воскресенье, 5 мая 2024 г.

Шодрӯзи устоди гиромӣ муборак бошад


 

Ба рӯйи субҳи ҳастӣ нур аз симои пирон аст,

Ба ҷӯйи зиндагӣ об аз дили дарёи пирон аст.

Ҷавонони саодатманд қадри пир бишносед,

Ки имрӯзи шумо як шӯъла аз фардои пирон аст.

Падар, модар, мураббӣ, устоди мушфиқи моянд,

Зи Одам то ба Хотам муршиду мавлои пиронанд.

Ало эй раҳнавардон, Хизр танҳо бо Сикандар нест,

Ба ҳар ҷойи ҷаҳон роҳест сар дар пои пирон аст.

Сапедии сари пирон нишоне аз забунӣ нест,

Фалаксо қулла рамзе аз сари болои пирон аст.

Ҷаҳон аз дасташон ободу уқбо аз дуои шон,

Ки ин дунёву он дунё ҳама дунёи пирон аст.

Балогардону қисматсозу дармонбахшу рӯҳафзо,

Дуои ноби ҷавҳардор аз тақвои пирон аст.

Ба хишти хом бинанд ончи, дар оина кай бинем?

Ниҳони дидаҳои мо ҳама пайдои пирон аст.

Фару неруи Рустам буд аз тадбири Золи Зар,

Фуруғи дидаи бедори мо руъёи пирон аст.

Ба ҳар манзил, ки пире ҳаст, онро эътиборе ҳаст,

Ҳарими Каъбаи дил маскану маъвои пирон аст.

Агар қадди дуто доранд, ҷуз якто намебинанд,

Варои "ло" агар ҷӯӣ ту, дар "илло"-и пирон аст.

Пас аз хатми ҳама дорулфунун ногоҳ дарёбӣ,

Камоли зуфунун як ҳарфи пурмаънои пирон аст.

Ало мардум, ба чашми худ чу мардум ҷояшон созед,

Ки нури дидаи мо аз дили бинои пирон аст.

Рустам Ваҳҳоб


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!