пятница, 21 июня 2013 г.

ОШЁНИ МЕҳР
(Суруд)

Баҳори бехазони мо туӣ,
Ватан.
Умеди ҷовидони мо туӣ,
Ватан.
Ба ҳар куҷо ки буда бо ту будаем,
Ягона ошёни мо туӣ Ватан.

Ватан, ба хоки меҳрубони ту дуруд,
Ватан, ба Вахши зарфишони ту дуруд,
Ба боми сабзи осмони ту дуруд,
Ба он ҳисори шодмони ту дуруд.

Бародарон,
            ба Меҳан иқтидо кунед,
Ба аҳди аввалини худ вафо кунед,
Ниёише ба ҳамдилӣ ба по кунед,
Барои иттиҳоди худ дуъо кунед.

Ватан, ту зинда бод-
мо намурдаем,
Дилу тану равон туро супурдаем,
Туро чу муҳри ному нангу ифтихор

Ба қабзаи
вуҷуди худ
фишурдаем.

қасам ба гесӯи сапеди хоҳарон,
қасам ба қатраҳои ашки модарон,
қасам ба лолаи мазори ҳар шаҳиди ту
Тиҳӣ нагашта хокат аз диловарон.

 Ватан ҳамеша сабз бод орзӯи ту,
Шикаста бод қомати адӯи ту,
Зи ҳар канор пар кашем уқобвор
Ба ошёни меҳрубон -
ба сӯи ту.

2003


Комментариев нет:

Отправить комментарий

Нигоҳи шумо!