понедельник, 26 мая 2014 г.

Шеър ва сурат аз ҳафтаномаи «Ҳафтганҷ»
№3 соли 1991, ки имруз як дуст хадя кард.
ҒАЗАЛ

Хазоне навбаҳорандуд дорам,
Висоле интизорандуд дорам.

Ҳама бедору ман олойгӯён,
Ниҳоне ошкорандуд дорам.

Зи оғушам бирафту дар дилам монд,
Аз ӯ ёде канорандуд дорам.

Ҷунунтози ғамест андар дили ман,
Аз он оҳе ғуборандуд дорам.

Барам бар дӯш лавҳи гӯри худро,
Чи ҷабре ихтиёрандуд дорам.

Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!