пятница, 24 июня 2016 г.

УСТОДИ УММӢ


(Тасбеҳи рӯзгор)

Ман ӯро Устоди уммӣ номидам, агарчи саводи хондану навиштан дошт ва ба таври пароканда китоби зиёде ҳам хонда буд ва матҳои зиёдеро ҳам азёд медонист. Аммо ба ончи хондаву азёд карда, эътиное надошт ва камтар аз он ҳам ёдовар мешуд, балки ҳарчи мегуфт гӯё аз таҷриба ва диди худ мегуфт. Чизҳоеро медиду мегуфт ва шарҳу маъно мекард, ки пеши назари ҳама буд ва гӯё ҳама медонистанд, аммо ба он эътибор намедоданд, ё аз зовияи диду нигоҳи ӯ ба он чизҳова нуктаҳо таваҷҷӯҳ намекарданд. Ӯ шахсияте буд ҳакиму хирадманд ва ҳама рафтораш панду андарз. Агарчи рафтораш ба далели он ки ба рафтори умуми инсонҳо шабоҳати комил надошт ва дар чорчӯби урф намегунҷид, гоҳо ғариб ба назар мерасид, то ҳадде, ки баъзеҳо фикр мекарданд ҷунун дорад. Он гуна ки ҳама ҳакимони воқеӣ ҳадафи ин навъ суизанн будаанд, бахусус агар аз саводи расмӣ ҳам маҳрум будаанд. Устоди уммӣ марди миёнсоле буд ва дар ҷавонӣ ба далоили гуногун ба кишварҳои зиёде сафар карда ва дар ҷамъи афроди гуногун ба сар бурда, хулоса ҷаҳонгашта ва гарму сарди рӯзгорро озмуда буд. Ҳамеша ҷамъе аз ҷавонон ва бачаҳои рустоӣ атрофашро гирифта буданд ва ба ҳикоёти ҷолибаш гӯш медоданд. Ӯ ҳам гӯё ин «дарси озод»-ро барои худ як шуғли аслии зиндагияш шинохта ва пазируфта буд. Ағлаби мардуми русто ҳам аз вуҷуди ин устоди беминнат, ки медонистанд, насоеҳ ва андарзҳояш дар бачаҳо хеле муассир аст, розӣ ва мамнун буданд. Ба ҷуз аз чанд нафаре, ки табъан ҳамеша дар ҳар ҷо вуҷуд доранд ва «гапҳои калон»-ро барои бачаҳо мамнӯъ медонанд ва шадидан нисбат ба насиҳат ва андарз бадбин ҳастанд. Аммо ҳоло маҷоли ин ҷузъиёт нест ва чанд лавҳаи ҷолиберо, ки аз «дарсҳои озод»-и устоди уммӣ дар ёд дорам, мехоҳам ин ҷо нақл намоям.

МАРЗИ ҲАЛОЛУ ҲАРОМ

Боре сари ҳаром ё ҳалол будани чизе баҳс шуд. Яке савганд мехурд, ки ҳалол аст ва дигаре мегуфт ҳаром аст. Назари саввум ҳам пайдо шуд, ки мегуфт макрӯҳ аст, байни ҳалолу ҳаром ва парҳез аз он беҳтар аст. Идомаи баҳс ба ин ҷо кашид, ки агар дар ҳаром ё ҳалол будани чизе яқин надорем, чи кор бояд кард? Баъзеҳо мегуфтанд, чун яқин надорем, ки ҳаром аст, пас чаро ба асоси шакку гумон аз он чиз парҳез кунем? Назари устод ин буд, ки дар ҳама кор миёнарав бошем. Аз канораҳо, ки ба шакк ё ифрот наздик аз барҳазар бошем, беҳтар аст. Яъне на ифрот ва на тафрит. Аммо устод зиёд далелу бурҳон наовард. Маълум буд, чун ҳамеша дар чунин мавридҳо мунтазири фурсате мемонад, то ба муассиртарин навъе ин ҳақиқатро ба субут бирасонад. То он ки он лаҳза фаро расид. Онгуна ки баъд барои ҳамаи мо маълум шуд, ин кадом фурсат буд. 
Рӯзе ҳамаи ҷамъияти «дарси озод» берун аз русто саргарми сӯҳбат ба сӯи доманаи кӯҳи наздики деҳа мерафтем. Манзараҳои зебои атроф моро маҷзуби худ карда буд ва ҳама саргарми баҳсу гуфтугӯ буданд. Дар ин масир мебоист аз рӯйи пули нимасохтае, ки бар рӯйи рӯди хурӯшон ва амиқ кашида шуда буд бигзарем. Устод дар канори пул таваққуф кард ва фармуд, ки шумо ба он тараф биравед ва ҷойи муносиберо барои нишастан интихоб кунед, ман ин ҷо ду ракъат намоз мехонам, баъд назди шумо меоям. Мо ҳамчунон кардем. Вақте ки дар он сӯйи соҳил мо ҷойи муносибе барои нишастан ва наҳор кардан омода мекардем, дидем, ки устод ба азми гузашта пой бар рӯйи пул ниҳода, аммо чи аҷаб, ки аз як гӯши он, дар фосилаи тақрибан якваҷабӣ бо ҳошияи бидуни девораи ин пули ҷунбон пой мемонад. Аз ваҳшат садои ҳама дар гулу банд шуда, даҳонҳо боз монда ва ба қавле мӯй бар андомҳо теғ шуда буд. Хаёл мекардем, ҳар қадами баъдии устод метавонад ӯро ба қаъри партгоҳ ва ба мавҷи руди хурӯшон ки бо пул беш аз чил метр фосила дошт бибарад. То он ки алҳамдулиллоҳ, устод ба саломат аз пул гузашт ва ин дам гӯё якбора нафаси бандашуди ҳама аз гулуҳо раҳо шуд ва ба сӯйи ӯ шитофтанд.
- Ба хайр аст, устод, чи кор мекунед, моро сахт тарсондед, қариб буд ба варта биафтед, худоро шукр, ки саломат гузаштед!
Устод дар ҳоле сарашро поин андохта табассум мекард ва зиракона вазъи ҳар якро мушоҳида менамуд, пурсид:
- Магар, ман кори нодурусте кардам. Аз рӯйи ҳамон пуле, ки ҳамаи шумо гузаштед, ман ҳам гузаштам.
- Вале, мо аз миёнаи он пул гузаштем, тавре, ки агар пешипоӣ мехурдем, ё об чашмамонро мебурду сарамон чарх мезад ва меафтодем, дар болои пул меафтодем ва хатаре надошт. Аммо шумо аз канори он мерафтед ва ҳар қадам хатар дошт.
- Бародарони ман (хитобаш ҳамеша чунин буд), бубахшед, ки шуморо тарсондам, воқеан мебинам, ки тарсондам, аммо мақсади ман ин набуд. Ман таҷрибаи зиёд дорам, ҳаргиз фикр накунед, ки дидаву дониста ҷонамро дар хатар мондаам, ин кори дурусте нест, агар меафтодам, ҳам илоҷамро меёфтам, аммо шумо бисёр хуб кардед, ки аз миёнаи пул рафтед. Бубинед, ҳамин пул, ҳамин варта ва ҳамин рӯд мисоли хубе барои марзи ҳалолу ҳаром аст. Фарз кунед, ки ин пул мисоли «ҳалол» аст. Пас то охирин, ҳаддаш ҳалол аст, аммо шумо аз гушаҳои ин ҳалол ки ба варта (мисоли ҳаром) наздик аст парҳез мекунед, аз он қисмати ҳалол, ки ба ҳаром наздик аст, ба хотири дар ҳаром наафтодан парҳез мекунед, ва амнтарин, солимтарин қисмати ин ҳалолро, яъне миёнаи онро интихоб мекунед, ки аз ҳаром ҳарчи дуртар бошад. Зеро ваҳшати ҷонгазои ин ҳаромро (вартаро) бо ақли худ, ҳатто бо ҷисму ҷони худ эҳсос мекунед, он шуморо ба даҳшат меафканад. Агар чашми дили шумо боз шавад, мебинед, ки ончиро Худованд бар мо ҳаром кардааст, камтар аз ин варта даҳшатангез ва ҳалокатбор нест. Агар шумо инро бубинед ва эҳсос кунед, онгоҳ шумо қатъан аз хеле ҳалолҳои машкук ва наздик ба ҳаром парҳез мекунед, то чи расад ба ҳаром. Ба ҳадде ки агар шуморо ба он су тела диҳанд ҳам намеравед ва худро ба миёна мегиред. Он гуна, ки аз миёнаи ин пул меравед. Аммо афсӯс, ки мо ваҳшату вахомати ҳаромро кам эҳсос мекунем, ин вартаҳои мӯҳликтар ва ваҳшатноктар аз ҳар партгоҳу вартаи табииро мушоҳида намекунем… 
Устод сукут кард, гӯшаи чашмаш ба сӯи пул буд, ки ҳанӯз ҳой мерафт. Баҳс комилан хатм шуда буд. Ба ҳар ҳол эҳсос кардем, ки барои мутаассир карда таълим додани мо устод дар гузаштан аз пул таваккул карда буд.

СИФОТ
Устод боре аз як нафар сокини деҳаи ҳамсоя дар бораи шахсе суол кард. Ӯ гуфт: - Ҳо, кӯри фалониро мегӯӣ? Устод гуфт: - Мо инсонҳоро бо айбҳояшон не, бо ҳунарҳояшон мешиносем, ҳоло бигӯ ӯ чи ҳунар дорад?
- Дуредгар аст, ҳа инсофан, устои хуб аст.
- Аҷабо, нобино чи тавр дуредгар ва устои хуб мешудааст?
- Нобино ку нест, як чашмаш гул дорад.
- Бар падарат раҳмат. Ин аст суннати ҳасанаи мардуми мо. Агар касе дар чашмаш холи гуштӣ дорад, мегӯянд, ки дар чашмаш «гул» дорад. Ин нишони нияти нек ва ниҳоди поки мардум аст, ки нуқси табииро бо «гул» таъбир мекунанд ва ин нишони ҳамдардии инсонист. Аммо намедонам ин одати бад, ин буғзу бадбинӣ аз куҷо омадааст, ки мардум ба якдигар чун гург дармеафтанд. Яке агар каме мӯйи сараш рехта бошад ӯро «кали фалонӣ», агар як каме билангад «шали фалонӣ» ё ҳатто «чӯлоқи фалонӣ» ва чунину чунон мегӯянду муаррифӣ мекунанд.


ХУД МӮЪМИН БОШЕД
Мазаммати куфри дигарон ҳамеша василаест, ки мардум барои арзаи имони худ ба кор мебаранд. Гоҳо ин корро ногумон, гӯё бидуни қасди хосе, аз сари танаффур ва безорӣ аз куфр мекунанд. Яъне табарро (безорӣ кардан). Табиист, аз чунин баҳсҳо дар ҷамъи мо низ иттифоқ меафтод. Аммо устод ҳамеша мефармуд: «Худ мӯъмин бошед». Имони худро мавқуфи беимонии дигаре надонед. Агар имон чунон бошад, ки танҳо дар партави куфри дигарон зоҳир гардад, устувор нахоҳад буд. Дар чунин ҳол кас ҳамеша водор аст дар ҷустуҷӯйи куфре бошад, то имони худро зоҳир созад. Айбҷӯӣ як хислати сириштии ӯ мешавад. Агар ин хислат дар ӯ бузург гардад, хатари онро дорад, ки ончунон инсоне ҳамеша орзуи куфру гуноҳи дигаронро кунад, то имони шахси ӯ дар муқобили он бештар зоҳир гардад. Дар ҳоле, ки мӯъмини воқеӣ он аст, ки имон ва салоҳро барои ҳар касе орзу кунад. Гоҳо аз дили худ суол кунед ва худро биозмоед, ки агар касеро ба куфр мазаммат мекунед, қалбан аз ин шақовати ӯ хушнуд ҳастед, ё нохушнуд. Агар дар дили худ аз ин вазъи ӯ ризоят ва хушҳолӣ эҳсос кардед, аз чунин эҳсос ба Худованд паноҳ бибаред.

НАСИҲАТ
Дӯстамон Абдуҷалил моро ба боғи бобояш даъват карда буд. Фасли туту гелос буд. Меваҳои аз ҳама умумитар, ки ки вақте мепазанд, гӯё барои ҳама барчош мешаванд ва ҳар кас ҳар ҷойе барояш пеш ояд ба дили пур даст меёзаду мечинад ва ком ширин мекунад. Абдуҷалил устодро ҳам даъват карда буд. Дарахт ба дарахт хабар мегирифтем ва аз ҳар кадоме чошнӣ мебардоштем. Бобои Абдуҷалил – Абдурраҳим корҷома дар тан ва қайчии токбур дар миён хаста, ба мо дар бораи ҳар дарахт ва хосияти он маълумот медод ва ҳидоят мекард, ки кадом беҳтар аст. Дар як канор дар пойи девори боғ ниҳоле ба назар мерасид, ки чанд ҷо шохҳояш аз назди тана бурида шуда ва рӯйи сатҳи буриш гил гирифта шуда буд. Устод дар ҳоле, ки нав ду дона тути балхиро миёни ангуштон гирифта буд, чашмаш ба он ниҳол хурд ва назди он рафту сари по нишаст ва ба шохҳои буридаи гилгирифтааш зеҳн монд. Акаи Абдурраҳими боғбон таваҷҷӯҳҳи ӯро беҷавоб намонд ва тавзеҳ дод:
– Ин ниҳол аввал хуб гирифт, баъд заъфе пайдо кард ва баргҳояш пажмурда шуд. Чанд шохаашро задам, то қувваи решаҳо сарфа шавад.
– Чаро гил гирифтед – пурсид устод.
– Қоидаи задани эҳтиётии шохҳо ҳамин аст. Саҳар барвақт, пеш аз баромадани офтоб шохҳоро паст мебуранд ва рӯйи буришро гил мегиранд, ки аз он ҷо ба дарахт зиёне нарасад ва чашми офтоб ҳам ба он ҷо нарасад.
– Насиҳат ҳам чунин аст – пас аз муддате сукут, ки мо давраш ҷамъ шуда будем, гуфт устод. Насиҳат бояд дар хилват ва дур аз чашму гӯши дигарон шавад, то инсон ба ислоҳ ояд. Хеле аз насиҳатҳо дар миёни ҷамъ боиси маҷрӯҳу захмӣ шудани шахси насиҳатшаванда мегардад ва натиҷаи баракс медиҳад. Оре, бояд нуктаҳои насиҳат низ чун гил гирифтани шохаҳои бурида, марҳами шафқат ниҳода шавад. Чун фарде ба такаббур дар миёни ҷамъ нафареро сарзаниш мекунад (ба оҳанге, ки гӯё аз мушоҳидаи айби касе тантана дорад), он насиҳат нест ва гар насиҳат номида шавад ҳам, созанда нест. Балки бад-дон монад, ки касе теғи кунд дар даст ба хушунату дурушти шохаҳои ниҳолеро мезанад ва дар ниҳоят боиси нобудии он мегардад.


ГАНҶ
Овоза шуд, ки яке аз гӯрхонаҳои харобе маснуоти тилоӣ пайдо кардаааст. Ин хабар табиист ба маҳзари устод ҳам расида ва дар маҳфили озод «муҳокима» мешуд. Ҳоло намедонистем, аз ин ҳодиса чи ҳикмате боз кашф мешавад. Устод мефармуд: - Бузургон гуфтаанд, ки ганҷ дар вайронаҳост. Ин албатта маънои зиёд дорад. Ганҷ ҳам як навъ ғанимат аст, ҳар касе пайдо мекунад, моли ҳалоли ӯст, агар вориси қонуние надорад. Аммо андешаи ман ҳоло ин аст, ки дар ин мавридҳо чаро нафаре аз мо намегӯяд, ки ин зарро бардорам ё на. Чун дар миёни устухонҳои пӯсида, дар гурхонаи кӯҳна, олуда ба сад навъ гилу хокистар ва чунину чунон аст. Аммо чун андарзе, ҳикмате, маъруферо бишнаванд, ки холистар ва гаронтар ва наёлуданитар аз ҳар навъ зару зеваре аст, онро ба сад паҳлу мегардонанд, тафаҳҳус мекунанд, инро ки гуфтааст, чаро гуфтааст, то куҷо салоҳият дорад, то куҷо ҳақ дорад, амалаш чист ва … нафси ҳикматнопазир ва насиҳатношунави мо ҳазор навъ баҳона меҷӯяд, то бошад чизе пайдо кунад, ки аз пазируфтани он ҳикмат, ки аслан моли Худованд ва моли ҳалоли ҳар мӯъминест, сар бупечад.

ПӮСТИН
Авҷи тобистон буд, ки устод аз бозор пӯстини хуберо ба нархи арзон харидорӣ кард. Дар ҳоле ки ӯ чандон аҳли бозору коло набуд. Ин кораш аз чашми ҳангомаҷӯён пинҳон намонд ва забон ба тамасхур кушоданд ва ишора ба ҷунун доштани ӯ мекарданд. Ин ҳарфҳо ба гӯши устод ҳам расида буд, то он ки сари фурсате майл ба шарҳи ин мавзӯъ карду гуфт: - Аслан, чандон кирои гап ҳам намекунад, аммо маро водоштанд, то дар ин бора чизе бигӯям. Нигоҳ кунед, ҳамин, ки барфи аввал бизанад, мебинем, ки растаҳои ҳамеша хилвати колои зимистонӣ пури харидор мешавад. Гӯё ин муштариён, ки бист, си, чил ва аз ин беш солҳо ҳар бор дар умри худ зимистонро таҷриба карда ва аз сар гузарондаанд, аслан фикр намекарданд, ки имсол ҳам зимистон мешавад, имсол ҳам ба колои зимистонӣ ниёз доранд. Гӯё ҳамин сармои нахуст ва барфи аввали зимистони ҳамин сол барояшон ин ҳақиқатро ошкор кардааст. Ҳоло, фикр кунед, бо ин вазъ чи тавр аз мо метавон умед дошт, ки дар фикри қиёмат бошем!

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!