суббота, 3 мая 2014 г.

БА ПОЙИ ВАФО

Як-як ҳар он чи омада, аз даст меравад,
Моҳии умр дар даҳанаш шаст меравад.
Ному нишону ҷоҳу ҷалол, эй ҷалилдӯст,
Гар нест, ғам махӯр, ки агар ҳаст, меравад.
Бо пойи худ касе наравад з-ин саро бурун,
Ҳушёр мерасад ҳамаву маст меравад.
Дар ҷоми ҷони ман чу садое нишаста буд,
Мисли садо зи ҷом, ки бишкаст, меравад.
Бигзор хуш равад, бинигар, то чӣ осмон,
Он мурғ, ки зи дом бурун ҷаст, меравад?
Бо риштаи дубофтаи меҳру орзу
Он ки маро ба пойи вафо баст, меравад.
Як дил маро зи дори ҷаҳон монда буд ба каф,
Чашмат паём дод, ки аз даст меравад.
1 маи 2009

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!