пятница, 21 июня 2013 г.

СОҚИНОМА

СОҚИНОМА

На бода-ст ин май , ки хуни дил аст,
Ҳама дурди дарди даруни дил аст.
Сухан гарчи боғу баҳори ман аст,
Ҳам он чашми Исфандиёри ман аст
Аз ин равза ҳарчанд пандам расад,
Аз ин раҳгузар ҳам газандам расад.
Ҳамора чу ҷон пеши ин равзан аст,
Аз ин равзанам ошён равшан аст.

 Бидеҳ, соқӣ, он оби афшурдаро,
Зи нав зинда кун ин дили мурдаро.

Маро бо ту ҳарчанд миқдор нест
Ҳарифе дигар ҳам сазовор нест.

Биёвар чунон бодаи хушгувор,
Ки гар маст нӯшад, шавад ҳӯшёр.

В-агар тифл нӯшад, шавад шергир,
Ҷавонӣ биёбад аз ӯ марди пир.

Ғаме дерсолу майе дерсол,
Сухан гар парешон барояд, манол.

Парешон шуда хоку хошоки мо,
Парешон шуда навдаи токи мо.

Яке достонест бебанду бун,
Дарундардарун дардҳои куҳун.

***
Ало, соқӣ, Ҷоми Ҷамам орзуст,
Ҳам он Рахшу он Рустамам орзуст.

Куҷо он ки аз шери нар мӯ гирифт,
Зи рубаҳдиле бандагӣ хӯ гирифт.

Ҳама дасти бегона бӯсанду бас,
Зи худ нашмаранд эч касро ба кас.

Зи деҳе барояд яке шермард,
Дигар деҳ нишинад ба андӯҳу дард.

В-агар офтобаш барояд зи шарқ,
Ба дарёи ғарбаш бисозанд ғарқ.

Куҷо он Фарибурзу[1]он фарру бурз?
Куҷо он камони каёниву гурз?

Куҷо нозиш аз ном ҳангоми разм?
Куҷо нозиш аз ҷом ҳангоми базм?

Ниҳон ному ком асту ҷанге ниҳон,
Таҳи домани ҳарки санге ниҳон.

Ниҳон меҳру кину ниҳон ройу дин,
Ба каф гурз на, гурза дар остин.

Биё, соқӣ, он офтоби баланд,
Ки дилро ниҳам рӯйи он чун сипанд.

Бухуре аз ин донаи ғам кунем,
Дар ин дашт ёде зи Одам кунем.

В-аз он май, ки афришта бар хок зад,
Дар он анҷуман ҷом бебок зад.[2]

Муғаннӣ, бизан пардаи «Роҳи рост»,
В-агар дар сари роҳи рост аждаҳост!

Чу аз Соми якзахм ёд оварӣ,
Ба як захма сад аждаҳо бишкарӣ.

Дил аз каҷравони равонкаҷ гирифт,
Най овар, ки аз чангам ояд шигифт.

Бидеҳ, соқӣ, он май, ки чун дам кашам,
Зи дил наъраҳои «Аналҷам!» кашам.

Аҷамро аз он тира шуд рӯзгор,
Ки бар Ҷам гузин кард Заҳҳоки мор.

Натобид як бе худӣ аз худӣ,
Зи бегона бархост дасти бадӣ.

Ба подоши лағзиш ба соле ҳазор
Ҳама мағзи сар дод бар хӯрди мор.

Муғаннӣ кӯҷоӣ, ки море дигар
Зи андешаи мо бароварда сар.

Даме най дамиву фусунаш кӯнӣ,
Фаридун шавӣву забунаш кунӣ,

Мабодо, к-аз он ҳаждаҳи Ковиён
Яке ҳам намонад кунун дар ҷаҳон,
Ки ҳар дам шигифтӣ кунад ин дагар:
«Чаро он якерост ҳаждаҳ писар?!»

Муғаннӣ, бизан захма бар тори зеҳ,
Зеҳозеҳ суруде бихонем, беҳ:

Зиҳӣ, он ки мехӯрд заҳробро,
Ба заҳроб парвард Сӯҳробро.

Зиҳӣ, он ки дар чоҳ Бежан бизод,
Чу ашкаш зи мижа Манижа фитод.

Зиҳӣ, он ки дар оташистони Вахш
Сиёвахши нав зод бо сад дурахш.

Чу бугзашт з-ин оташи пуршитоб,
Бияндешам аз макри Афросиёб.

Зиҳӣ, он ки Сино бизояд зи дард,
Зи гарди мазораш ниёз аст мард.

Зиҳӣ, модарон – офаринандагон,
Паямбархудоён, Худобандагон.

Бидеҳ, соқӣ он ки зи гул ранг зад,
Ғами дигаре дар дилам чанг зад.
Зи кори ҳариман занам достон,
Ки тораш фиғон асту пудаш фиғон:

Яке фитна ангехт дар рӯзгор,
Бишуд ёр дар чашми мардум чу мор.

Басо Рустамо, к-андар он ҷодувӣ
Ба фарзанди худ кард он бадхувӣ.

Басе дахма низ омад аз он диёр,
Ки он ҷо ниёяш буд, ин ҷо нигор.

Муғаннӣ, маро нағмаат ошност,
Чи неку бигӯӣ, ки: «Моро зи мост»:

Дареғ, он шаҳидони кӯҳу камар,
Ватанро ба сар чун шикаста сипар.

Ҳазор офаринро сазоворҳо,
Ба нафрини ноҳақ гирифторҳо.

Зи хуншон басе боз аз ин обу гил
Бирӯяд ҳама лола бо доғи дил.

Бар ин лолазорон агар биғнавӣ
Ҳамон нолаи ошно бишнавӣ:

«Шаҳидони ҷанги Фарангем мо,
Ба хуни Ватан лоларангем мо».[3]

***
Муғаннӣ, найё каш, ки оҳе кашем!
Сӯйи кишвари ғам сипоҳе кашем.

Бару буми ғамро ба пай биспарем,
Чу шерон ҳама гӯри ғам бишкарем:

Зи дасти ғаму биму андӯҳу бок,
Забон баста дорему дилҳои чок.

Биё, соқӣ, он абри гавҳарнисор,
Ки аз хоки мо бардамонад баҳор.

Ба Наврӯзи нав тоза ойин кунем,
Зи нав Рахши фархундаро зин кунем,

Битозем бар пушти Албурзкӯҳ,
Дигарбора ҷӯем фарру шукӯҳ,[4]

Яке хусравӣ маҷлис оро кунем,
Чаманро чу авранги Доро кунем.

Чу ман Ҷоми Ҷамро бигирам ба даст
Бигӯям-т, Искандараш чун шикаст.

Сикандар даре бар Аҷам боз кард
В-аз он гоҳ тороҷ оғоз кард.

Сикандар сутудан аз он рӯзгор
Шуда дар Аҷам панди омӯзгор.

Касе з-ин раҳ омад ба боди бурут,
Аҷам з-ӯ паямбар тарошиду бут.

Бараҳман наям, бутпарастӣ кунам,
Биё соқӣ, фарёди ҳастӣ кунам.

Биё соқӣ, з-он озари чун зарам
Бубахшо фуруғи пури Озарам.

Яке харбут аст андар ин шорсон,
Ки инак шикастан расидаш замон.

Чу дил гурз кӯбад ба девори тан,
Зи ҷо барҷаҳад худгаре бутшикан.

Чу кӯшему дар ӯ шикаст оварем,
Калиди раҳоӣ ба даст оварем,

Ки бо фанди ӯ бастаи дигарем,
Риёбандагони варо чокарем.

Бути нафси аммораи мост ин,
Бади мову патёраи мост ин.

Бидех, соқӣ,он рушаноби нахуст,
Ки дар ӯ падид аст душман зи дӯст.

«Маро бо адӯ оқибат фурсат аст,
Ки аз осмон муждаи нусрат аст».[5]

Муғаннӣ, дигар нағмае соз кун,
Замину замонро пуровоз кун.

Ба овои тору ба гулбонги рӯд
Бигӯ ҷомбахшони моро дуруд.

Дуруде бар он пири донои Тӯс,
Ки хуршеду маҳ оядаш хокбӯс.

Ҷаҳонпаҳлавони ҷаҳони сухан,
Ҷаҳонхусрави ҷовидони сухан.

Ба сад обхези дигар Нӯҳи мост,
Ки «Шаҳнома» худ киштии рӯҳи мост .

Агар тоҷикеро пайи доварӣ,
Зи сӯрохи сӯзан бурун оварӣ,

Чу ришта шавад гар зи по то сараш,
Ҳамон «Шоҳнома» бувад дар бараш.

Яке тор ҳам монад аз он вуҷуд,
Бар он тор ёбӣ зи «Шаҳнома» пуд.

Муғаннӣ туро беш аз ин роҳ нест,
Ки ҷони ту з-ин парда огоҳ нест.

Бинеҳ, соқӣ, он обгина зи чанг,
Ки борикроҳест аз ҷавфи санг,

 Дуруде ба Сурхобу пероманаш,
Бар он кӯдакони бари доманаш,

Ки чун порсӣ гавҳар афшон кунанд,
Замину замонро зарафшон кунанд.

Дуруде бар он бурҷи Хуршеди ман,
Дуруде бар он Кохи уммеди ман.

Биё, соқӣ, з-ин роҳ берун равем
В-аз он нардбонаш ба гардун равем.

Бинеҳ ба кафам ҷоми Хайёмро,
Бупаймоям оғозу анҷомро.

Дуруде бар он ринди гардунсипар,
Ки пешаш бияфканд гардун сипар.

Муғаннӣ, зи ҷон баркаш овозро,
Дуруде бигӯ шери Шерозро.

Аз он пеш, к-ӯ рафт худ бар биҳишт,
Биҳиште бар ин хокдон бар бикишт.

Муғаннӣ, бикаш ҳиндуве дастпеш
В-аз ӯ бозбистон Бухорои хеш

 Дуруде ба Деҳливу Лоҳури пок,
Бар он Бедили пурдил, Иқболи ҷок.

Яке муслиму ибрати барҳаман,
Дигар барҳаманзодае бутшикан.

Чу шамшер берун кашад з-он наём,
Кулоҳи каёнӣ биёбад ғулом.

Чи шамшер – шамшери илми яқин,
Кулаҳ аз хирадмандиву рою дин.

***
Ало, соқӣ, то май дар ин ҷом ҳаст,
Навиди навойин саранҷом ҳаст.

Бубахшо, ки густох бирбудамаш;
Ниёзӣ зи сӯзи дарун будамаш.

Зи половани ҷон биполудамаш,
Ҷуз оташ ба чизе наёлудамаш.

Раво бод ин май бар он родмард,
Ки ҷонаш зи оташ бувад, дил зи дард.

Муғаннӣ, бигӯ: Довари додбахш,
Чу риндон маро ройи озод бахш.

Бар ин хоксорон ғуруре бидеҳ,
Ба бечорагон дасти зӯре бидеҳ.

Бидеҳ бар ҷавонон нигоҳи баланд
Ки бар чарх ёзанд хамми каманд.

Бидеҳ чашми берун дарундидаро,
Дарундида бикшо бурундидаро.

Ба ҳар ки дилаш ҳар чиро хост, деҳ,
Маро худ забону дили рост беҳ.

Ки аз ростӣ чун раҳойӣ бувад,
Маро ростӣ подшоӣ бувад.

1988



[1] Қаҳрамони «Шоҳнома».
[2] Дӯш дидам, ки малоик дари майхона заданд, Гили Одам бисириштанду ба паймона заданд.
                                                                                                                             (Ҳофиз)
[3] Аз шоири афғонӣ.
[4]Муддате кишвар ошуфта буд, то Рустам Қубодро аз пушти Албурзкӯҳ овард.
[5] Байт аз Хоҷа Ҳофиз аст.