӣ,
Варои ончи падид аст,
ҷилвагоҳе ҳаст.
Баландтар зи уфуқи хиёли ман бупаред,

Бар он диёр,
ки дар ӯ карон намебинӣ,
Маро бурун бубаред,
Бурун бубаред!

Соли 1989




БУХОРО

БУХОРО
 Гарчи дил чун санги хоро мекунад,
Ҷони мо азми Бухоро мекунад.
(Мавлоно)
 Гарчи беш аз ҳазор сол гузашт
Аз хазони баҳори Сомонӣ,
Гар ба тоҷик меравад ситаме
То кунун дар Бухори Сомонӣ,
Номаи додро ба лафзи дарӣ
Мебарад бар мазори Сомонӣ.
Чун дари доди ҷовидонии ӯст
Турбати нурбори Сомонӣ.

 Касеро дил аз санги хоро набошад,
Даме бе хаёли Бухоро набошад,
Гар андешае аз мадоро набошад,
Ҷаҳон бе Бухоро гуворо набошад.

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Бухоро, ту ҳамному ҳамнанги моӣ,
Ту маҳди баруманди фарҳанги моӣ,
Сиёвахшгирду Дижи Ганги моӣ,[1]
Шукӯҳофарин тоҷу авранги моӣ.

 Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Куҷо тоҷике ҳаст бешак бухорист,
Агар ӯ самарқандиву гар ҳисорист,
Хуҷандиву хатлӣ, бадахшӣ, тахорист,
Ҳиротиву кашмириву сабзворист.

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Зи хоки ту хуршеди Сино шукуфта,
Ду Исмоил андар канори ту хуфта,[2]
Худои сухан дурри мадҳи ту суфта,[3]
Ба ҳар зарра хокат ҷаҳоне нуҳуфта.

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Шунидам: фаришта чу гардад назора,
Бубинад туро дар замин чун ситора.
Нагирам ман ин ҳарфро истиора,
Ки ғарқ аст дар нури ту бурҷу бора.

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Ту чун нур будӣ, ту чун нур ҳастӣ,
Сабук аз лагадкӯби ғосиб биҷастӣ,
Чу дайҳими рахшон ба фарқаш нишастӣ,
Хирад додиву ҷаҳли ӯро шикастӣ.

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Гар аз Бесутун шӯри эҷод дорем,
В-агар тешаи азми Фарҳод дорем,
Зи Бағдоди Сосониён ёд дорем,
Ҳамон беҳ, ки ёди туро шод дорем.[4]

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Савори зарандуда – хуршеди тобон
Бигардад паи паҳнаҳои Хуросон,
Зи меҳри Бухорош чун Насри Сомон
Биронад ба Ҷайҳун чунон Нӯҳ осон.

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

Ман он мунтазир Мунтасир аз чи дерам,[5]
Ки рӯзе зи домони покат бигирам,
Ҷаҳоне ба сар гар биборанд тирам,
Туро ҷовидон посдорам, намирам.

Бухоро, Бухоро, Бухоро, Бухоро,
Чу тӯмори меҳр аст ёди ту моро.

 Соли 2000


[1] Сиёвахшгирд, Сиёвушгирд - шаҳрест, ки Сиёвуш дар хоки Турон обод карда буд ва бо таваҷҷӯҳ ба ахбори «Таърихи Бухоро», ки мардуми ин шаҳр сӯги Сиёвушро то даврони ислом барпо медоштанд, метавон ҳадс зад, ки ин шаҳр бе нисбате ба Бухоро нест. Ҳамчунин дуввумин шаҳре, ки Сиёвуш дар Турон обод карда буд Гангдиж ном дошт ва ин ном дар фарҳангҳои куҳан ба шаҳри Чоч, яъне Тошканди имрӯзӣ нисбат дода мешавад.

[2] Ду Исмоил – Исмоили Сомонӣ ва Исмоили Бухорӣ, соҳиби «Саҳеҳ».

[3] Манзур – Одамушшуаро Рӯдакӣ.

[4] Устод Рудакӣ фармуда: «Имрӯз ба ҳар ҳоле Баѓдод Бухорост».

[5] Мунтасир – Охирин намояндаи хонадони Сомониён, ки барои барқарории салтанати Сомониён талош мекард.