пятница, 21 июня 2013 г.

ШАҲРИ ХУРШЕД

 ШАҲРИ ХУРШЕД

 Фикри рангинам кунад назри тиҳидастони Шарқ
  Пораи лаъле, ки дорам аз Бадахшони шумо.
қбол)

Шаҳри Хуршед[1] ҳамон рамзи Хуросони шумост,
Ҷоми Ҷам навбате аз гардиши ирфони шумост.

Ҳаст дар хотами айём хутути дигаре,
Хизри Наврӯз ба тадбир Сулаймони шумост.

Хатти рӯшан зи лаби сурхи шафақ меҷӯшад,
Ин табассум асари толеъи даврони шумост.

Синаи софи шумо макмани Синои шумо,
Бӯи райҳони шумо худ Абурайҳони шумост.

Нарм печида ба дасторчаи меҳри азал:
Дили раҳмини шумо нусхаи Қуръони шумост.

Ҳеч  кас салтанати Ҷам зи шумо вонаситад:
Ишқу ирфони шумо ҳаст, ки Эрони шумост.

Санги кӯҳсори шумо хотами ҳикмат дорад,
Лахш[2] то Вахш ҳама ҷилваи яздони шумост.

То набастед ба ҳам шаҳпари парвози хирад,
Кунҷи Юмгони шумо соҳати Юнони шумост.

Эй ки аз нури шумо чашми маро биноист,
Ҷигарам порае аз лаъли Бадахшони шумост.

Чун барам қатра бар он қавм, ки Кавсар дорад,
Чӣ кунад ҳарфи маро он ки Паямбар дорад.

***
Эй азизон, зи сари ғуссаи ҷон бархезед,
Ба яқин аз паси зонуи гумон бархезед.

Эй шумо ховариён, ҳурмати Шамсулҳақро
Ба закову хиради Бохтарон бархезед.

Ҳамчу хуршед, ки аз шонаи кӯҳ бархезад,
Зи сари турбати поки падарон бархезед.

Дида буд аз паси пероршабон субҳи шумо
Он бифармуда ки аз «хоби гарон бархезед».

Сабзаи мазраъаи боғи биҳиштед шумо
Аз лагадкӯби ҳавои ҳаявон бархезед.

Ба шароре, ки бувад ақл камин партави ӯ,
Аз таҳи хору хаси суду зиён бархезед.

Дили афрӯхтаву гардани афрохта беҳ
Як пари шоҳин аз ин сад рамаи фохта беҳ.
             
***
Кист ғамхори Ватангар на ту бошиву на ман?
Чашми бедори Ватангар на ту бошиву на ман?

Кист то бигзарад аз пайкари худ, то бидамад
Ҷон ба пайкори Ватангар на ту бошиву на ман?

Порае масти ғаноянду дигар маҳви фано,
Кист ҳушёри Ватангар на ту бошиву на ман?

Кист, то санг агар нест, сари худ биниҳад
Пойи девори Ватангар на ту бошиву на ман?

Тан ба хорӣ кӣ диҳад, то наканад дасти адӯ
Гул зи гулзори Ватангар на ту бошиву на ман?

Манязидест,[3] ки бо қимати ҷон анҷомад,
Ку харидори Ватан гар на ту бошиву на ман?

Банди мафтули маҳалро кӣ ба дандон канад аз
Тани афгори Ватан гар на ту бошиву на ман?

Фарз кардем, ки тоҷик таҳаммул накунем,
Кист тотори Ватан – гар на ту бошиву на ман?

Доварон, ки ба сухан появу пуштанд туро,
Мекушандат ба гуноҳе, ки накуштанд туро?

***
Зи куҷо омадаму боз куҷо хоҳам рафт?
Зи Худо омадаам, сӯи Худо хоҳам рафт.[4]

Пок аз кинаву тазвиру риё омадаам,
Пок аз кинаву тазвиру риё хоҳам рафт.

Нест дар рафтани ман ҳеч нишоне зи адам,
Аз шумо чун биравам, сӯи шумо хоҳам рафт.

Нарму оҳиставу хомӯш бубинӣ саҳаре
Зи кафи дасти ту чун ранги ҳано хоҳам рафт.

Гарчи аз чарх ҳама санги ҷафо меборад,
Ба кафам шишаи номӯси вафо хоҳам рафт.

То шифои дили бемори ту хоҳам зи Худо,
Зи лаби гарми табат мисли дуъо хоҳам рафт.

Кӯҳи сангинаму бар зоҳири ман ғарра машав,
Ки зи як вожаи беҷой зи ҷо хоҳам рафт.

Сӯи ту боз чу Хуршеди саҳар меоям,
Гар ба по рафтам аз ин хок, ба сар меоям.

* * *
Гавҳари хотири ту ҳусни назар металабад,
Орзуи дили ту умри дигар металабад.

Хуш бирон эй дилу вопас манигар, баҳри худо!
По бар он ҷода ниҳодем ки сар металабад.

Ба ду-се қатраи ашке ки фишондастӣ маноз:
Ҳинди ин маърака ҳам лахти ҷигар металабад.

Рӯзгоре ки таҳи хирқа зираҳ мебанданд,
Аз ғазолони ҳарам зайғами нар металабад.

Гуфтамаш нақди дилу ҷон ба ватан додаму ҳеч
Хотираш шод нашуд, гуфт: ҳунар металабад.

Дурди талхи талаб он нӯши равони ману туст,
Нест аз ҷиргаи мо он ки шакар металабад.


Хирад афрӯз ки аз зарра сурайё талабем,
Дар дили қатра фурӯ рафтаву дарё талабем.
             
***
Ба ҳама пок, суро то ба сурайё, савганд,
Ба дурахши абади ҳикмати асмо савганд.

Ба нахустин қадами Ҳазрати Одам дар хок,
Ба суъуди фалаковези Масеҳо савганд.

«Гавҳаре к-аз садафи кавну макон берун аст»,[5]
Дар дили туст, ба он доғи сувайдо савганд.

Ба ҳамон мӯри заифе, ки ба ваҳйи азалӣ,
Меканад лонаи худ дар тани хоро, савганд.

Ба ҳамон мушти паре, ки наҳаросад зи наҳанг,
Мекашад рӯзии худ аз дили дарё, савганд.

Ба шаҳомоти шаҳе, к-аз сари ҳиммат фармуд
Манам он бораву девори Бухоро, савганд,

Ки калиди дари бахти ту ҷуз ангушти ту нест,
Ҳунаре нест, ки дар бозуву дар мушти ту нест.



***

Ту ҳамонӣ, ки баҳои ту баҳор асту биҳишт,
На абулҳавл зи сангу на абарбурҷ зи хишт.

Омадӣ, то ҳама ҷо зишт наку гардонӣ
На паи он, ки накуро бикунӣ зишт, палишт.

Ихтиёри ману ту бар сари як ҳарф ниҳод,
Метавон «кушт» бихонем, вале кардам «кишт».

Марҳабо, зиннати Фирдавс, ки нозид Худой
Ба фаришта, чу гилатро ба хирад пок сиришт.

Кеҳтаронанд туро ҷумла ҷаҳон, меҳтар ту,
То ба Хуршеду ба Маҳшед туро кард маҳишт.[6]

Тӯшаву нӯшаи ман аз ду ҷаҳон меҳри ту бод,
То нависанда ба лавҳи азал ин ҳукм навишт.

Ту ҳамонӣ, ки ҷаҳон баҳри ту оростаанд,
Аз ҷаҳон в-аз ту ҳам он асли туро хостаанд.

***
Бидеҳ он қадр амон, тирашаби аҳраманӣ,
То ман аз сӯфи саҳар таъбия созам кафане.

Ҳанзало,[7] чанд ба хамёзаи тӯҳмат бидарӣ,
Дур аз чашми каҷат сархушам аз настаране.

Бин, чи мондаст зи ҳангомаи хомӯши хазон :
«Сухане аз даҳане? Ё сумане аз чамане?».

Каҷхиёлист, ки моро ба чунин рӯз нишонд,
Варна кай каждумаке кард ба мо каждаҳанӣ.

Дили ман бар сари паймони абад меларзад,
Эй ки уммеди ману гавҳари имони манӣ.

Ёд дорӣ, ба ту он ёри дилозор чи гуфт,
То ки аз роҳи ҳавас тӯри вафояш натанӣ:

Мо ки аз як нафаси бо ту будан ранҷурем,
Бар ту аҳсант, ки якумр ту бо хештанӣ!

Хешро бош, ки чун ту на касеро на марост,
Ба худ о, ки ба худӣ мерасад онро ки худост.
                       
***
Ин ҳама валвалаву шӯру дағо мегузарад,
Гармии мазҳакаи шоҳу гадо мегузарад.

Адаб аст он чи ба ганҷури абад мемонад
Носазо – гарчи чу теғ  аз дили мо мегузарад.

Ин ҳама мегузарад, лек дареғо ки ба умр,
Чист бе пораи умр аз бари мо мегузарад?

Чист ин ганҷи гаронро нарубояд аз мо?
Кист он дузд ки аз райбу рубо мегузарад?

Бас ҷафо ҳаст вале то ғами ту дар дили мост,
Боз мемонад ин нобу ҷуфо[8] мегузарад.

Ман барои ту ҷаҳон аз ду ҷаҳон мегузарам,
Гар на дар ҷони манӣ, аз сари ҷон мегузарам.

***
Хуррам он лаҳза, ки чашми хирадат боз шавад,
Мижаи ашкфишорат пари парвоз шавад.

Машъале сар занад аз санги дили навмедат,
Фарди анҷоми туро матлаъи оғоз шавад.

Ҳама ҳазёни ту дар оташи ғайрат сӯзад,
В-он хунук нози хироми ту ҷунунтоз шавад.

Асаре буд агар тарбияти ҳодисаро
Ҷои он буд, ки хаффоши ту шаҳбоз шавад.

Оташи Тур бибояд, на тафу тови танур,
На ки хаббоз[9] ҳама Ҳофизи Шероз шавад.

Мон бибанданд ба рӯят ҳама дарҳои ҷаҳон,
Як даре ҳаст, ки бо дасти дигар боз шавад.

Офтобе, ки фурӯ рафт ба дарёи абад,
Субҳи мавъуди дигар шаъшаъапардоз шавад.

Лолаҳое, ки сар аз хоки шаҳидон задаанд,
Ба сари марг чи зебо гули имон задаанд.
                       
***
Соқиё, саҳми маро бодаи ҳушёр бидеҳ,
Мояи офият аз ҷаҳли ҷигархор бидеҳ.

Дил ба ёр оинасон, даст ба кор обиласой,
Шони ин хилватиён сатвати аҳрор бидеҳ.

То бинозем ба ҳамрангии чашмони шафақ,
Шаб дароз аст, маро дидаи бедор бидеҳ.

Гарчи имрӯз ба сад лаҳҷа сухан мегӯям,
Андар он Рӯз маро қуввати гуфтор бидеҳ.

Ғайри хуни дили ман ранги шиори ту мабод,
Ба шамими суханам нашъаи Аттор бидеҳ.[10]

Беҳ зи шоҳист гадоии каҳ аз Дӯст, вале
Кӯҳро лоиқи Фарҳод ба исор бидеҳ.[11]

Бошад аз таънаи ин мардуми чашмон бираҳам,
Ҳаққи Додор, маро ваъдаи дидор бидеҳ.

Шаҳри Хуршеди туро нури худо озин бод.
Субҳи иқболи туро хуни дилам кобин бод.

2006






[1] Шаҳри Хуршед – унвони урупоии «Мадинаи фозила» (Хирадшаҳр), ва дар истилоҳи «Ҳафт иқлим» хуршед ба Хуросон ихтисос меёбад.

[2] Номи яке аз маҳалҳои Тоҷикистон ва номи фариштагони боварҳои бостонӣ, ба ин ном ҳамчунин дарёи муқаддасе дар Ҳинд ҳаст.

[3] Манязид – Савдои «кӣ зиёд», музояда, ауксион.
[4] Мо баростӣ аз они Худоем ва ба сӯи Ӯ бозгарданда.
(Қуръони карим)
[5] Аз Хоҷа Ҳофиз.
[6] Маҳишт – меҳтар, бузургтар.
[7] Ҳанзал – кабаст, харбузаи Абӯҷаҳл.
[8] Ҷуфо (ѓайри «ҷафо») – ѓиллу ѓаш ва хасу хошоки рӯи об ва ҳар зулоли дигаре.

[9] Хаббоз - нонво
[10] Ишора ба фахрияи Шайх Аттор, ки бо нозиш ба сидқу ихлоси худ сурудааст: «Маро з-ин шоирӣ худ ор н-ояд, Ки дар сад қарн як Атторн-ояд».
[11] Бар тибқи ривоят Парвиз дар мусобиқа бо Фарҳод тарҳи ҷӯе бо коҳ дуруст кард, ки дар рӯшноии моҳтоб аз дур ба назар оби равон мерасид.